Ҳавопаймоҳои ҷангии СУ-25СМ

Беш аз 20 парвози халабонони низомии Русия дар Тоҷикистон

50
(Таҷдидшуда 13:14 16.03.2016)
Экипажи халабонҳо ба тамрингоҳҳои минтақаҳои кӯҳие, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгиранд, парвоз анҷом дода, дар фазо тарзи гирифтани маълумотро аз нуқтаҳои назоратӣ, ки дар ноҳияҳои омӯзишӣ назорат карда мешавад, иҷро намуданд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Халабонони рус дар доираи омӯзиши муштараки низомии  Русияву Тоҷикистон зиёда аз 20 парвоз анҷом дода, ҷойҳои хатарнокро тафтиш намуданд, баъдан захираҳои моддӣ ва сипас десантчиёнро ба маҳалли ҳодиса фуруд оварданд.

"Ҷангандаҳои бомбапартои Ту-22М3, ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25СМ,  чархболҳои ҳамлакунандаи Ми-24 ва нақлиёти ҷангии Ми-8, аз фурудгоҳи "Айнӣ", ки дар наздикии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, парвозро шурӯъ карданд. Парвозҳо дар баландии наонқадар зиёд анҷом дода шуданд. Халабонҳо наздики 23 соатро дар осмон гузаронида, наздики 100 тонн сӯзишвориро сарф намуданд",- гуфта мешавад дар иттилоияи дафтари матбуотии Округи Ҳарбии Марказӣ (ОҲМ).

Ҳамчунин қайд мешавад, ки экипажи бомбапартои Ту-95 МС ба тамрингоҳи минтақаҳои кӯҳие, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгиранд  парвоз анҷом дода, дар фазо тарзи гирифтани маълумотро аз нуқтаҳои назоратӣ, ки дар ноҳияҳои омӯзишӣ назорат карда мешавад, иҷро намуданд. Экипажҳо наздики 8 ҳазор км-ро дар фазои  Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар муддати 11 соат тай намуда ба фурудгоҳи вилояти Саратов бо муваффақият фуруд омаданд.

Дар размоишҳои муштараки неруҳои ҳарбии Тоҷикистону Русия   беш аз 50 ҳазор афсару сарбоз, 950 техникаи  зиреҳпӯшу артиллерия, 32 ҳавопаймо ва чархболҳои низомии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва 2 ҳазор низомиёни Русия ширкат доштанд.

Дар таърихи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия бори нахуст ғайр аз афсарон ва сарбозони  Пойгоҳи низомии 201-уми  Русия дар Тоҷикистон, инчунин қувваҳои иловагии ҳарбии ОҲМ ширкат меварзанд.

Роҳбари омӯзишҳо сардори кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа генерал-майор Эмомалӣ Собирзода буда, рафти омӯзиш аз ҷониби вазири мудофиаи кишвар генерал-лейтенант Шералӣ  Мирзо назорат карда мешавад.

Пойгоҳи низомии 201- таркиби бузургтарин қувваҳои мусаллаҳи Русия берун аз марзи он шинохта мешавад. Мувофиқи созишномаи соли 2012 аз ҷониби ду президент (ҶТ ва ФР) ба имзо расида, ин пойгоҳ то соли 2042 дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард. То соли 2015 қисмҳои алоҳидаи пойгоҳи низомии 201 дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғантеппа ва Кӯлоб ҷойгир шуда буданд. Аввалҳои моҳи декабр полки 149-ум аз шаҳри Кӯлоб ба мавзеъи Лоҳури Душанбе кӯчонида шуд. Моҳи сентябри соли 2015 ҳайати  қувваҳои мусаллаҳ бо чархболҳо дар фурудгоҳи Айнӣ пурра гардид. 

50
Барчаспҳо:
СУ-25СМ, ҳавопаймоҳо, тамринот, парвоз, Округи ҳарбии марказии Русия, ОҲМ, пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон, фурудгоҳи Айнӣ, тамрингоҳи "Лоҳур", Душанбе, вилояти Саратови Русия, Русия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Амалиёти "густурда"-и Русия ва Тоҷикистон алайҳи террористон (7)
На таджикский-афганской границе, архивное фото

Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт

655
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар бораи сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақл кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки ахиран ба ВМКБ сафари хидматӣ дошта аз вазъ дар сарҳад бо кишвари ҳамсоя Афғонистон огаҳӣ пайдо кардааст.

Ба гуфти Раҳимзода, ҳоло вазъ дар марз ором аст ва кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо марзбонон ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба ҳимояи марз машғул ҳастанд.

Дарозии марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон 1 ҳазору 370 километрро ташкил дода, аксари он аз манотиқи куҳӣ убур мекунад, ки назорату нигоҳубини онро мушкил менамояд.

Вазъият дар умум дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар кишвар зуд зуд миёни низомиёни давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳамлаҳои мусаллаҳона сар мезанад. Дар баробари ин вақтҳои охир дар Афғонистон аъзоёни гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фаъол шудаанд.

Фармондеҳони марзии ИДМ дар Самарқанд вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд

Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш доданд, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

655
Барчаспҳо:
вазъият, марз, Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ, Тоҷикистон, ВКД ҶТ
Спецназ Таджикистана на 201-й российской военной базе, архивное фото

ВУД Тоҷикистон: дар соли равон аз ду амали террористӣ ҷилавгирӣ кардем

178
(Таҷдидшуда 14:54 03.08.2020)
Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон имрӯз эълон доштанд, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ ду амали террористӣ пешгирӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шодӣ Ҳафиззода , сардори раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки террористон қасд доштанд  кормандони милитсияро дар Рашту Шаҳринав кушанд.

 Вай афзуд кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон аз ду амали террористӣ, ки террористон аввали сол онҳоро нисбат ба кормандони милитсия дар ноҳияҳои Рашт ва Шаҳринав тарҳрезӣ карда буданд, пешгирӣ намуданд.

“Ҳар ду амали террористиро ҷонибдорони созмони террористтии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” содир карданӣ буданд”, - таъкид дошт сардори Раёсат.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯйи далели омодагӣ ба амали террористӣ чанд нафар аъзои “Давлати исломӣ” аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аммо ӯ аз ифшои ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли равон 247 нафар шаҳрвандони кишвар ба гумони узвият ё робита доштан бо созмонҳои террористӣ ва ифротгаро боздошт шудаанд.

Аз ин шумор 203 нафараш аъзои созмони “Ихвон ул-муслимин” (Бародарони мусалмон), 27 нафар аъзои ташкилоти террористӣ-экстреместии “Давлати исломӣ”, 17 нафар “Салафия”, 8 нафар ҷамоати “Ансоруллоҳ”, чаҳор нафар “Гурӯҳи 24”, се нафар ҲНИТ, се нафар “Ал-Қоида”, ду нафар “Ҳизб-ут-Таҳрир”, як нафар ҳаракати исломии Ӯзбекистон, як нафар аъзои гурӯҳи Толибон ва як нафар дигар аъзои “Ҷамоати таблиғ”  буда, онҳо дар ҳоли ҳозир дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷиноятӣ ҷалб шуданд.

178
Барчаспҳо:
Вазорати умури дохила, Тоҷикистон, ҷилавгирӣ, амали террористӣ, ВУД
Шанхай, архивное фото

Чин мӯҳлати пардохти қарзи 40-миллионии Тоҷикистонро ба таъхир андохт

0
Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон боздошт

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Пардохти қарзи Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 40 миллион доллар муваққатан ба таъхир андохта шуд. Дар ин бора муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Чин вазъи мураккаби иқтисодии Тоҷикистонро дар робита бо пандемияи коронавирус ба назар гирифта, мӯҳлати пардохти онро тамдид кард.

Афзун бар ин, Чин дар робита бо мушкилии молии пайи пандемияи коронавирус қабули пардохтҳои қарзиро аз 77 кишвар боздошт.

Пештар Вазорати молия гуфта буд, қарзи умумии берунаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 3 миллиарду 96 миллионро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки қарзи бештари Тоҷикистон, 36 дар сади он, ба бонки Чин рост меояд, ки он 1 миллиарду 133,4 ҳазор доллар аст.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

 

0