Ҷангҷӯёни ДИ. Акс аз бойгонӣ

Таҳлилгар: муқобала бо ДИ даҳсолаҳо тӯл мекашад

19
(Таҷдидшуда 15:31 27.08.2015)
Коршиноси рус аз амалҳои Туркия, ки аз авосити моҳи август якҷо зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъоти ДИ анҷом медиҳад, ба маҳаллоти қарордошти Ҳизби коргари Курдистон ҳамалот мекунад, интиқод кард, зеро ин созмон дар муқобала бо ДИ метавонад мусоидат кунад.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ҷанги иттиҳоди байналмиллалӣ бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" метавонад даҳсолаҳо тӯл бикашад, изҳор дошт дар ҷараёни мизи муддавар дар ХБИ "Россия сегодня" корманди пешбари илмии Маркази амнияти байналмиллалии Фарҳангистони улуми Русия Станислав Иванов.

Ба гуфтаи коршинос, мушкили аслӣ дар муқобала бо гурӯҳи ифротӣ ба мавзеъгирии бозигарони аслии минтақавӣ аст. Вай аз ҷумла ба талоши раҳбарияти Туркия барои коҳиши нуфузи ҷунбиши курдӣ ва ҳамчунин талоши мақомоти суннимазҳаб барои маҳдуд кардани нуфузи Эрон ишора кард.

"Шароит барои ҷабҳаи умумӣ (алайҳи ДИ) феълан, мутаъассифона, аз сӯйи Туркия хеле печида аст. Ҳамчунин Эр-Риёд ва Доха низ. Онҳо ҳамчунон дунболи аҳдофи худ ҳастанд ва барои онҳо ДИ дар муқоъиса бо мазҳаби шиъа душмани кӯчактаре мебошад", — таъкид кард Иванов. — Дар чунин шароит ҷанг метавонад чанд сол идома биёбад ва ҳатто метавон дар бораи даҳсолаҳо ҳарф зад — ин ҳамон вазъест, ки ҳоло мо мушобеҳи онро дар Сомалӣ мушоҳида мекунем".

Иванов аз амалҳои Туркия, ки аз авосити моҳи август якҷо бо зарбаҳои ҳавоӣ ба мавзеъоти ДИ ба маҳаллоти қарордошти Ҳизби коргари Курдистон (ҲКК) дар қаламрави Сурия ва Ироқ ҳамалот мекунад, интиқод кард. "Бар ин назарам, ки ин иштибоҳи бузурги Эрдуғон аст. Ба ҷойи он, ки кудрҳоро шарики худ созад, вай куллияи умуреро барои ҳамкорӣ накарданд бо нафароне, ки барои ин амр омода буданд, анҷом медиҳад", — зикр кард коршинос.

Ба эътиқоди Иванов бомборонкунии мавзеъоти ДИ аз сӯйи эътилофи байналмиллалӣ то ҳол натоиҷи дилхоҳ надодаанд.

"Онҳо танҳо аҳолии маҳаллиро алайҳи эътилоф хашмгин месозанд, — таъкид кард коршинос. — Набояд мисли фил дар дӯкони ашёфурӯшӣ рафтор кард, ҳамон тавре, ки амрикоиҳо одат кардаанд дар Ховари Миёна рафтор кунанд".

Ба гуфтаи таҳлилгар, танҳо дар он сурат дар муқобала бо ДИ метавон комёб шуд, ки агар далоили маҳбубияти он аз сӯйи ҷонибдоронаш таҳқиқ шуда маҷрои сармоягузории ин масдуд карда шавад.

Феълан гурӯҳи ДИ яке аз хатароти аслӣ барои амнияти ҷаҳонӣ дониста мешавад. Дар тӯли се сол террористон тавонистанд бахши қобили мулоҳизаи қаламрави Ироқ ва Сурияро забт кунанд. Ба ҷуз аз ин, онҳо талош доранд нуфузи худро дар кишварҳои Африқои Шимолӣ, аз ҷумла дар Либия тақвият бидиҳанд.

19
Барчаспҳо:
ҷанг дар Сурия, изҳори назари таҳлилгар, Фарҳангистони улуми Русия, Давлати исломӣ, "ДИ", Станислав Иванов, Русия
Мавзуъ
ВАО: ҷангиёни ДИ дар Палмира сари бостоншиносро аз тан ҷудо карданд
ВКД: “ДИ” қасди анҷоми чанд амали террористӣ дар Тоҷикистонро дошт
ВАО: раҳбари ДИ наворгирӣ ва намоиши қатлҳо дар сомонаҳоро манъ кард
Яке аз раҳбарони ДИ талош кард бо либоси занона фирор кунад
Шогирдони мадорис аз Тоҷикистон ба суфуфи “ДИ” мепайванданд
Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд
Дар Сурия яке аз раҳбарони “ДИ” кушта шуд
Ҷангҷӯёни қафқозӣ садоқати худ ба раҳбари “ДИ”-ро эълом карданд
Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст
Расонаҳо: шаҳри қадимаи Палмира аз сӯйи ДИ забт шуд
Шоҳиди ҷангҳои “ДИ”: одамонро бе таҳқиқ мекушанд
Мусоҳиба бо Лавров: бӯҳрон дар Украина, равобити Русия ва ИМА, муқобала бо ДИ
Тоҷикистон барои мубориза алайҳи ДИ аз Русия кӯмаки низомӣ мегирад
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

1078
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

1078
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1227
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1227
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Пыльная буря в Душанбе

Тӯфони сахт ва чангу ғубор: ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид дар Тоҷикистон

0
(Таҷдидшуда 14:43 10.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз тӯфони сахт ва чангу ғубор ҳушдор дода гуфт, чӣ гуна бояд худро аз хатар эмин нигоҳ дошт

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки шабонарӯзи оянда дар як қатор ноҳияҳои ҷанубии кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамол шиддат мегирад.

"Суръати вазиши он аз 15 то 20 метр дар як сония мерасад. Маъмулан ин гуна вазъ метавонад сабабгори сар задани тӯфон аз чангу ғубор шавад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ даъват мекунад ба беморони гирифтори рагу дил, қанд, фишори хуни ҳадди боло бештар диққат диҳанд.

Кумита ҳамчунин ба ронандагон ва кӯҳгардон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз маконе ба макони дигар қоидаҳои техникаи бехатариро риоя намоянд, фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва аз сангрезиши эҳтимолӣ ҳушёр бошанд. 

Дар ин гуна рӯзҳои чӣ бояд кард? Чанд тавсия ба сокинон ва меҳмонони кишвар

  • Бештар об бояд нӯшид, ҳатто на камтар аз 2 – 2,5 литр дар як рӯз ва ба қадри имкон то 0,5 литр оби минералӣ.
  • То имкон доред, тирезаҳои хонаҳоятонро пӯшида нигоҳ доред. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин ҳолат дар соатҳои аввали субҳ аст. Ин замонест, ки моддаҳои ҳалношудаву муаллақ дар фазои атроф мутамарказ мешавад. Наздики нимирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва ин ҳама модаҳои муаллақи ҳалношуда зери фишори  дамои гарм ба боло меравад. Дар ин ҳолат метавон тирезаи бозро бо дока ва ё тӯр пӯшонд, вале фаромӯш накунед, ки он бояд дар ҳолати намӣ нигоҳ дошта шавад.
  • Дар хона бояд рубучини банам гузаронед, талош кунед ҳавои он ҳамеша тоза бошад.
  • Дар ин гуна рӯзҳо духтурон ба хотири мушкилот барои чашмон истифодаи ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд. Чашмонатонро ҳам эҳтиёт кунед. 

Тавсия барои онҳое, ки бемории зиққи нафас доранд ва ё аз аз касалиҳои шуш ранҷ мебаранд:

  •  меъёри доруҳои мавриди истеъмолро кам накунед,
  • ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошед,
  • агар талабот ба истифодаи ингляторҳо аз 4 то 6 маротиба дар рӯз беш шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. 

КҲФ ҳамчунин даъват карда, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода шаҳрвандон бо телефони 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ бо шумораҳои 223-13-11, 93 880 28 19 муроҷиат намоед.

0
Барчаспҳо:
чангу ғубор, борону чангу ғубор, Тоҷикистон, КҲФ ҶТ