Рустам Назарзода дар нишасти матбуъотии АНМН

АНМН: мубориза бо қочоқи маводди мухаддир бояд дастҷамъона бошад

11
Раҳбари Агентии назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон (АНМН) пешниҳод дорад, ки ба ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятии Афғонистон дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир таваҷҷӯҳи вижа зоҳир карда шавад.

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ҳамкорӣ дар арсаи зиддимухаддаротӣ бояд дар самти Афғонистон бояд тавсеъа дода шавад, изҳор дошт мудири АНМН Рустам Назарзода дар дидор бо Ҷерми Милсон, намояндаи раёсати СММ дар умури маводди мухаддир ва ҷароим, хабар медиҳад маркази матбуъотии ин ниҳод.

Назарзода пешниҳод кард, ки бояд ба тақвияти ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, анҷоми амалиёти муштарак ва иқдомоти ҷилавгирӣ дар манотиқи ҳаммарз таваҷҷӯҳи бузург дода шавад.

Корманди гумрук бо саги хидматӣ дар ҷустуҷӯи маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Максим Богодвид

Милсон дар навбаи худ мудири агентиро дар бораи иҷрои барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ва натоиҷи муқаддамотии онро ироъа кард.

Ба ҷуз аз он мудири АНМН пешниҳод кард, ки таҷрибаи омӯзиши маъмурони агентӣ дар мавриди ошкорсозӣ ва таҳқиқи ҷароими марбут ба пулшӯии маболиғе, ки дар пайи фаъолиятҳои ҷиноӣ ба даст омадаанд, идома дода шавад.

Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки куллияи ҷонибҳоро бояд сареъан дар бораи ворид кардани тағйирот ба "Феҳрасти миллии маводди мухаддир, доруҳои мадҳушкунанда ва маводди таҳиясозии мухаддирот" огаҳ карда шаванд.

Дар поёни дидор ширкаткунандагон ба тақвияти ҳамкориҳои амалии ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд.

11
Барчаспҳо:
дидор, СММ, АНМН, Ҷерми Милсон, Рустам Назарзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
АНММ: 202 атбоъи Тоҷикистон дар хориҷа бо мухаддирот боздошт шудаанд
Сафорати ИМА: Кормандони ВКД ва АНМН давраи омӯзиширо хатм карданд
АНМН: аз як сокини Шӯрообод қариб 100 кг афюн мусодира гардид
АНМН: дар шимоли Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор буттаи бангдона маҳв шуд
Амрико ба АНМН васоили фаннӣ ва таҷҳизоти вижа тақдим кард
АНМН: кашфи як “нашъахона” дар пойтахти Тоҷикистон
АНМН: Кашфу мусодираи 25 кг нашъа дар ҶТ дар як шабонарӯз
Мақомоти махсуси ҶИА ва АНМН-и ҶТ озмоишгоҳи ҳероинро нобуд сохтанд
Боздошти қочоқчиёни нашъа аз ҷониби кормандони АНМН
АНМН аз Русия кӯмак гирифт
АНМН: ҳудуди 2,5 тонна маводи нашъадор мусодира гардид