ВАО: Назарзода мегӯяд, ҳамлаҳо кори ӯ нест

© SputnikБоздошти гумонбарон дар ҳамла ба ШКД-и Ваҳдат ва қисми ҳарбӣ шаҳри Душанбе. Акс аз роёна гирифта шудааст.
Боздошти гумонбарон дар ҳамла ба ШКД-и Ваҳдат ва қисми ҳарбӣ шаҳри Душанбе. Акс аз роёна гирифта шудааст. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) исрор дорад, ки ҳамлаҳо ба кормандони Вазорати умури дохилӣ ва сарбозон дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон барои эълони айб алайҳи собиқ қумандонҳи Иттиҳоди неруҳои мухолифин тарҳрезӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон  Абдуҳалим Назарзода даст доштани худ дар ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳрҳои Ваҳдату Душанберо рад кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба сомонаи Tajinfo. tj.

"Ин изҳороти генерал тавасссути намояндаҳои ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн шуда, инчунин дархост гардидааст, то дар расонаҳои хабарӣ низ нашр шавад", — мегӯяд ин сомона.

Акси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати дифоъи Тоҷикистон. Расм аз экрани роёна - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: ҳалокати боз 4 узви гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боздошти 7 тани дигар

"Бар асоси изҳороти генерал Назарзода ҳукумати Тоҷикистон барои эълони айб алайҳи собиқ қумандонҳи Иттиҳоди неруҳои мухолифин як чанд ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба шуъбаҳои умури дохилиро тарҳрезӣ наамудааст. Мақомоти Тоҷикисто гуйё баъд аз ин ҳамлаҳо мехостанд, ҷасади қумандонҳоро дар макони ҳодиса гузошта, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кунанд, ки онҳо ҳангоми ҳамлаҳои мусаллаҳона кушта шудаанд. Яке аз ин нақшаҳо дар Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат амалӣ гардид, ки он ҳам аз сӯи худи мақомоти Тоҷикистон сурат гирифта буд", — афзудааст сомонаи мазкур.

"Муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон далели ин нақшаҳоро дар изҳороти худ шарҳ дода, гуфтааст, гӯиё ҳукумати Тоҷикистон ин нақшаҳоро барои аз байн бурдани қумандонҳои собиқ тарҳрезӣ кард, ки бо бастани Ҳизби наҳзати исломӣ аз онҳо халос намешуд".

Дар шаҳри Ваҳдат, 20-километрии ҷануби шарқи Душанбе субҳи рӯзи ҷумъа, 4 сентябр ҳамлаҳи мусаллаҳона ба Шуъбаи марказии умури дохилӣ сурат гирифт, ки миёни қурбониён кормандони пулис низ ҳаст. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат 8 корманди мақомти ҳифзи ҳуқуқ ва 9 нафар аз гуруҳи ҳамлагар кушта шудаанд. Манбаи РИА Новости мегӯяд, шумори қурбониёни ин ҳамлаҳо ба 33 нафар мерасад, ки 25-тои онҳо хидматчиёни Вазорати дифои Тоҷикистонанд.

Мошини нозирони БДА ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: дар пайи ҳамлаҳо ҳашт корманди милиса қурбон шудаанд

Мақомоти Тоҷикистон ҳамлаҳо алайҳи корманддони пулис дар ин кишварро кори Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифоъ хонданд, ки чанд соати баъд бо қарори раисҷумҳзур барои содир кардани ҷиноят аз симматаш баркнор шуд. Генерал- майор Абдуҳалим Назарзода қаблан узви Иттиҳоди неруҳи мухолифини тоҷик ба шумор рафта, дар пайи имзои созишномаи сулҳ соли 1997 аз ҳисоби квотаи 30 дарсадӣ мақомеро дар Вазорати дифои Тоҷикистон соҳиб шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе, 6 сентябр дар як суханронии худ таъкид дошт, ки амалиёти мақомоти қудратии кишвар барои аз муайян кардани макони будубош ва нобуд сохтани гуруҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода бояд дар наздиктарин вақт хотима ёбад. Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки тамоми дастандаркорони ин ҳамлаҳо, аз ҷумла нафароне, ки ба Шуъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат ҳамла кардаанд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

Лентаи хабарҳо
0