Чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 дар тамринҳои низомӣ. Акс аз бойгонӣ

Тирандозони пойгоҳи 201 дар кӯҳистон гурӯҳи ҷиноиро "маҳв" карданд

7
(Таҷдидшуда 15:59 07.08.2015)
Ҷузъу томҳои пойгоҳи 201 вазорати дифоъи Русия дар Тоҷикистон навҳаи омӯзиширо тақвият дода тамринҳои худро дар манотиқи кӯҳистонии наздик ба шароити ҷангӣ анҷом медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Гурӯҳҳои тирандози пойгоҳи низомии Русия амали маҳви ҷангҷӯён дар назди қаторкӯҳи Ҳисорро анҷом дода ва дар ин амр ба онҳо чанд адад чархболҳои низомӣ мусоъидат кардаанд, хабар медиҳад рӯзи ҷумъа сомонаи Ҳавзаи ҷанубии низомӣ.

"Низомиёни ҷузъҳои тирандози савора, танкӣ, мушакандозу норинҷакандоз навҳаи ҷустуҷӯ, муҳосира ва маҳви "душман", зарбаҳои ҳавоӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҷадиди фаннии ошкорсозӣ ва интиқоли чатрбозон барои ҷилавгирии гурӯҳҳои ақибнишин дар шароити кӯҳистониро тамрин карданд", — омадааст дар хабар.

Дар ин тамрин беш аз 600 нафар сарбозон ва афсарон ширкат ва аз беш аз 100 адад васоили фаннии низомӣ истифода карданд.

7
Барчаспҳо:
таълими афсарону аскарон, тамрин дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, тамриноти зиддитеррористӣ, пойгоҳи 201, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
ВАО: се сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар дарёи Вахш ғарқ шуданд
Сафири Русия Пойгоҳи 201-ро кафили воқеии суботи Тоҷикистон номид
Теъдоди сарбозони пойгоҳи 201 ба 9000 нафар хоҳад расид
Афсарони пойгоҳи 201 барои Тоҷикистон танкистҳоро омӯзиш медиҳанд
Сарбозони пойгоҳи 201-ро, ки гумонбари кушторанд, ба Душанбе оварданд
Низомиёни ИМА дар ҳавопаймо, акс аз бойгонӣ

Чаро нерӯҳои ИМА дар Шимол мақар гирифта истодаанд?

213
(Таҷдидшуда 18:48 25.01.2021)
Вазифаи нерӯҳои хушкигарду дарёии ИМА омӯхтани тарзи амалиёти ҷангӣ дар шароити вазнини Арктика якҷоя бо низомини Норвегия мебоошад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Николай Протопопов. Артиши ИМА ҷойгоҳи худро дар Норвегия, дар наздикии марзи Русия тақвият дода истодааст. Дар моҳи январ тақрибан ҳазор нафар ҷангиёни пиёдагарди баҳрӣ дар ин ҷо мақар гирифтанд. Дар айни замон, сиёсатмадорон ва генералҳои амрикоӣ дар бораи афзоиши шиддат дар Арктика мегӯянд, ки ба гуфтаи коршиносон, худи онҳо эҷод мекунанд.  Пентагон Норвегияро барои чӣ омода мекунад - дар маводи РИА Новости хонед.

Дар меҳмонии викингҳо

Ҷангиёни дарёӣ дар доираи ба истилоҳ ҷойивазкунӣ аз Каролинаи Шимолӣ ба Норвегия кӯчонда шуданд.  Амрикоиҳо чанд сол аст, ки ба ин найранг рӯ меоранд - баъзе қисмҳои низомиро қисмҳои дигар иваз мекунанд ва контингенти низомии ИМА амалан дар кишвар ҳамеша ҳузур дорад.

Вазифаи нерӯҳои дарёӣ омӯхтани тарзи амалиёти ҷангӣ дар шароити вазнини Арктика бо роҳбарии мураббиёни Норвегия ва ҳамкории зич бо ҳамкорон аз НАТО мебошад. Дар моҳи феврал амрикоиҳо, норвегҳо, инчунин ҳолландҳо ва бритониёиҳо – ҳудуди тақрибан даҳ ҳазор ҷанговар - дар размоиши васеъмиқёси муштараки Joint Viking 2021 ширкат меварзанд.

Аъзои НАТО ҳаракати сареъи нерӯҳо ба масофаҳои дарозро тамрин хоҳанд кард, усулҳои мубодилаи иттилоотро дар ҳама сатҳҳо азхуд намуда, якчанд амалиёти муштарак анҷом медиҳанд.

Машқҳои Joint Viking ҳамасола баргузор мешаванд. Қӯшунҳо - мошинҳои зиреҳпӯш, артиллерия, ҳавопаймоҳо, киштиҳо ва киштиҳои зериобӣ - амалиётҳои шадиди ҷангиро дар масоҳати чандсад километри мураббаъ, асосан дар минтақаҳои ҷангал ва кӯҳистон тарҳрезию тамрин мекунанд.

Коршиноси ҳарбӣ, Александр Жилин дар мусоҳиба бо РИА Новости қайд кард, ки мувофиқи доктринаи ҳарбии ИМА, артиши онҳо ҷангро асосан дар хориҷа меомӯзад.

"Аз ин рӯ, сиёсати давлат тавре сохта шудааст, ки низомиёни амрикоӣ ба таври доимӣ дар кишварҳои дигар пайдо мешаванд, то амалиётҳои ҳарбӣ, иктишофӣ, парвозҳои фурудгоҳҳо, убур аз роҳҳои баҳриро тамрин мекунанд. Диққати махсус ба амалиёти муштарак дода мешавад, чун амрикоиҳо одат кардаанд, ки бо дасти бегонаҳо ҷанг кунанд", - шарҳ медиҳад ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, Пентагон вазъро ба таври сунъӣ шадидтар мекунад, зеро ИМА ва НАТО якравона аз даъвоҳои худ ба Арктика даст намекашанд.

"Машқҳои нерӯҳои дарёӣ на ҳимоявӣ, балки ҳамлаӣ хоҳанд буд. Онҳо инчунин амалҳои зидди Русияро таҳия хоҳанд кард. Агар ҳаракатҳои НАТО-ро дар Аврупо дар маҷмӯъ таҳлил кунем, маълум аст, ки онҳо талоши эҷоди минтақаҳои ташаннуҷ барои Маскавро доранд. Артиши мо наметавонад, аз ҷумла, он чизеро, ки дар Норвегия рух медиҳад, бе вокуниш гузорад.  Воҳима вуҷуд надорад, аммо қувваҳо ва воситаҳо ба размоишҳо таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Мо бояд вазъро комилан назорат кунем, нагузорем, ки иғвоҳо сурат бигиранд", - изҳор дошт Жилин.

Пойгоҳи шимолӣ

Артем Куреев, коршиноси бошгоҳи таҳлилии “Валдай” қайд мекунад, ки амрикоиҳо дар Аляска инфрасохтори низомии худро доранд, то тактикаи ҷанг дар Арктикаро машқ кунанд, аммо онҳо ба ҳар ҳол авло медонанд, ки дар Норвегия тамрин кунанд.

"Онҳо ба ин ҳамчун пешсафони НАТО ниёз доранд. Норвегия қадимтарин узви паймон аст. Осло Русияро душмани эҳтимолӣ мешуморад. Ҳанӯз дар ҷанги сард норвегҳо инфрасохторро барои муқовимат бо Иттиҳоди Шӯравӣ дар Арктика эҷод карданд ва нигоҳ доштанд. Ин ҳоло ҳам идома дорад. Дар сурати шиддати вазъ, Норвегияи Шимолӣ фавран ба пойгоҳи асосии НАТО дар роҳ ба Мурмански Русия табдил хоҳад ёфт",- таъкид мекунад Куреев.

Хоҳиши Вашингтон барои пайдо кардани мавқеъ дар Арктика ва дигар кишварҳоро аз он ҷо танг кардан, аз стратегияи нави арктикии Флоти баҳрӣ ва Қувваҳои хушкигарди дарёии ин кишвар шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, дар он гуфта мешавад, ки "бидуни ҳузури баҳрии Амрико дар минтақаи Арктика, Русия ва Чин бештар ба сулҳ ва шукуфоӣ таҳдид мекунанд".  Тавре вазири нерӯҳои баҳрии ИМА Кеннет Брайтвайт қайд кард, Пентагон нақша дорад, ки киштиҳои ҷангӣ ва киштиҳои зериобиро доимо дар Арктика нигоҳ дорад, то минтақаи обии наздикии соҳилҳои Русияро посбонӣ кунад ва "ҳамлаи Маскав дар Шимоли Дур" -ро пешгирӣ намояд. Гузашта аз ин, нерӯҳои пуриқтидори заминӣ низ дар Арктика мутамарказ хоҳанд шуд.

Дар ҳама ҷабҳаҳо

Бояд қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида аллакай дар шимол ҷойи пойи ҷиддӣ ёфтааст ва Норвегия дар ин кор тақрибан нақши асоситарин мебозад.

Ҳамин тавр, дар моҳи сентябр хабар дода шуд, ки киштии зериобии ҳастаии гуруҳи Seawolf ба бандари Тромси Норвегия омадааст, ки вазифаи асосии он пайгирии хатсайрҳои киштиҳои зериобии Русия мебошад. Қаблан Иёлоти Муттаҳида "барои боздории Русия дар шимол" Флоти дуюмро барқарор кард, ки масъули Атлантика, як қисми Уқёнуси Ором, Уқёнуси Шимолӣ мебошад. Ин қисми флот барои сарфаи маблағҳои буҷа дар соли 2011 лағв шуда буд.

Акси садои дигари Ҷанги Сард пойгоҳи баҳрии зеризаминии Олавсверн дар Норвегия мебошад, ки ҳамагӣ 350 километр дуртар аз марзи Русия ҷойгир аст.

Дар як бункери азиме, ки дар солҳои 1960-ум сохта шуда, бо қабати 300-метраи сангу хок муҳофизат шудааст, киштиҳои зериобӣ ва киштиҳои НАТО ҷойгир буданд, бандарҳои таъмирӣ фаъолият мекарданд ва лавозимоти ҷангӣ захира мешуданд. Дар ҳар лаҳза, флоти эътилофи ғарбӣ метавонист роҳи дарёии киштиҳои шӯравиро ба баҳри Норвегия ва Атлантикаи Шимолӣ бандад. Дар охири солҳои 2000-ум, пойгоҳ ҳамчун иншооти дигар нолозим баста шуд, аммо ҳоло қасд доранд онро дубора фаъол кунанд.

Пентагон инчунин тақвияти нерӯҳои ҳавоӣ дар Арктикаро ҷиддӣ гирифт. Ҳамин тавр, дар соли гузашта машқҳои бузургмиқёси нерӯҳои ҳавоии Амрико ва Норвегия баргузор шуданд. Якбора шаш ҳавопаймои бомбаандози стратегии B-52 Stratofortress аз болои Қутби Шимол парвоз карданд ва якҷоя бо ҳавопаймоҳои ҷангандаи нерӯҳои ҳавоии Норвегия парвозҳои омӯзишӣ анҷом доданд. Чанде пеш маълум шуд, ки Пентагон дар моҳи феврал аз Техас ба пойгоҳи ҳавоии Эрланд чаҳор ҳавопаймои "стратегӣ"-и  B-1BLancer -и фаросавтиро интиқол медиҳад.

213
Барчаспҳо:
низомӣ, ИМА, Норвегия
Пограничники на Таджикско-афганской границе

Афзоиши тадбирҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзҳои муштарак бо Афғонистон

302
(Таҷдидшуда 16:23 25.01.2021)
Нерӯҳои марзии Чину Тоҷикистон дар шимолу шарқи Афғонистон дар паи нигаронӣ аз ҳузури ҷангҷуёни хориҷӣ, тадбирҳои амниятиро пурзӯр карданд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Посгоҳҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзи вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон афзоиш ёфта аст ва 400 нерӯи марзии афғон низ маъмурияти ҳифзи амнияти ин манотиқро ӯҳдадор ҳастанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз телевизиюни Ориёнои Афғонистон.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳол нерӯҳои марзии Афғонистон бо камбуди таҷҳизоти ин кишвар дасту панҷа нарм мекунанд.

Усома Вардуҷӣ, яке аз нерӯҳои марзӣ дар вилояти Бадахшон мегӯяд: “Вақте сарбозони чину тоҷикистониро бо таҷҳизоти бисёр мебинем ва муқоиса мекунем комилан маъюс ме‌шавем”.

Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз ин давлати Чин хостори ташкили нерӯи муштарак барои барқарории амният дар марзҳои Афғонистон шуда буд, аммо бо мухолифати Амрико ин иқдом ба саранҷом нарасид.

Гуфта шудааст, ки кишварҳои Чин, Тоҷикистон ва Афғонистон ситоди муштараки муташаккил аз 150 нерӯро бо ҳимояти молии давлати Пекин дар марз доранд, ки вазифааш мудирият ва коҳиши таҳдидҳои марзӣ аст.

Вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон даҳҳо километр марзи муштарак бо вилояти мусулмоннишини Уйғуристони Чин дорад, ки гурӯҳи исломгарои  Туркистони шарқӣ дар он фаъол ҳастанд  ва садҳо нафар аз онҷо ба гуруҳи террористии ДИИШ (маманӯъ дар Тоҷикистон) дар Ироқу Сурия пайвастаанд.

302
Барчаспҳо:
марз, пурзур, ҷангҷӯён, амният, Афғонистон, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ хотима дод

0
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи “вируси корона” 80% - и муҳоҷирини ммеҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

“Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро бо кори доимӣ таъмин кунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2% зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

0