ВАО: вулусволии Юмгон ба тасарруфи “Толибон” даромад

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкМарзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ки қисмате аз вулусволии Юмгон ба тасарруфи Толибон даромадааст.

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Волии вилояти Бадахшони Афғонистон Аҳмад Файсал Бекзод мегӯяд, қисмате аз вулусволии Юмгон, ба шумули иморати фармондеҳии амният ва бахше аз маркази ин минтақа — шаҳри Юмгон  ба тасарруфи «Толибон» гузаштааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои хориҷӣ.

Вулусволии Бадахшони Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷангҷӯён 9 ноҳияи Бадахшони Афғонистонро зери назорати худ гирифтаанд

"Аснои даргирӣ бист нафар афроди Толибон кушта шуданд. Ҳамчунин, як зиреҳпӯши душман сарнагун шудааст, ки 6 нафари кушташуда дар дохили он ҷангиёни хориҷӣ будаанд",- илова кардааст волӣ.

Ба навиштаи ВАО ва бо такя ба мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон чанд нафар аз нерӯҳои артиши миллӣ ва пулиси маҳаллӣ, аз ҷумла мудири амнияти вулусволии Юмгон кушта шудаанд. Ба гуфтаи Аҳмад Файсал Бекзод, дар вулусволиҳои Вардуҷ, дараи Хустаки Ҷирм ва Юмгон ҳудуди 250 ҷангии хориҷӣ, ба шумули ҷангҷӯён аз Осиёи Миёна дар канори Толибон қарор доранд ва алайҳи нерӯҳои Афғонистон меҷанганд.

Маврид ба ёдоварист, ним сол қабл аз ин "Толибон" ин вулусволиро тасарруф карда буданд ва барои чанд моҳ дар ихтиёр доштанд, аммо нерӯҳои давлатии афғон бо роҳандозии амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ, ин вулусволиро дубора тасарруф карданд.  

 

Лентаи хабарҳо
0