(0:15 / 1.68Mb / просмотров видео: 956)

Дар навбатдории ҳарбӣ: Ми-24-и ФР дар ҳарими ҳавомии Сурия

10
(Таҷдидшуда 22:10 12.10.2015)
Чархболҳои нерӯи ҳавоии Русия барои ҳифозат аз фурудгоҳи пойгоҳи ҳавоии Сурия корҳои ҷустуҷӯию иктишофӣ ва наҷотдиҳиро анҷом медиҳанд. Дар ин видео гаштзании Ми-24 дар ҳудуди фурӯдгоҳро метавонед, тамошо кунед.

Ба гуфтаи намояндаи нерӯи ҳавоии Русия Игор Климов, чархболҳои зарбазанда ё ҷангии Ми-24 барои назорат ва ташкили минтақаи амн дар ҳудуди фурӯдгоҳ истифода мешаванд. Онҳо бо мушакҳои ҳавоии 30-миллиметрӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Инчунин дар ҳудуди пойгоҳи мазкур чархболҳои ҷангӣ  ва борбари навъи Ми-8АМТШ ҳам ҷойгир мебошанд.

Қаблан Вазорати мудофиаи Русия гуфта буд, ки ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ баъд аз эҳсоси хатар аз сӯи нерӯи ҳавоии ин кишвар дар Сурия техникаҳои ҳарбии худро ба манотиқи аҳолинишин ва масоҷид интиқол додаанд.

Сар аз 30 сентябри соли равон Русия бо дархости расмии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия амалиётҳои ҳавоӣ алайҳи созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро шуруъ кард, ки ҳамлаҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои низомии Су-24М, Су-34, Су-30СМ ва Су-25 анҷом дода мешаванд.

Тибқи иттилои мақомоти Русия аз аввали шуруи амалиёт неруҳои ҳавоии ин кишвар алайҳи ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия 112 зарба задаанд. Бар иловаи ин аз сӯи киштиҳои ҷангии Русия ҳам 25 мушаки круз сар дода шудааст.

10