Амалиёти мақомоти вижа дар Бишкек

Амалиёти вижа дар Бишкек: боздошти ду террорист

10
(Таҷдидшуда 15:02 11.12.2015)
Алмосбек Атамбоев аз роҳандозии амалиёт изҳори хушнудӣ карда, ба мақомоти вижа ва қудратии кишвараш супориш додааст, ки чораҳои ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлубро дар қаламрави ҷумҳури тақвият бахшанд.

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Шаби гузашта дар маҳаллаи мавсум ба "Восток-5" дар Бишкек ду узви гуруҳи байналмилалии терористӣ аз байн бурда шуд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба дафтари матбуотии Кумитаи миллии амнияти Қирғизистон.

Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ шаби гузашта дар пойтахти Қирғизистон амалиёти вижа алайҳи террористон роҳандозӣ гардида, зимни муқовимати мусаллаҳона ду узви гуруҳи байналмилалии терористӣ кушта шуданд. Як корманди таъиноти махсус ҷароҳат бардошт, аммо вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мегардад.

Амалиёти махсус дар қаламрави бозори "Мадина" баргузор шуд. Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки террористон нақшаи амалӣ кардани чанд амалиёти террористиро дар Бишкек ва вилояти Чуй дар сар доранд.

Аснои амалиёт аз ҷои ҳодиса чор силоҳи Макаров бо тирдонҳо, норинҷаки дастии тамғаи Ф-1, таҷҳизоти таркандаи худсохт бо ҷузъҳояш, инчунин чанд телефони мобилӣ ва ниқоб дарёфт шудааст.

Роҳбари ҶҚ аз фаъолияти мақомоти қудрати изҳори хушнудӣ карда, аз онҳо даъват сохт, ки дар амри ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб фаъолияташонро тақвият бахшанд.

10
Барчаспҳо:
тафтишот, муоқовимат, пойтахт, таҷҳизот, даъват, ҷилавгирӣ, ҳодиса, номатлуб, қочоқ, терроризм, Макаров, боздошт, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Бишкек, Қирғизистон
Мавзуъ
Душанбе ва Бишкек боз ҳам масоили марзиро баҳс мекунанд
Дар Бишкек гурӯҳи занонаи “Ҳизб-ут-Таҳрир” маҳв шуд
Дар Бишкек мавориди ҳамла ба кӯдакон афзоиш ёфтааст