Дар Ӯзбекистон қочоқчии занҳо ба Русия барои фаҳшо муҷозот шуд

© Sputnik Мутаҳҳам. Акс аз бойгонӣ
Мутаҳҳам. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳкумшуда ва шарикаш дар баҳори соли ҷорӣ қасд доштанд аз роҳи фиреб аз Андиҷон ба Москав чаҳор нафар духтаронро бо баҳонаи дар ФР бо ҷойи кор таъмин карданд интиқол бидиҳанд, аммо дар фурудгоҳ аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуданд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Шаҳрванди Ӯзбекистон Баҳодир Сатторов, ки қасд дошт ҳамватони худро барои истифодаи шаҳвонӣ дар Русия бифурӯшад, ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд, хабар дод рӯзи панҷшнабе маркази матбуъотии Додситонии кулли Ӯзбекистон.

Ба иттилоъи бозрасон дар баҳори соли ҷорӣ сокини шаҳри Бухоро Сатторов ва шарикаш, зодаи вилояти Андиҷон Дилбар Раҳимова қасд доштанд бо роҳи фиреб аз Андиҷон ба Москав чаҳор нафар духтаронро бо баҳонаи бо ҷойи кор дар Русия таъмин карданд, мунтақил бидиҳанд.

Духтаронро водор месохтанд, ки барои сафар ва зиндагӣ дар маҳалли зисти ҷадид қарз бигиранд ва минбаъд онҳо аз роҳи фоҳишагарӣ метавонанд қарзҳои худро бозпас бидиҳанд, тавзеъ медиҳад маркази матбуотӣ.

Дар моҳи июн Сатторов аз сӯйи маъмурони Идораи амнияти миллии Ӯзбекистон дар фурудгоҳи Андиҷон ҳангоми интиқоли ду духтар боздошт шуд. Дар моҳи август вай тибқи моддаи "Қочоқи инсон"-и Қонуни ҷазои Ӯзбекистон муҷрим дониста шуда барои шаш сол равонаи зиндон шуд. Парванда алайҳи Раҳимова ба далели афви умум ва ҳамкориаш ҳангоми таҳқиқ қатъ карда шуд, хабар медиҳад Додситонии кулл.

Ин барои бори нахуст нест, ки ниҳодҳои интизомӣ ва додгоҳии Ӯзбекистон иттилоъ дар бораи ҳукми додгоҳ алайҳи шаҳрвандони кишвар барои қочоқи инсон ба ФР барои фаҳшоро пахш мекунанд. Қаблан додгоҳҳои вилоёти Намангон, Тошканд ва Қашқадарё се нафар сокинони маҳаллиро ба панҷ ва шаш соли зиндон барои иртикоби ҷароими мушобеҳ муҷрим дониста буданд.

Моддаи "Қочоқи инсон"-и Қонуни ҷазои кишвар иртикоби чунин ҷурм аз 5 то 12 соли зиндонро дар назар дорад.

Тибқи арзёбии САҲА Ӯзбекистон кишвари манбаъ ва интиқоли инсон — занону мардон ва кӯдакон, барои истисмори корӣ ва шаҳвонӣ дониста мешавад. Аз ҷумла мардон аз Ӯзбекистон умдатан дар Русия ва Қазоқистон мавриди истисмори корӣ ва занон ба ғуломии шаҳвонӣ дар кишварҳои Осиёи ҷанубиву шарқӣ ва Туркия қарор мегиранд.

Ба иттилоъи мақомоти Ӯзбекистон дар соли 2013 дар ин кишвар 1392 мавриди қочоқи инсон (7,4% бештар дар муқоъиса бо соли 2012) сабт шудаанд ва аз ин миқдор маворид 1267 нафар ба хориҷи кишвар мунтақил шудаанд. Аз ҷумла 944 нафар мавриди истисмори корӣ, 370 нафар мавриди истисмори шаҳвонӣ ва 27 мавриди фурӯши кӯдакон ошкор шудаанд. Омори соли 2014 то ҳол эълом нашудаанд.

Лентаи хабарҳо
0