Бинои Сафорати ИМА дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Сафорати Амрико дар Душанбе дарҳои худро дубора боз кард

32
(Таҷдидшуда 15:27 10.09.2015)
Масъулини Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти ин ниҳод танҳо рӯзи ҷумъаи гузашта қатъ шуда, азбаски 7 сентябр дар Амрико рӯзи истироҳат аст, рӯзи душанбе ҳам истироҳат кардаанд.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ки дар пайи ҳамлаҳои хунини рӯзи 4 сентябр дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро муваққатан боз дошт, дубора  дарҳояшро боз кардааст, мегӯяд намояндаи сафорат Соро Мародалиева.

"Мо танҳо рӯзи ҷумъа кор накардем. Азбаски рӯзи 7 сентябр дар Амрико ҳамчун Рӯзи меҳнат қайд шудааст, рӯзи душанбе ҳам истироҳат намудем. Фаъолияти сафорат аз субҳи рӯзи сешанбе ба таври муқаррарӣ дубора аз сар гирифта шуд",- гуфт ӯ.

Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 сентябри соли равон дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона алайҳи кормандони пулис дар пойтахти Тоҷикистон фаъолияти худро муваққатан қатъ карда буд.

Саёд Раҳимов. Акс аз бойгонӣ
Из личного архива Саеда Рахимова

Сарфи назар аз набудани иттилоъи дақиқ дар мавриди ҳодисаҳои ахир сурат гирифтани амалҳои зӯроварии дигар аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, сафорати Амрико дар Тоҷикистон фаъолияти худро муваққатан қатъ карда, аз кормандонаш даъват мекунад, макони буду боши худро тарк накунанду аз фиристодани фарзандон ба макотиб худдорӣ варзанд.

Субҳи 4 сентябр тахминан соатҳои 04:30 ҳамлаи мусаллаҳона ба Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Ваҳдат сурат гирифта, аз дастгоҳи марказии Вазорати дифоъ дар Тоҷикистон ҳам миқдори муайяни силоҳҳо  дуздида шуданд. Ҳамон рӯз дар маҳалли маъруф ба "Гардиши фурудгоҳ" ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи кормандони Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон (ОМОН) сурат гирифт.

Пас аз чанд соати ҳамла, дафтари матбуоти ВКД бо нашри изҳороте аз кушта шудани 8 корманди пулис дар пайи ин даргириҳои мусаллаҳона хабар дода, ин ҳамлаҳои хунин алайҳи кормандони пулисро кори Абудаҳлим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои кишвар хонд, ки чанд соати баъд бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раиси ҳукумати Тоҷикистон аз мақоми худ барканор шуд.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик худи Назарзода ҳамроҳ бо чанд тан аз ҷонибдоронаш ба дараи Ромит паноҳ бурдааст, ки ҳоло барои нобуд кардани дастаи ӯ амалиёти мушатараки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ВКД ҷараён дорад. То ҳол 56 нафар ба иттиҳои ҳамдастӣ бо гуруҳи Назарзода боздошт шуда, 17 узви он кушта шудааст.

32
Барчаспҳо:
генерали фирорӣ, вазъи сиёсӣ, ҳамлаҳои хунин дар Ваҳдату Душанбе, фаъолияти дубораи сафорат, Сафорати ИМА дар ҶТ, Соро Мародалиева, Ромит, Ваҳдат, ИМА, Душанбе
Мавзуъ
Бозтоби ҳолномаи Назарзода дар расонаҳо: аз “сникерсхӯр” то генерал
На таджикский-афганской границе, архивное фото

Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт

665
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақл кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъ дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳӣ пайдо кардааст.

Ба гуфти Раҳимзода, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Вазъият дар умум дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар кишвар зуд зуд миёни низомиёни давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳона сар мезанад. Дар баробари ин вақтҳои охир дар Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фаъол шудаанд.

Фармондеҳони марзии ИДМ дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

665
Барчаспҳо:
вазъият, марз, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Спецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото

ВУД Тоҷикистон: дар соли равон аз ду амали террористӣ ҷилавгирӣ кардем

184
(Таҷдидшуда 14:54 03.08.2020)
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз эълон доштанд, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ду амали террористӣ пешгирӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шодӣ Ҳафиззода , сардори раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки террористон қасд доштанд  кормандони милитсияро дар Рашту Шаҳринав кушанд.

 Вай афзуд кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд.

“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, - таъкид дошт сардори Раёсат.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аммо ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Аз ин шумор 203 нафараш аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ”  буда, онҳо дар ҳоли ҳозир дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

184
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохила, Тоҷикистон, ҷилавгирӣ, амали террористӣ, ВУД
Строительство нового дома в Душанбе

Ҳалокати ҷавони 23 сола бар асари чаппашавии крани сохтмонӣ дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 10:28 10.08.2020)
Дар пайи чаппашавии крани борбардор дар бинои навсохте воқеъ куча Сурхоби пойтахт як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми шоми шанбеи гузашта сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, крани сохтмонии баландиаш 35 метр, ки дар сохтмони яке аз биноҳои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Сурхоби пойтахт ба болои се бинои истиқоматӣ афтидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар пайи ҳодиса ду ҷавони 22 ва 23  ҷароҳат бардошта, аввали дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Гуфта мешавад табибон ҳолати ҷавони дигарии 23 соларо миёна арзёбӣ кардаанд.

Дар пайи чаппашавии кран боми се манзили сокинон зарар дидаву хушбахтона касе аз истиқоматкунандагонаш осеб надидааст.

Барои муаян сохтани сабаби ҳодиса гуруҳи корӣ таҳия шуда, таҳқиқ идома дорад, гуфт манбаъ.

0