Учения спецназа. Архивное фото

Дастаи таъиноти махсус қуллаи кӯҳро дар Варзоб “фатҳ” кард

92
(Таҷдидшуда 14:18 15.12.2015)
Ҷузву томи таъиноти махсуси ВКД қуллаи кӯҳ дар Варзобро, ки дар он тибқи ривояти тамриноти таълимӣ урдугоҳи “террористон” ҷойгузин буд, фатҳ кард.

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Сарбозону афсарони дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохила дар кӯҳҳои Варзоб тамриноти таълимӣ доир карданд, иттилоъ медиҳанд сохторҳои мақомоти дохилӣ.

"Ҷузву томҳои таъиноти махсуси қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД рӯзи 14 декабр дар яке аз минтақаҳои душворгузари кӯҳистони Варзоб тамринот доир карда, қуллаи барфпӯшро фатҳ намуданд",- омадааст дар иттилоъия.

Вазифаи даста аз нобуд кардани гурӯҳи шартии ҷангиёни террорист дар баландии барфпӯш иборат буд.

Дастаи таъиноти махсус бо сабку услуби хосаи амалиёт ба "нуқта" наздик шуда, бо як ҳамла урдугоҳи "террористон"-ро забт карданд. Кулли ҷангиён нобуд карда шуданд.

Хадамоти матбуотии ВКД мегӯяд, баргузории чунин тамринот барои санҷиши ҳолати омодабош ва баландабардории вазъи рӯҳии сарбозону афсарон мусоида мекунад.

92
Барчаспҳо:
машқ, ҳамла, нобудсозии урдугоҳи террористон, ғасби қуллаи кӯҳ, тамринот, қисми низомии 3502, Дастаи таъиноти махсуси ВКД, Варзоб, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар Душанбе натоиҷи тамриноти низомии СПАД баррасӣ мешаванд