Мануэл Валс. Акс аз бойгонӣ

Валс: ҳамлаҳои Порис аз Сурия ташкил ва роҳандозӣ шуданд

13
(Таҷдидшуда 14:17 16.11.2015)
Нахуствазири Фаронса ҳушдор додааст, ки дар давоми ҳафта ва моҳҳои оянда эҳтимоли сурат гирифтани ҳамлаҳои нави ҳаросафканон дар кишвараш вуҷуд дорад ва онҳоро зарур аст, барои он омодагӣ бубинанд.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ҳамлаҳои хунин ва бесобиқаи террористии Порис дар ҳафтаи гузашта аз қаламрави Сурия ташкил ва роҳандозӣ шудаанд, навиштааст РИА Новости бо истинод ба радиои "RTL" ва нахуствазири Фаронса Мануэл Валс.

Эмомали Рахмон. Архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

"Ин ҳамлаҳо аз қаламрави Сурия барномарезӣ, ташкил ва роҳандозӣ шудаанд", — гуфтааст ҷаноби Валс дар суҳбат бо "RTL".

Ин силсила ҳамлаҳо дар шаҳри Порис шоми ҷумъа ба шанбеи ҳафтаи гузашта сурат гирифтанд.

Афроди номаълум дар ошхонаи воқеъ дар округи 10-уми шаҳри Порис оташ кушода, дар наздикии варзишгоҳи "Стад де Франс", ки дар он вохурии дустонаи дастаи мунтахаби футболи Фаронсаву Олмон дар ҳузури президент Франсуа Оланд идома дош, ба вуқуъ пайваст.

Инчунин афроди номаълум вориди бинои театри "Батаклан", воқеъ дар округи 11-уми Порис шуда, баъзе аз тамошобинонро ҳам ба гарав гирифтанд.

Шумори қурбониёни ин ҳамлаҳои ҳаросафкании Порис наздик ба 130 нафар арзёбӣ мешавад.

13
Барчаспҳо:
округ, 130 нафар, Порис, ҳаросафканӣ, Фаронса, Сурия, қурбонӣ, террористӣ, ҳамла, ҳушдор, телевизиони RTL, РИА Новости, Мануэл Валс, Франсуа Олланд, Порис, Фаронса, Сурия
Мавзуҳо:
Ҳамлаҳои хунин дар Порис: изтироби ҷаҳониён (12)