Умаралӣ Қувватов. Акс аз бойгонӣ

ВАО: ба қотилони Умаралӣ Қувватов ҳабси абад таҳдид мекунад

7
(Таҷдидшуда 11:03 03.08.2015)
Додгоҳи олии Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро тирамоҳи соли 2014 мамнӯъ эълон кард ва аз он вақт то ҳоло чандин нафарро бо иттиҳоми ҳамкориву узвият бо ин созмон боздошт карда, ба маҳкама кашиданд.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Муфаттиши парвандаи қатли раҳбари "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов, барои гумонбари ҳодиса- Сулаймон Қаюмов ҳабси абад талаб кардааст, менависад хабаргузории "Озодагон" бо истинод ба расонаҳои чопи Туркия.

Ҳамзамон, айбдоркунандаи давлатӣ барои панҷ муттаҳаме, ки ба қатли Қувватов рабт доштаанд, аз 1,5 то 5 соли зиндонро раво дидан мехоҳад.

Сокини 30-солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Сулаймон Қаюмовро бо иттиҳоми даст доштан дар қатли роҳбари ташкилоти фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшуда- "Гурӯҳи 24" гумонбар медонанд.

Ба иттилоъи расонаҳо, Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони "Гурӯҳи 24" рӯзи 5 март дар шаҳри Истамбул аз тири ҳамлагаре ба қатл расид. Ин ҳодиса дар ҳузури ҳамсар ва ду писари Қувватов рӯй дод. Шоҳидон мегӯянд, ки шаби кушта шудани Қувватов худи ӯ ва аъзои хонаводааш дар меҳмонии Сулаймон Қаюмов дар Истамбул буданд ва баъди истеъмоли ғизо эҳсос карданд, ки заҳролуд шудаанд. Онҳо ба берун баромада хостанд ба хонаи худ баргарданд, вале қотил дар хиёбон ба Қувватов наздик шуда, ба ноҳияи сари ӯ тир кушод.

Дар ҳамин ҳол, нашрияҳои Туркия аз Сулаймон Қаюмов ба ҳайси қотил ном набурда, танҳо ба нақши ӯ дар ҳалокати Умаралӣ Қувватов ишора менамоянд.

Аъзои хонавода ва ҷонибдорони Қувватов ин кушторро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, раҳбари "Гурӯҳи 24"  барои фаъолиятҳои сиёсиаш ба қатл расид.

Додгоҳи олии Тоҷикистон «Гурӯҳи 24»-ро тирамоҳи соли 2014 мамнӯъ эълон кард ва аз он вақт то ҳоло чандин нафарро бо иттиҳоми ҳамкориву узвият бо ин созмон боздошт карда, ба маҳкама кашиданд.

7
Барчаспҳо:
талаби ҳукми ҳабси абад ба гумонбари қатл, баррасии парвандаи Қувватов, ба сари ӯ паррониданд, куштори Қувватов дар Туркия, қатли роҳбари Гурӯҳи 24, Додгоҳи Туркия, "Гурӯҳи 24", Сулаймон Қаюмов, Умаралӣ Қувватов, Истанбул, Восеъ, Туркия, Хатлон, Душанбе
Мавзуъ
Дар Туркия се гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов боздошт шуданд
Боздошти Умаралӣ Қувватов дар Истамбул