Ба 26 соли ҳукми Зайд Саидов 3 сол илова шуд. Бо мусодираи амвол

© SputnikСаҳифаи Зайд Саидов дар Facebook
Саҳифаи Зайд Саидов дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайд Саидов 19 моҳи майи соли 2013 боздошт ва 25 декабри ҳамон сол ба иттиҳоми тамаъҷӯйӣ, сӯйистифода аз мақоми хидматӣ ва бисёрзанӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Сиёсатмадор ва тоҷири шинохтаи тоҷик Зайд Саидов боз ба се соли зиндон маҳкум шуд ва дар гузашта вай барои 26 сол равонаи зиндон шуда буд ва ҳамакнун куллияи дороиҳояш мусодира мешавад, менависад хабаргузории "Озодагон" бо истинод ба манобеъи худ.

Додгоҳи олӣ рӯзи сешанбе ҳамчунин Саидовро ба пардохти 34 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кард.

Дархости Зайд Саидов рад шуд. Судя гуфтааст, ҷой танг аст

Тибқи парвандаи дуввум Саидов дар иртикоби таҳияи асноди ҷаълӣ, сӯйистифода аз мақоми хидматӣ, захудкунии маболиғи давлатӣ ва фирор аз пардохти андозҳо муттаҳам шудааст.

Таҳияи асноди ҷаълӣ зимни эҳдоси маҷмаъаи "Душанбе-Плаза" ва хусусисозии ғайриқонунии ширкати "Тоҷикатлас" ба ҳангоми вазири саноеъ будани Зайд Саидов иттиҳомоти калидии ин парванда арзёбӣ мешаванд.

Саидови 55 сола, тоҷир, вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон, сиёсатмадор, 19 моҳи майи соли 2013 зимни бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда буд.

25 декабри ҳамон сол ба иттиҳоми тамаъҷӯйӣ, сӯйистифода аз мақоми хидматӣ ва бисёрзанӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0