Ҷангиёни Ал-қоида. Акс аз бойгонӣ

ВАО: “Ал-Қоида” тоҷирони маъруфи Амрикоро таҳдид ба қатл кард

9
(Таҷдидшуда 17:34 10.09.2015)
Масъулияти як қатор амалиётҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба сафорати Амрикову ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бардӯши “ал-Қоида” мегузоранд.

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Гуруҳи террористии "ал-Қоида" тоҷирони калидӣ ва маъруфи Амрикоро таҳдид ба қатл кардааст. Ин созмони гуфтааст, агар онҳо сармояи худро аз иқтисоди ин кишвар берун набаранд, ҳатман кушта хоҳанд шуд, менависад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизиони NBC News.

Дар феҳрасти тоҷирони амрикоӣ, ки аз сӯи "ал-Қоида" таҳдид шудаанд, номи муасиси Microsoft- Билл Гейтс, миллиардер- Уоррен Баффет, бародарон- Чарлз ва Дэвид Кох, шаҳрдори пешини Ню-Йорк-Майкл Блумберг, раҳбари якчанд казиноҳо- Шелдон Аделсон, писари муассиси Wal-Mart- Джим Уолтон ҳам ҳаст.

Дар ин изҳорот "ал-Қоида", ки онро маҷаллали "Inspire" марбут ба ин созмон нашр кардааст, гуфта мешавад, ҳар тоҷире, ки дороии худро аз иқтисоди Амрико берун бурда, дар хориҷ аз ин кишвар сармоягузорӣ кунад, номаш аз феҳристи мазкур хат зада хоҳад шуд. Ин созмон дар идомаи изҳороташ аз амрикоиҳои африқоитабор даъват кардааст, барои мубориза алайҳи ноадолатӣ нисбат ба онҳо дар ҷомеаи ИМА ба суфуфи ҷангҷӯёнаш бипайванданд.

"Ал-Қоида" рӯзи 9 сентябри соли равон эълон кард, созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро дар мубориза алайҳи неруҳи эътилофи ба раҳбарии Амрико кумак хоҳад кард. Айман аз-Завоҳирӣ раҳбари ин созмон гуфт, ҷангиён ӯ агар зарурате пеш ояд, барои муқобала бо неруҳои эътилофӣ дар Сурия ва Ироқ ба суфуфи аъзои "Давлати исломӣ" шомил хоҳанд шуд.

Қаблан раҳбари "Ал-Қоида" аз байъати худ бо раҳбари нави гуруҳи Толибон Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур дарак дода буд. "Ал-Қоида" яке аз гуруҳҳои бузурги террористии байналмилалӣ ба шумор меравад, ки зоҳиран бо ҷомеаи Ғарб дар ҳоли мубориза аст. Як қатор амалиётҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба сафорати Амрикову ҳаводиси 11 сентябри соли 2011 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро кори он медонанд.

9
Барчаспҳо:
ҳаракатҳои тундрав, ҷанг, таҳдид ба қатл, ҳаракати "Толибон", Ал-Қоида, корхонаи Wal-Mart, ширкати Microsoft, Билл Гейтс, Дэвид Кох, Уоррен Баффет, Майкл Блумберг, Айман-ал Завоҳирӣ, Вашингтон, ИМА
Президент РФ В. Путин

Муфид аст: шарҳи Путин дар бораи ҳузури ИМА дар Афғонистон

262
(Таҷдидшуда 17:43 25.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҳузури низомиёни амрикоиро дар Афғонистонро истиқбол карда, аз ҳамкории ду кишвар дар сатҳи хадамоти махсус тавсиф намуд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз нигоҳи амниятӣ муфид мебошад, изҳор дошт Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия.

“Ҳузури ИМА дар Афғонистон барои амният муфид мебошад”, - гуфт роҳбари Русия.

Путин инчунин таъкид кардааст, ки Русия аз ҳамкорӣ бо ИМА дар бахши мубориза бо терроризм қаноатманд мебошад.

Ӯ афзуд, ки маълумоти ироанамудаи Вашингтон борҳо имкон дод, ки ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ҷилавгирӣ шаванд.

“Сарфи назар аз мухолифатҳои зиёд дар бахшҳои гуногун, ҳамоно ҳамкорӣ дар сатҳи хадамоти махсус идома дорад... Дар баробари ин амрикоиҳо ба мо маълумоти зиддитеррорро ироа мекунанд”, - илова намуд Путин.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, дар оғози моҳи марти соли равон дар бораи бидуни таъхир хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон изҳорот дода буд. Аз ҷумла дар назар буд, ки теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон тайи 135 рӯз аз 12 ҳазор нафар то 8,6 ҳазор нафар коҳиш дода шавад. Интизор мерафт, ки то интихоботи раисиҷумҳури ИМА теъдоди сарбозони ин кишвар дар Афғонистон ба 4-5 ҳазор нафар баробар карда мешуд.

262
Барчаспҳо:
Владимир Путин, ИМА, Путин, Русия
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон встретился с командующим Центральным командованием вооруженных сил США генералом Кеннетом Ф. Маккензи

Раҳмон ва генерал Маккензӣ амнияти Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

383
(Таҷдидшуда 00:01 23.10.2020)
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуда, раванди музокироти сулҳро муҳокима карданд

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бахусус дар соҳаи амниятӣ, баррасӣ гардиданд.

Дар ин зимн ба мавзӯъҳои мубрами таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва хатару таҳдидҳои глобалии амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом дода, раванди музокироти сулҳро дар ин кишвари ба мо ҳамҷавор муҳокима карданд.

Раҳмон таъкид карда, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайваста дар маркази диққат қарор дорад ва Тоҷикистон аз талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар самти истиқрори сулҳу суботи пойдор дар кишвар ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба дигар ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ибрози ақида намуда, алоқамандиашонро ба таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшон дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд кардаанд.

383
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, ИМА, мулоқот, дидор, Тоҷикистон

Вакил гуфт, бекор кардани патент барои муҳоҷирон чӣ пайомад дорад

0
(Таҷдидшуда 20:06 28.10.2020)
Ба гуфти вакил сабукӣ барои муҳоҷирони метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русияро ба бор орад ва ба амният хатар дошта бошад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. ВУД Русия пешниҳод карда, ки қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР" ислоҳ карда шавад ва барои бархе аз гурӯҳи муҳоҷирон патент бекор гардад.

Светлана Бессараб, узви Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорон, дар суҳбат бо Парламентская газета аз чунин навоварӣ интиқод кард.

Дар Русия барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ низ Маркази имдод ифтитоҳ мешавад

"Ман ба чунин ташаббус эҳтиёткорона муносибат мекунам. Тавре таҷриба нишон медиҳад, аз ҷумла дар кишварҳои Урупо, на ҳамеша пур кардани ҷойҳои корие, ки мардуми бумӣ намехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, хуб аст. Аксар вақт ин амалкард бо амнияти давлатӣ алоқаманд аст". қайд кард Бессараб.

Вакил афзуд, ки чунин навгониҳо барои муҳоҷирони сохтмончӣ метавонад вокунииши манфии шаҳрвандони Русия ва иттифоқҳои касабаро ба бор орад.

Чунин вокуниш махсусан имрӯзҳо, ки сатҳи бекорӣ дар Русия дар ҳоли афзоиш аст, интизоршаванда мебошад.

Ба ширкатҳои бузурги сохтмонӣ иҷозат дода мешавад, муҳоҷиронро аз Тоҷикистон даъват кунанд

Рӯзи 26 октябр Вазорати корҳои дохилии Русия тарҳи ислоҳи қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия" -ро барои муҳокимаи умум нашр кард.

Тибқи ҳуҷҷат, хориҷиён метавонанд бидуни патент ва иҷозатномаи кор дар ширкатҳои байналмилалии Русия кор кунанд: дар сохтани иншооти барои чорабиниҳо зарурӣ пешбинишуда ва ҳангоми омодагӣ ва иштирок дар чунин чорабиниҳо.

Рӯйхати чорабиниҳо, ташкилкунандагон ва лоиҳаҳои сохтмонро ҳукумат муайян мекунад.

0
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, хатар, патент, Русия