Дабири кулли СПАД барои кӯмак ба ҳимоят аз марзҳои Тоҷикистон меояд

© Sputnik Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа. Акс аз бойгонӣ
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Николай Бордюжа дар ҳоле ба Тоҷикистон меояд, ки Душанбе дар моҳи сентябри соли ҷорӣ мизбони нишасти сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Сафари чоруми Николай Бордюжа — дабири кулли Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) ба Тоҷикистон баъд аз дидораш бо мақомҳои Қирғизистон сурат мегирад, хабар медиҳад сомонаи вазорати хориҷа.

Нишасти навбатии ША СПАД дар Душанбе баргузор мегардад

Ин вазорат менависад, Бордюжа 17 август вориди Душанбе шуда, тӯли ду рӯз дар кишвар хоҳад монд. Ҷузъиёти дигари ин сафари дабири кулли СПАД  рӯшан нест, аммо баъзе аз расонаҳои русӣ навиштаанд, ки ӯ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо раисиҷумур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, мавзӯи ёрии низомӣ ба марзбонҳои тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз ҳузури садҳо ҷангӣ дар он сӯи Омӯ нигаронӣ карда буданд ва Бордюжа низ моҳи июни соли ҷорӣ дар суҳбаташ бо хабарнигорон гуфт, нерӯҳои кишварҳои узви СПАД омодаанд Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз ҳамлаи ҷанҷгҷӯён бо рахна аз марзи Афғонистон дифоъ кунанд.

Николай Бордюжа гуфт, рахнаи ҷангҷӯён ба "минтақаи масъулияти СПАД метавонад ба нооромиҳо дар ҳамаи Осиёи Марказӣ ва Русия сабаб гардад ва дар ин робита ба пешгирӣ аз равандҳои манфӣ талош карда мешавад.

Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа - Sputnik Тоҷикистон
Бордюжа: СПАД ба ҳар гуна таҳдидҳо посухи муносиб дар ихтиёр дорад

Ин бори аввал нест, ки ҳарбиёни баландпояи Русия аз зарурат ва омодагии ҳифзи Тоҷикистон ҳарф мезананд. Имсол панҷ ҷаласаи масъулони СПАД дар Тоҷикистон ва минтақа баргузор шуданд. Размоиши нерӯҳои вокуниши сареи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ рӯзи 19 май дар машқгоҳи "Ҳарбмайдон"-и ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Дар он беш аз 2 ҳазору 500 низомӣ аз кишварҳои узви ин паймон иштирок карданд.

Худи Николай Бордюжа, дар ин муддат се дафъа ба Тоҷикистон сафар кард. Агар аз як сӯ ин сафарҳо ба раёсати даврии Тоҷикистон дар СПАД сар аз моҳи декабри соли гузашта бастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар ба масъалаи таъмини амнияти Тоҷикистон дар пасманзари муташанниҷ шудани вазъ дар шимоли Афғонистон рабт дорад.

Дар Душанбе натоиҷи тамриноти низомии СПАД баррасӣ мешаванд

Аммо Тоҷикистон, ки мегӯяд, тавони ҳифзи марз бо Афғонистонро дорад, аз СПАД ва Русия иҷрои ваъдаҳои кумаки фаннӣ ва молии таҳкими марзро интизор аст. То ҳоло дар ин бора хабар ё арқому адади мушаххасе расонаӣ нашудааст. Тоҷикистон дар як саф бо Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон аз кишварҳои узви СПАД мебошанд, ки дар соли 1992 таъсис ёфтааст.

Ҳоло сафари чоруми Николай Бордюжа ба Тоҷикистон дар ҳоел сурат мегирад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ баргузор хоҳад шуд. Ин нишаст рӯзҳои 14-15 сентябр дар Душанбе баргузор ва дар кори он раисиҷумҳурони Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Уфа гуфта буд, ки моҳи сентябр ба Душанбе меравад ва дар нишасти СПАД иштирок мекунад.

Лентаи хабарҳо
0