Сатторов Имомуддин. Акс аз бойгонӣ

Маскав: дидору мулоқоти сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДДХР

35
(Таҷдидшуда 15:13 01.03.2016)
Сафир бо раиси донишгоҳ ва бархе аз ҷавонони тоҷик, ки дар ин даргоҳи олии таълимӣ мехонанд, мулоқот анҷом дод.

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов бо ректори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия Владимир Филиппов мулоқот карда, масоили марбут ба таҳсили донишҷӯёни тоҷикро дар ин муассисаи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии сафорат, дар ҷараёни суҳбат  масоили ҳамкории Тоҷикистон бо донишгоҳи номбурда мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо дар мавриди рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни тарафҳо табодули назар намуданд.

Ҳамчунин, пешниҳодҳои мушаххас оид ба тақвияти ҳамкории судманд баён шуданд, ки дар асоси тартиботи корӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Айни замон дар ин донишгоҳ беш аз 250 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамояд. Сафири Тоҷикистон баъд аз дидораш бо ректори донишгоҳ бо чанде аз донишҷӯёни фаъоли ДДХР мулоқот намуд.

Зимни нишаст оид ба паҳлӯҳои гуногуни сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла амиқ омӯхтани фанҳо ва технологияи муосир, рушди касбҳои зарурӣ табодули афкор сурат гирифт. Ба раъйпурсии дар пешистода оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ҳудуди 27 ҳазор донишҷӯ, аспирантон, коромӯзон ва таълимгирандагон аз 152 давлати дунё таҳсил менамоянд.

35
Барчаспҳо:
нишаст, донишҷӯёни тоҷик, суҳбат, сафир, дипломати тоҷик, мулоқот, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН), Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Владимир Филиппов, Имомуддин Сатторов, Русия, Маскав