Парчами кишварҳои ИДМ. Акс аз бойгонӣ

Омодагии хадамоти вижаи ИДМ барои шиносоии ҷангиёни баргашта аз Сурия

10
(Таҷдидшуда 16:05 28.10.2015)
Интизор меравад, бо иштирокдорони ҷаласа имрӯз раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад. Раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи Қазоқистон аз хатари фаъолшавии гуруҳҳои ифротӣ дар Ховари Миёна ва Афғонистон алакай гуфта буд.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раҳбарони Шӯрои амният ва хадамоти вижаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мутсақил имрӯз дар шаҳри Маскав ҳамкорӣ дар соҳаи шиносоии ифротгароёнеро, ки дар Сурия ва Афғонистон омӯзиш дида, ба Ватан баргаштаанд, баррасӣ мекунанд.

"Баррасии равиши табодули мутақобилаи иттилоот дар мавриди анҷоми ҳамлаҳои хусусияти террористӣ дошта дар васоити нақлиёт дар нақша аст"-, омадааст, дар иттилоия.

Инчунин лоиҳаи барномаҳои ҳамкории кишварҳо — аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм ва зуҳуроти дигари зӯроварию ифротгароӣ барои солҳои 2017-2019 ва созишнома дар мавриди табодули иттилоот дар ин соҳа ҳам муҳокима хоҳад шуд.

Бар иловаи ин қарор аст, ҷаласаи ҷамъбастии комиссия дар мавриди ҳамкории илмию техникӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии байналмилалии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва амнияти иттилоотӣ баргузор шавад.

Интизор меравад, бо иштирокдорони ҷаласа имрӯз раисҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад. Раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи Қазоқистон аз хатари фаъолшавии гуруҳҳои ифротӣ дар Ховари Миёна ва Афғонистон алакай гуфта буд.

"Тибқи арзёбиҳои мухталиф, ҳоло ба ҷонибдорӣ аз ДИИШ аз 5 то 7 ҳазор зодаи Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ меҷанганд. Мо ҳам ба ҳеч ваҷҳ иҷоза намедиҳем, ки онҳо чизи омӯхтаи имрӯзаи худ дар Сурияро фардо дар хонаҳои мо тадбиқ кунанд", таъкид кард, ӯ.

Путин фаъолияти пурсамари Маркази зиддитеррористии ИДМ, ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсус ва мубодилаи иттилоотро зарур хонда, инчунин назорати бо диққати вазъ дар кишварҳои хориҷ аз иттиҳодро муҳим донист.

"Вазъ дар Афғонистон воқеан ҳам наздик ба буҳронишавист. Террористон барои таъсири бештар аз тамоми роҳҳо истифода мекунанд ва нақшаҳои рушди минбаъдаи худро пинҳон намедоранд. Яке аз ҳадафҳои онҳо ворид шудан ба минтақаи Осиёи Марказӣ аст ва аз ин рӯ, барои мо бисёр муҳим аст, ки ба хотири муқобалаи якҷоя ба ин гуна хатарҳо омода бошем", гуфт, Путин.

Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ 28 марти соли 1997 барои ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар соҳаи мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноии байналмилалӣ таъсис дода шудааст. Ҷаласаҳои ин шӯро дар лаҳзаҳои зарурӣ ва на камтар аз ду бор дар як сол дар қаламрави кишварҳои узв баргузор мешавад.

10
Барчаспҳо:
нашъаовар, кочоқ, хадамот, махсус, шӯро, ИДМ, терроризм, Путин, Сурия, вазъ, амният, мубориза, Афғонистон, ҷаласаи Шӯрои амният, ИДМ, Владимир Путин, Афӯонистон, Сурия, Тоҷикистон, Русия