“Киев марҳилаи ҷадиду тунди амалиёт дар Донбассро таҳия мекунад”

© Sputnik / Дэн Леви / Гузариш ба медиабонкВазъ дар шаҳраки Логвиново дар Донбасс. Акс аз бойгонӣ
Вазъ дар шаҳраки Логвиново дар Донбасс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Низомиёни украинӣ дар сададанд дар амалиёт алайҳи ҷудоихоҳони Донетск ва Луганск аз низомиёне истифода кунанд, ки дар замони иҷрои тавофуқоти Минск таҳия шудаанд.

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Киев марҳилаи ҷадиду тунди амалиёт дар Донбассро таҳия мекунад ва қасд дорад онро то моҳи октябри соли ҷорӣ анҷом бидиҳад, менависад РИА Новости бо истинод ба муовини фармондеҳи ситоди нерӯҳои Милитсияи мардумии ҶМЛ Игор Яшенко.

"Киев марҳилаи ҷадиду тундеро таҳия карда қасд дорад онро то моҳи октябр анҷом бидиҳад, зеро низомиёни украинӣ дар шароити лойини тирамоҳиро ҳамчунон наомӯхтаанд", — таъкид кард Яшенко.

Ба гуфтаи вай, низомиёни украинӣ ба муҳорибаҳо ҷузъу томҳоеро ъзом хоҳанд кард, ки дар замони иҷрои тавофуқоти Минск таҳия шудаанд ва барои ҷудоихоҳон мушкилоти фаровоне метавонанд эҷод кунанд.

Вазъ дар Донбасс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ШАМД: на ҳамаи Донбасс минтақаи вижа мешавад

"Ҳатто агар артиши Украина бо шикастҳои сангине рӯбарӯ шавад, таблиғот мешавад, ки онҳо дар ин амалиёт дастовардҳое соҳиб шудааст. Мавзӯъи ҷанг ҳамчунон бозӣ мешавад. Ба ин далел Порошенко пайваста ҷаласоти низомӣ баргузор намекунад ва дар он ҷо аслан дар бораи тавофуқоти Минск сӯҳбатҳо сурат намегиранд", — хулоса кард Яшенко.

Амалиёти низомӣ алайҳи норозиёни табадуллоти давлатӣ аз ҷумлаи сокинони Донбасс беш аз як сол идома дорад. Дар музокироти 12 феврал дар бораи оташбас, канор бурдани таслиҳоти сангин, ворид сохтани тағйирот ба Қонуни асосии Украина дар мавриди ғайримарказонии қудрат ва ҳамчунин дар бораи таъйиди мақоми вижаи "навоҳии ҷудогонаи вилоёти Донетск ва Луганск" тавофуқ шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0