Ҳикматулло Сайфуллозода. Акс аз бойгонӣ

Сайфуллозода: ҷонибдорони боздоштшудаи “ДИ” аъзои ҲНИТ набуданд

10
(Таҷдидшуда 15:21 31.08.2015)
ВКД даҳ сокини шаҳри Норакро бо иттиҳоми иртибот доштанашон бо Давлати исломӣ боздошт кард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дастгиршудаҳо аъзои ҳизби наҳзати исломӣ набуданд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Онҳое, ки дар шаҳри Норак бо иттиҳоми пайравӣ аз "ДИ" дастгир шудаанд, ҳеч иртиботе ба ҲНИТ надоранд ва аъзои ҳизб намебошанд, иброз дошт сухангӯи ин ташкилоти сиёсӣ Ҳикматулло Сайфуллозода аснои сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

"Бо масъулияти комил гуфта метавонам, ки ҳеч кадоме аз дастгиршудагон узви ҲНИТ намебошанд,- гуфт вай. Ин ҳам давоми мантиқии бадномсозии ҳизб аст, ки ҳукумат онро соли 2003 дар Исфара оғоз кард. Он вақт чанд нафарро маҷбуран "аъзои ҲНИТ карданд" ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд. Ин як таҷрибаи маъмул дар Тоҷикистон аст ва он идома хоҳад ёфт".

Қаблан ВКД дар бораи боздошти 10 сокини шаҳри Норак бо гумони иртиботи эшон бо Давлати исломӣ иттилоъ дод. Ба қавли мақомот, онҳо бо нишони ҳамрайъи бо "ДИ" дар маркази шаҳр парчами созмони ифротгароиро барафроштанд.

Қайд шуд, ки чанде аз онҳо узвияти ҲНИТ-ро доранд. Бино ба навиштаи ОИ Tojnews яке аз боздоштшудаҳо — бо исми Давлиё Саидов, аъзои ҲНИТ эътироф кардааст, ки маҳз худи ӯ матоъи сиёҳ ва ранги сафедро харидорӣ кардааст.

Ҳамзамон, ОИ "Азия-плюс" менависад, роҳбари бахши ҲНИТ дар Норак Қурбон Маннонови 73-сола мубтакири барафрохтани парчами сиёҳ будааст.

Ҳар ду расона ҳам хабарро бо истинод ба гузориши махсус, ки дар шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон рӯзи шанбе пахш шуд, ба нашр расонидаанд.

10
Барчаспҳо:
парчами сиёҳи ДИ, ҲНИТ рад мекунад, боздошти ҷонибдорони "ДИ" дар Норак, Давлати исломӣ, ДИ, ҲНИТ, ВКД, Давлиё Саидов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Норак, Тоҷикистон