Корвони ҳомили кӯмакҳои башардӯстона ба сокинони Донбасс

Кӯмаки навбатии ВҲФ-и Русия ба сокинони Донбасс

13
(Таҷдидшуда 10:04 16.10.2015)
Ин кӯмаки 11 ҳазор тоннаии башардӯстона иборат аз маводи ғизоӣ, лавозимоти аввалия, молҳои канселярӣ ва доруву таҷҳизоти зиди сухтор мебошад.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар ду гузаргоҳои марзии Русияву Украина расмиёти ба қайдгирии гумрукии корвони мошинҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, ки ҳомили кӯмакҳои башардӯстона ба сокинони Донбасс мебошанд, оғоз гардидааст, менависад, дафтари матбуоти ин вазорат.

"Дар ҳоли ҳозир дар ду гузаргоҳои марзии Русияву Украина, "Донетск" ва "Матвеев-Курган" расмиёти гумрукию марзӣ идома дорад", навиштааст, манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ба ду минтақа, Донетск ва Луганск тахминан ҳамин миқдори кӯмак расонида хоҳад шуд.

Ин кӯмаки беш аз 11 ҳазор тонаии башардӯстона иборат аз маводи ғизоӣ(чой, намак, консерва, ғалладона), лавозимоти аввалия, молҳои канселярӣ ва доруву таҷҳизоти зиди сухтор мебошад.

Ин бори аввал нест, Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба сокинони Донетск ва Луганск кӯмаки башардӯстона мефиристад. Моҳи августи соли 2014 корвони мошинҳои ин ниҳод ба ин минтақаҳо беш аз 49 тонна маҳсулот ҳамчун кӯмаки башардӯстона интиқол дода буданд.

Охирҳои моҳи сентябри соли равон ҳам вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия Владимир Пучков гуфта буд, ки корвони мошинҳои ҳомили кӯмаки башардӯстонаи ин ниҳод ҳар ҳафта то охири сол озими Донбасс хоҳанд шуд.

13
Барчаспҳо:
Луганск, башардӯстона, ВҲФ, кӯмак, Украина, Донбасс, ВҲФ Русия, Донбасс, Луганск, Украина, Русия
Дворец нации

Президенти Тоҷикистон 1 март бо Мирраҳмон Раҳмонӣ мулоқот мекунад

719
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Вулуси Ҷиргаи Афғонистон 1 март дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, нимаи дуюми имрӯз раиси Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллӣ - парлумони Ҷумурии Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон меояд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, дар назар аст, ки имрӯз Раҳмонӣ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Мулоқоти раиси парлумони Афғонистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон 1 март дар назар аст.

Гуфтушунид бо Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз бандҳои дигари барномаи сафари Мирраҳмон Раҳмонӣ ба Тоҷикистон мебошад.

Хабаргузории "Ховар" аз қавли котиботи Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки дар доираи сафари расмӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз низ дидан хоҳанд кард.

Ин сафар дар ҳолест, ки масоили амниятӣ аз мавзӯъҳои меҳварии муносиботи Тоҷикистону Афғонистон мебошанд. Дар пасманзари таҷаммӯи бархе аз гуруҳҳои ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷик азм доранд, ҳифзи марз бо ин кишварро таҳким бахшанд.

719
Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, парлумон, низомиён, Тоҷикистон

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

629
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

629
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Линии электропередач в мороз, архивное фото

Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон афзоиш медиҳад

0
(Таҷдидшуда 13:45 27.02.2021)
Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистони ҳамсояро афзоиш диҳад, хабар медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 3 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​содир кунад.

Аммо ниҳод таъкид кардааст, ки ҳама чиз аз ҷараёни об дар дарёи Вахш, ки иншооти асосии тавлидкунандаи кишвар дар он ҷойгир аст, вобаста хоҳад буд.

"Агар захираҳои обӣ расанд, ба кишварҳои ҳамсоя содироти беш аз 3 миллиард кВт /соат нерӯи барқ ​​имконпазир аст. Қарор аст, ки дар мавсими тобистон миқдори зиёди нерӯи барқ ​​интиқол дода шавад", - омадааст дар иттилоия.

Қайд карда мешавад, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистон ба миқдори 1,5 миллиард кВт / соат пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ҳаҷми таъминот барои Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт.

Бахши энержӣ афзудааст, ки арзиши ҳар киловатт энержӣ барои Афғонистон дар соли гузашта 4,5 сент буд. Имсол ин нишондод 3 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 1,53 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​ба маблағи беш аз 55,4 миллион доллар содир карда шуд.

Вазир гуфт, барқи қимат аз бебарқӣ арзонтар меғалтад: қарори Ҳукумат дар бораи тарофаҳо

Ин рақам нисбат ба соли 2019 тақрибан 1,4 миллиард кВт / соат камтар аст. Ин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта сатҳи обанбори Норак якбора - 17 метр коҳиш ёфт. Ҳисобкуниҳо нишон доданд, ки захира беш аз 1,5 километри мукааб кам шудааст, яъне ҳафтяки ҳаҷми обанбор.

Аз ин сабаб, истеҳсоли нерӯи барқ ​​дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт ва барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ, мақомот маҷбур буданд аз содирот ба кишварҳои ҳамсоя даст кашанд.

Қаблан, ширкати энержии Афғонистон аз Барқи Тоҷик дархост карда буд, ки дар чор моҳ нархи нерӯи барқро коҳиш диҳад.

Душанбе ва Кобул дар бораи интиқоли барқ ​​20 июни соли 2008 созишнома имзо карданд.

0