Озодӣ: аз ҷамоати Язгуломи Ванҷ 18 тан ба “Давлати исломӣ” пайвастааст

© AP / Militant WebsiteҶангиёни "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ
Ҷангиёни Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як гурӯҳи ҷавонони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ эҳтимолан ба сафи гурӯҳи “Давлати Исломӣ” пайвастаанд.

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Як узви эҳтимолии "Давлати исломӣ" бо пахши навори видеоие дар Интернет иддао кардааст, ки ба ҳайати ин гурӯҳ ҷавонҳое аз Язгулом низ ҳамроҳ шудаанд, менависад Радиои Озодӣ.

Ҷангҷӯёни ДИ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгар: муқобала бо ДИ даҳсолаҳо тӯл мекашад

Дар ҳоле, ки санҷидани дурустии ин иддао феълан имкон надорад, мақомоти ноҳияи Ванҷ, эҳтимоли ҳузури 18 сокини ин минтақаро дар ҷангҳои Сурияву Ироқ тасдиқ кардаанд. Хабарҳое, ки то ҳол дар бораи узвияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" пахш мешуд, бештар ба сокинони манотиқи ҷанубу шимоли Тоҷикистон рабт дошт.

Дод Эркаев, мудири бахши кор бо дин ва танзими анъанаи ноҳияи Ванҷ рӯзи 1 сентябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст, воқеан, аз ин минтақа 18 ҷавон ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Ӯ мегӯяд, ки мақомот барои пешгирии ҷавонҳои дигар аз гумроҳӣ талош карданд, аммо бинобар харобкориҳои офати табиӣ дар моҳи июли соли равон, таваҷҷӯҳи мақомот бештар ба корҳои бозсохт равона шуд. Эркаев афзудааст, ки ҳоло корҳои сохтмониву барқарорсозӣ бештар авлавият доранд, зеро мардуми осебдида бояд то тирамоҳ бо хонаҳои нав таъмин шаванд.

"Аз ин рӯ, дигар мо вақти машғул шудан ба корҳои тарғибу ташвиқотиро надорем", — илова кардааст Эркаев.

ВАО: ҷангиёни ДИ дар Палмира сари бостоншиносро аз тан ҷудо карданд

Ба иттилои ин мақом, онҳо хабар доранд, ки шумори зиёди ҷавонҳое, ки аз Тоҷикистон ба Сурия барои ширкат дар ҷангҳо рафта, худро "ҳамчун язғуломӣ ва ванҷӣ" муаррифӣ мекунанд, аз хонаводаҳои муҳоҷирони собиқи бадахшонианд, ки волидонашон дар солҳои мухталиф дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

"Аз миёни он ванҷиҳое, ки дар ҷангҳо иштирок мекунанду худро аз ин маҳал муаррифӣ мекунанд, шояд 20-30 фоизашон аз Ванҷ бошанд, дигарҳо аз ноҳияҳои вилояти Хатлон рафтаанд", — илова кардааст Эркаев.

Бар асоси иттилои расмӣ, то кунун аз 18 ҷавони язғуломӣ 5 нафарашон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шудаанд. Дарвеш Муҳаммадов, як сокини ҷамоати Язғулом ба Озодӣ гуфтааст, ки сабаби аслии пайвастани ин ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бекорӣ аст.

"Туту зардолу хушк мекунем ва асосан аз ҳамин ҳисоб зиндагиамонро пеш мебарем. Мардум дигар шуғл надоранд ва ба ҳар гурӯҳ мепайванданд", — илова кардааст ҷаноби Маҳмадов.

Язғулом, як ҷамоати ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон буда, бошандагонаш тоҷикони суннимазҳабанд. Онҳо асосан дар деҳоти Мотравн, Бдун, Андарбак ва Жамак зиндагӣ мекунанд. Бори аввал аст, ки аз ширкати 18 ҷавони бадахшонӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ хабар пахш мешавад.

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 519 нафар аз ин кишвар барои ширкат дар "ҷиҳод" ба Сурия ё Ироқ рафта ва асосан ба гурӯҳҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Мақомот мегӯянд, то кунун хабари марги беш аз 150 тани онҳо таъйид шудааст.

Лентаи хабарҳо
0