Феҳраст. Акс аз бойгонӣ

Дар ИДМ феҳрасти воҳиди чеҳраҳои ҷиноиро таҳия мекунанд

3
(Таҷдидшуда 15:55 05.08.2015)
Ниҳодҳои амниятии кишварҳои ИДМ феҳрасти асомии раҳбарони созмонҳои ҷиноиро таҳия мекунанд, ки ба он таъсисгарон ва ширкаткунандагони фаъоли созмонҳои ҷиноии байналмиллалӣ шомил мешаванд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Феълан ба таҳияи феҳрасти вижаи ҳуввияти раҳбарони созмонҳои ҷиноӣ Дафтари ҳамоҳангсоз барои муқобала бо ҷиноёти созмонёфтаи ИДМ (ДҲБМҶС) машғул мебошад, омадааст дар сомонаи Мудирияти ИДМ.

Ин феҳраст аз иттилоъи марбут ба таъсисгарон ва аъзои фаъоли созмони ҷиноии байналмиллалӣ иборат хоҳад буд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки 12 август дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон барои ҳамоҳанг кардани тарҳи Тасмим барои ворид сохтани тағйирот ва иловаҳо ба Ойинномаи Дафтар баругзор мешавад.

ДҲБМҶС ниҳоди доимо амалкунандаест, ки таъмини ҳамгройии судманди вазоратхонаҳои умури дохилӣ ва ниҳодҳои давлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар муқобала бо ҷароими созмонёфта, терроризм, қочоқи маводди мухаддир ва ҷароими дигарро ҳадаф дорад.

Дафтар аз ҷумла дар омода кардан ва баргузории амалиёти иктишофӣ, пайгарди қонунии байниҳукуматӣ ва интиқолоти афроде, ки аз иҷрои ҷазо ва муҳокима фирор мекунанд, мусоъидат мекунад. Тибқи дархост ва ё довталабона ба вазоратхонаҳои корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ иттилоъи дар ихтиёр доштаро ироъа мекунад.

3
Барчаспҳо:
таҳияи феҳрасти чеҳраҳои ҷиноӣ, ДҲБМҶС, ИДМ, ИДМ
Мавзуъ
Аваков: Украина низоми ҷустуҷӯии ИДМ-ро тарк мекунад
Эмомалӣ Раҳмон бо амниятиҳои ИДМ сӯҳбат дошт
Раҳмон: кишварҳои ИДМ бояд зидди таҳдидҳои нав муборизаи беамон кунанд