Масъулини мақомоти қудратӣ ва мушовирон дар ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон

Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва вазороти қудратии Тоҷикистон

340
(Таҷдидшуда 18:32 16.02.2016)
Раисҷумҳури Тоҷикистон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба ҳузур пазируфт.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Воҳидов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шудааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Ба иттилоъи манбаъ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар вазоратҳои мудофиа,  корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, бо онҳо суҳбати муфассал дошт.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Воҳидов Фарҳод Камолович муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Файзуллоев Изатулло Ҳабибуллоевич муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо президент Шарипов Шомуддин Ҳасанович сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон таъин гардидаанд.

Инчунин, Худойбердиев Муродалӣ Раҷабалиевич сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ба ҷуз ин, намояндаҳои вазорати мудофиа ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  ва вобастаҳои низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардиданд.

340
Барчаспҳо:
мансабҳои нав, вазифа дар мақомоти қудратӣ, таъиншавӣ, тағйирои кадрӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, КДАМ, президенти Тоҷикистон, Худойбердиев Муродалӣ Раҷабалиевич, Шарипов Шомуддин Ҳасанович, Файзуллоев Изатулло Ҳабибуллоевич, Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷилавгирии КДАМ-и Тоҷикистон аз ҳодисаи одамрабоӣ