ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тибқи иттилоъи муаддамотии таҳқиқот сокини 18 солаи Тоҷикистон, ки ҷасадаш 31 июл дар вилояти Маскав пайдо шуд, аз тариқи ба дор овехтанаш худкушӣ кардааст, хабар медиҳад маркази матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар ФР.
Чунин натоиҷро раҳбари бахши таҳқиқотии ноҳияи Волоколамск Николай Берестянский изҳор дошт.
Вай ҳамчунин зикр дошт, ки натоиҷи таҳқиқи ниҳоӣ баъд аз анҷоми умури зарурии бозрасӣ эълом хоҳад шуд.
Ҷасади Абдулло Дӯстови 18-сола рӯзи ҷумъаи гузашта дар қаламрави шаҳраки Таболовои ноҳияи Волоколамски ФР пайдо шуд, ки дар он ҷо марҳум дар ширкати "Авангард" чӯпонӣ мекард.
Ба гуфтаи бародари фавтида Аҳмад Дӯстов ҷасади бародарашро бо дастони баста ва овезон дар дарахт бо нишонаҳои маъмулӣ дар маҳалли гардан пайдо кардаанд.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон шаби гузашта дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро* пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.
Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст.
Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд.
Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.
“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.
“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натича зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1946 Комиссияи СММ оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории мутақобиланд судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия муҳокима карда шуданд.Соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
Соли 2008 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 қабул гардид.
Соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.
Соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми "Иттиҳод-2014" миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ 2:2 ба анҷом расид.
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 2017 дар Сафорати Япония дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба имзо расид.