Қодиров: иштирокчиёни эътилоф бояд аз баҳсҳо худдорӣ кунанд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкРамазон Қодиров, сарвари ҷумҳурии Чеченистон
Рамазон Қодиров, сарвари ҷумҳурии Чеченистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли сарвари Чеченистон, кишварҳои ғарбӣ ба “рӯшан кардани муносибатҳо” машғуланд, на ба мубориза алайҳи ДИИШ ва таҳкиму устуворгардонии ҳукумати Башор Асад.

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кишварҳои аъзои эътилоф бояд аз "муайянкунии муносибот"  даст кашанд, чунки ин метавонад, ба низоҳои бузург ва ҳатто ба даргириҳои мусаллаҳона оварда расонад, изҳор дошт сарвари Чеченистон Рамзан Қодиров.

Ҳамин тавр, ба гуфти  президенти Чеченистон ба ҷои мубориза бо терроризми байналмиллалӣ,"мамлакатҳои ба ном эълтилоф ба равшанкунии муносибатҳои байнихудӣ машғуланд".

"Нобудии комили ДИИШ ва устуворсозии ҳукумати Башор Асад  дар Ховари Миёна ба нақшаи ҷангӣ ва инқилобӣ робита надорад. Лекин онҳо бояд қабул дошта бошанд, ки қоидаҳои бозӣ ҳамакнун на аз тарафи Ғарб, балки аз ҷониби ИМА роҳандозӣ мешаванд"-хулоса кард Қодиров.

Вазорати мудофиаи Арабистони Саудӣ ҳафтаи гузашта изҳор дошт, ки тайёр аст неруҳои ҳавоии худро барои мубориза бар зидди ДИИШ дар Сурия ҷой диҳад. Аморати Муттаҳидаи Араб низ изҳороти ба ин монанд доштанд. Роҳбари Пентагон Эштон Картер рӯзи ҷумъа гуфт, ки АМА мехоҳад қувваҳои вижаи худро барои ёрӣ ба гуруҳҳои суннимазҳаб, ки дар шаҳри Раққаъи шимоли Сурия алайҳи ДИИШ меҷанганд, равона кунад.

Шурӯъ аз 30 сентябри соли 2015 Русия бо хоҳиши Башор Асад ба нуқтаҳо ва иншоотҳои мухолифони ДИИШ ба Сурия  зарбаҳои ҳавоии худро равона кард. Дар давоми ин ҳодисаҳо нерӯҳои ҳавоӣ бо иштироки киштиҳои флоти Каспий ва киштии зериобии баҳри Сиёҳ "Ростов лаби Дон" садҳо нафар ҷангиён ва ҳазорҳо иншооти террористонро нобуд сохтанд.

Дар баробари ин бо роҳбарии ИМА қувваи "эътилоф алайҳи ДИИШ", бе мандати дахлдор аз ҷониби ҳукумати Сурия низ зарба мезанад. Бо ин қувва Русия ҳангоми парвозҳои ҳавоӣ дар минтақа табодули маълумот доранд, вале ҳамоҳангсозии наздиктар ҳоло нест. Дар ҳамин ҳол, Ғарб Русияро дар зарба алайҳи ҳам террористон ва ҳам мухолифони мӯътадил муттаҳам месозад. Вазорати мудофиаи Руссияро ин изҳоротро беасос арзёбӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0