Изҳороте, ки  дар шабакаи Facebook аз номи Абдуҳалим Назарзода нашр шудааст

Манбаъ: Назарзода ҳамеша бо мухолифин буд

41
(Таҷдидшуда 13:58 08.09.2015)
Ҳаводиси рӯзҳои ахир – ҳамла ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат, дӯздии силоҳ аз Вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе ва амалиётҳои вижаи баъдӣ вокунишҳоеро дар ҷомеа ба бор овардааст.

Ҳаводиси рӯзҳои ахир – ҳамла ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат, дӯздии силоҳ аз Вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе ва амалиётҳои вижаи баъдӣ вокунишҳоеро дар ҷомеа ба бор овардааст. Мақомот мегӯянд, ташкилкунандаи ин ҳамлаҳо муовини пешини вазири дифоъ аст. Аммо худи Абдуҳалим Назарзода даст доштанаш дар ин ҳамлаҳоро такзиб карда, туҳмат дар ҳаққи худ медонад.

Манбаъ: Назарзода дар роҳ ба сӯи шаҳри Ваҳдат мехост, аз Баталиони десантии Вазорати дифоъ силоҳ бигирад

Хабарнигори Sputnik бо яке аз мақомҳои баландпояе дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суҳбате анҷом дод, ки дар бораи ҳаводиси ахири кишвар ва сабабҳои он сухан кард.

Абдуҳалим Назарзода як моҳ пеш аз ин ҳодисаҳо ба беш аз 300 нафар муҳоҷирони собиқ (ҳаммаслакони феълияш) аз 100 то 150 сомонӣ ва баъзан то 100 доллари амрикоӣ пардохт мекард. Ӯ онҳоро барои рӯзи мабодо омода мекарду онҳо ҳам мунтазири дастур буданд. Тибқи иттилои фаврӣ ҳоло шахсияти ин афрод дар ҳоли муайяншавӣ аст, мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба қавли манбаи мо, ҳамлаҳои хунини рӯзи 4 сентябр бо ин шакл сурат гирифтаанд:

— Аввалин ҳамлаи мусаллаҳона ба Шуъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат тахминан соатҳои 04:30 сурат гирифт, ки дар он Зиёвиддин Абдуллоев иштирок дошт, мегӯяд манбаъ. Ӯ дар бахши ҷустуҷӯи ҷиноии Шуъбаи умури дохилии Ваҳдат кор мекард. Он рӯз ҳам шабро дар шуъба гузаронида, субҳ ба навбатдор мегӯяд, барои таҳорат кардан берун меравад, вале қабл аз намоз даричаро барои чанд нафаре боз карда, онҳоро дохили бино мекунад.

Ворид шудани ин афрод ба биноро корманди бахши нигаҳдории силоҳҳо тавассути тиреза мебинад ва дар ҳол дохили хонаи силоҳҳо шуда, дарро аз дохил мебандад. Ҳамлагарон ба бинои шуъба ворид шуда, мехостанд, силоҳ бигиранд, вале масъули бахши нигаҳдории силоҳҳо калиди дари утоқи худро гирифта, дур меафканад ва Абдуллоеву чанд тани дигарро мепаронад, ки дар натиҷаи тирпаронӣ худаш ҳам захм мебардорад.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҷонибдорони дигари Абдуллоҳ муфаттишонеро, ки он шаб аз ноҳия омадаву дар шуъба буданд, ба қатл мерасаонанд ва силоҳҳои онҳоро гирифтаву аз макони ҳодиса фирор мекунанд.

….Тахминан дар ҳамин лаҳзаҳо, субҳи барвақт Абдуҳалим Назарзода ҳамроҳ бо чанд тан аз ҷонибдоронаш ба Дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ дар шаҳри Душанбе меоянд.

— Назарзода барои гирифтани 700 мил силоҳ дастур медиҳад. Ин ҳамаро ба мошини боркаше бор мекунанд. Ӯ ҳамроҳ бо худ 90 сарбозро ҳам мегираду далели ин корашро чунин шарҳ медиҳад: Барои амалиёти вижае омодагӣ мебинанду ин ҳама лозим аст, меафзояд манбаъ.

Ба қавли манбаи мо, мошинҳои ҳомили силоҳ бо сарбозон озими шаҳри Ваҳдат мешаванд. Вале худи Назарзода ҳамроҳ бо баъзе аз ҷонибдоронаш барои гирифтани силоҳҳои дигар ба манзили зисташ меравад. Дар роҳ ба сӯи хонаи Назарзода, ки дар наздикии Нонпазхонаи шаҳрӣ, ки дар наздикии маҳаллаи гардиши фурудгоҳ воқеъ аст, мошини онҳоро кормандони Дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё ОМОН нигаҳ медорад.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар ин минтақа ду мошини дастаи таъйиноти махсус, ки барои як амалиёт дар канори Душанбе баромада буданду аз ҳамлаи мусаллаҳона ба Шуъбаи умури дохилии Ваҳдат огаҳ буданд, қарор доштанд.

— Дар ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи кормандони ОМОН худи Назарзода шахсан ҳузур дошт. Яке аз узви Дастаи таъйиноти махсус марди ришдореро дохили мошин дида, онро боз медораду аз куҷо будан ва ба куҷо рафтани онҳоро мепурсад. Дар ҳамин ҳол нафаре аз даруни мошин берун шуда, ба корманди ОМОН ҳамла мекунаду силоҳашро соҳиб мешавад. Нафарони дигар низ аз мошин берун шуда, корманди ОМОН-ро мепаронанд.

Дар пайи ин ҳамлаи ногаҳонӣ, Назарода нақшаи худро тағйир дода, ба ҷои рафтан ба хонааш мустақиман самти шаҳри Ваҳдат меравад.

- Чи тавр маълум шуд, ки ӯ хонааш меравад?

— Дар манзили зист ва нопазхонааш теъдоди зиёди силоҳҳои фаромушшуда ёфт гардид.

Ҳангоми берун рафтан аз шаҳр сарбозон чизеро ҳис кардаву мошинро боз медоранд ва ба қисми низомии худ бар мегарданд. Дар натиҷа ҳамроҳ бо Назарзода танҳо ҷонибдоронаш, ки шуморашон ба 80 нафар мерасад, ба дараи Ромит паноҳ мебаранд.

— Назарзода дар роҳ ба сӯи Ваҳдат мехост, аз Баталиони десантии Вазорати дифоъ, воқеъ дар минтақаи маъруф ба 9-ум километри шаҳри Душанбе ҳам силоҳ бигирад. Ин қисми низомӣ яке аз қисмҳои муҳими ҳарбӣ ба шумор мерафт, ки дар он силоҳҳои замонавӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Назарзода мехост, аз ин қисми низомӣ БМП бигирад, афзуд манбаъ.

— Ӯ бо навбатдори Баталиони десантии Вазорати дифоъ тамос гирифта, мегӯяд, барои амалиёте омодагӣ мебинанд ва баъд аз чанд дақиқа ба қисми низомӣ ҳозир мешаваду дарро боз кунанд. Дар посух низ навбатдор мегӯяд, мунтазирем. Вале ҳангоми суҳбат бо Назарзода низ навбатдор аз ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони ОМОН огаҳ шуда, муваззаф мешавад, то касеро ба қисми низомӣ роҳ надиҳад ва ба ӯ мегӯянд, наздики қисми низомӣ наояд, ки оташ мекушоянд.

Баъд аз ин, ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Назарзода маҷбур мешавад, то ба дараи Ромит фирор кунад.

— Аллакай дар дараи Ромит неруҳи ҳукуматӣ мошину силоҳҳои бурдаи ӯро мусодира мекунанду тибқи баъзе аз маълумотҳо ҳоло дастаи ӯ ба чанд гуруҳи кӯчак тақсим шудаанд.

Барои чӣ?

— Дақиқ гуфта намешавад, вале ба эҳтимоли зиёд барои барҳам задани оромӣ дар кишвар. Худи Назарзода нафари сарватманде аст. Ӯ дар минтақаи 9-ум километр беморхонаи 9-ошёнаро бунёд дораду дар гардиши фурудгоҳ 20 гектар замин ва нонпазхона дорад. Инчунин дар роҳи Душанбе-Ваҳдат соҳиби чанд мағозаву ошхона ва истироҳатгоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ аст.

- Яъне, ин ҳама ба хотири маблағ нест?

— Албатта, ба хотири маблағ ҳам ҳаст. Шояд бархеҳо ба хотири барҳам задани оромии ҷомеа ба ӯ маблағ доданд. Хуб, ин ҳама силоҳи гирифтаи ӯ — 700 дона набошад, барои кӣ ва чист? Эҳтимол дорад, барои он нафароне лозим буд, ки аз қабл онҳоро сармоягузорӣ мекард.

Ӯ ҳамеша бо мухолифин буд. Вақтҳои ахир фишор алайҳи ҲНИТ афзуду ба ӯ гуфтанд, вақти амал фаро расид.

- Назарзода танҳо ба неруи худ ва он нафароне, ки бо ӯ рафтанд, такя дошт? Ё қуввае ҳам ҳаст, ки ба ӯ метавонист, кумак кунад?

Шояд ҳам ҳаст. Дақиқаш ин аст, ки нақша то ахир амалӣ нагардид. Тибқи ин нақша эҳтимол буд, бояд тамоми шаҳри Ваҳдат ғасб мешуду музокиротро ба роҳ мемонданд. Шояд ин музокирот дар бораи ҲНИТ мешуд. Албатта, агар аз рӯи мантиқ фикр кунем.

- Мақомоти расмӣ ба узви ҲНИТ будани ӯ ишора карданд. Аммо худи масъулини ҲНИТ инро рад карда, дар изҳороти худ гуфтанд, тибқи қонунгузории Тоҷикистон афсари низомию корманди мақомоти қудратӣ ҳаққи шомил шудан ба узвияти ҳизби сиёсиеро надорад.

— Ин хел ҳам мешавад, ки расман узв набошию аммо ба ҷонибдоронат кумак кунӣ. Ҳангоми бозҷӯии манзили зисти Назарзода аксҳои овехтаи Кабирию Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар деворҳои хонааш дида шуд. Ӯ ҳамеша ба ҲНИТ содиқ буд.

Ин амалиёт чи гуна хотима хоҳад ёфт?

— Ӯро ё нобуд мекунанд ва ё ба Афғонистон фирор мекунад. Албатта, дуюмӣ хеле баъид аст. Назарзода давоми чанд муддат мешавад, дар корҳои ҳарбӣ ҳузур надошт ва барои ӯ ҳам ин кору амалиёт хеле мушкил аст. Дар соли 90-ум Назарзода қумандони барҷастае набуд ва танҳо баъд аз имзои созишномаи сулҳ ба ӯ ҳамчун кадри ҳирфаии ҳарбӣ эътимод карданду фармондеҳии баталиони 25 (қисми низомие, ки аз ҳисоби собиқ неруҳои мухолифин таъсис ёфт)-ро бар уҳдааш гузоштанд.

41
Барчаспҳо:
ҷиноят, мусаллаҳона, ҳамла, Вазорати дифоъ, Абдуҳалим Назарзода, Душанбе
Мавзуҳо:
ҲНИТ дар “гирдоб”-и сиёсат (31)

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

260
(Таҷдидшуда 21:00 29.09.2020)
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян телефонӣ суҳбат карданд, хабар медиҳад, хадамоти Шӯрои амнияти кишвар.

Ҳамин тавр, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Маҳмудзода ҳалли мусолиматомези вазъи Қарабоғро таъкид кард.

Дар навбати худ, Григорян таъсири манфии Туркияро ба амнияти минтақавӣ қайд кард.

Вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ

Аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар аввали даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи душанбе дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Даргириҳо дар ин манотиқ рӯзи 27 сентябр оғоз шуд.

260
Барчаспҳо:
баррасӣ, даргирӣ, вазъият, Қарабоғи Кӯҳӣ

Миёнаравии Русия барои қатъи мухолифати мусаллаҳонаи Арманистону Озорбойҷон

327
Вазорати умури хориҷии Русия тамоми талошашро равона мекунад, то мухолифати мусаллаҳона миёни Озарбойҷону Арманистон бартараф карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтушунидҳо дорад, то Арманистону Озарбойҷон сари мизи музокирот нишинанд, хабар дод намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова.

Лавров аллакай бо ҳамтоёнаш аз Арманистону Туркия гуфтушунид карда, дар назар аст, чунин як суҳбат бо ҷониби Озорбойҷон низ анҷом дода шаавад. Манбаъ афзуд, Русия миёнаравияшро барои ба эътидол овардани вазъ миёни Озорбойҷону Арманистонро идома медиҳад.

То ҳол ҷонибҳоро борҳо ба қатъи даргириҳои мусаллаҳона даъват карда буданд. Аз ҷумла бо чунин даъватҳо ба ҷониби Арманистону Озорбойҷон намояндагони Австрия, Фаронса, Олмон, Гурҷистон ва инчунин намояндаҳои Шӯрои Аврупо, СААД ва САҲА муроҷиат карда буданд.

Ба ҷонибҳои даргир инчунин Попи Рум зимни мавъизаи анъанавияш муроҷиат намуда, даъват кард, ки қадамҳои мушаххас сӯи бародарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бидуни истифода нерӯ, гузошта шавад.

Шаби гузашта мухолифати мусаллаҳона миёни Арманистону Озорбойҷон рух дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд.Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Роҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ҳолати низомӣ эълон кардааст. Ҳукумати Арманистон низ дар кишвар ҳолати низомӣ эълон намудааст.  

327
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, Русия
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон