Сарбозони артиши Тоҷикистон аснои тамрини таълимӣ. Акс аз бойгонӣ

Даъвати наваскарон ба Артиши Тоҷикистон

172
(Таҷдидшуда 14:29 15.03.2016)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон муваззаф шудааст, ки табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати баҳорӣ ба суфуфи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар соли 2016 оғоз мегардад, менависад дафтари матбуотии президент.

Ба иттилоъи манбаъ, имрӯз фармони сарвари давлат, ҳамзамон Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" содир шуд.

Ҳамин тавр, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2016 аз сафи ҚМ ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Зимнан, моҳҳои апрел-майи соли 2016 шаҳрвандони ҷинси марде, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд ва шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи артиш даъват карда мешаванд.

Дар робита ба иҷрои банҳои фармони раисҷумҳур, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъвати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шудаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби наваскарон ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

172
Барчаспҳо:
аскарӣ, хидмат, даъвати наваскарон, даъвати баҳорӣ, Комиссариати ҳарбии ҶТ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

262
(Таҷдидшуда 21:00 29.09.2020)
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян телефонӣ суҳбат карданд, хабар медиҳад, хадамоти Шӯрои амнияти кишвар.

Ҳамин тавр, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Маҳмудзода ҳалли мусолиматомези вазъи Қарабоғро таъкид кард.

Дар навбати худ, Григорян таъсири манфии Туркияро ба амнияти минтақавӣ қайд кард.

Вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ

Аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар аввали даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи душанбе дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Даргириҳо дар ин манотиқ рӯзи 27 сентябр оғоз шуд.

262
Барчаспҳо:
баррасӣ, даргирӣ, вазъият, Қарабоғи Кӯҳӣ

Миёнаравии Русия барои қатъи мухолифати мусаллаҳонаи Арманистону Озорбойҷон

327
Вазорати умури хориҷии Русия тамоми талошашро равона мекунад, то мухолифати мусаллаҳона миёни Озарбойҷону Арманистон бартараф карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтушунидҳо дорад, то Арманистону Озарбойҷон сари мизи музокирот нишинанд, хабар дод намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова.

Лавров аллакай бо ҳамтоёнаш аз Арманистону Туркия гуфтушунид карда, дар назар аст, чунин як суҳбат бо ҷониби Озорбойҷон низ анҷом дода шаавад. Манбаъ афзуд, Русия миёнаравияшро барои ба эътидол овардани вазъ миёни Озорбойҷону Арманистонро идома медиҳад.

То ҳол ҷонибҳоро борҳо ба қатъи даргириҳои мусаллаҳона даъват карда буданд. Аз ҷумла бо чунин даъватҳо ба ҷониби Арманистону Озорбойҷон намояндагони Австрия, Фаронса, Олмон, Гурҷистон ва инчунин намояндаҳои Шӯрои Аврупо, СААД ва САҲА муроҷиат карда буданд.

Ба ҷонибҳои даргир инчунин Попи Рум зимни мавъизаи анъанавияш муроҷиат намуда, даъват кард, ки қадамҳои мушаххас сӯи бародарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бидуни истифода нерӯ, гузошта шавад.

Шаби гузашта мухолифати мусаллаҳона миёни Арманистону Озорбойҷон рух дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд.Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Роҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ҳолати низомӣ эълон кардааст. Ҳукумати Арманистон низ дар кишвар ҳолати низомӣ эълон намудааст.  

327
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, Русия
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон