Марзбон дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Низомиёни Русия марзи Тоҷикистонро ҳимоя намекунанд

185
(Таҷдидшуда 16:23 24.03.2016)
Тоҷикистон ҳимояи марзашро бо Афғонистон аз Русия дархост накардааст. Теъдоди низомиёни рус дар пойгоҳи ин кишвар мустақар дар ҷумҳурӣ зиёд намешавад.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар мусоҳиба бо Deutsche Welle муовини вазири мудофиаи ФР Анатолий Антонов гуфт, Русия тасмим надорад, ки шумори сарбозонашро дар Тоҷикистон зиёд кунад.

Ба гуфти ӯ, Тоҷикистон ба Русия дар бораи ҳифзи сарҳад дархост нафиристодааст.

Антонов қайд намуд, ки то ҳол Тоҷикистон барои таъмини силоҳ ва таҳкими нерӯҳои муссалаҳи худ аз мо ёрӣ хостаст ва мо маҳз дар ин бахш Тоҷикистонро дастгирӣ менамоем.

"Имрӯз шумораи низомиён, ки дар он минтақа қарор доранд ба ҳифзи бехатарии Тоҷикистон ва Русия мувофиқ аст",- мегӯяд муовини вазири мудофиаи ФР.

Пойгоҳи 201- уми Русия мустақар дар ҶТ бузургтарин қисми низомии ФР дар хориҷ аз он кишвар мебошад.

Назарсанҷӣ

Русия бояд ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро ба ӯҳда бигирад?
  • Ҳа, Русия дӯсти мост
    16.2% (6)
  • Не, худамон аз ӯҳдааш мебароем
    29.7% (11)
  • Силоҳ диҳад бас аст
    37.9% (14)
  • Дар марз бо Афғонистон мушкилӣ нест
    13.5% (5)
  • Ба ман фарқ надорад
    2.7% (1)
Раъй доданд: 37

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш тамриноти муштараки мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Русия дар тамрингоҳҳи вилояти Хатлон ба анҷом расид. Бори аввал ба омӯзишҳо аз ҷониби Русия гурӯҳҳои авиатсионии: ҷангандаҳои бомбапартои Ту-22М3, ҳавопаймоҳои ҳамлакунандаи Су-25СМ, бомбаандозҳои Су-24М, чархболҳои ҳамлакунандаи Ми-24 ва налиёти ҷангии Ми-8, ҳавопаймоҳои нақлиёти авиатсионӣ ҷалб шуданд.

Дар тамринот мақомоти ҳарбии вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Округи марказии Ҳарбии Русия, зиреҳпӯшу тӯпҳо, воҳидҳои вижа, инчунин гурӯҳҳои десантии ҳавоӣ ширкат карданд.

185
Барчаспҳо:
андеша, бозгашт, назар, сарҳад, теъдод, марз, Вазорати мудофиаи Русия, Анатолий Антонов, Тоҷикистон, Русия
Афганский офицер безопасности

Ҳамлаи Толибон ба низомиён дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

817
(Таҷдидшуда 14:17 19.01.2021)
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар шабонарӯзи гузашта ҳадафи як қатор ҳамлаҳои гуруҳи тундрави Толибон қарор гирифтаанд, яке аз онҳо дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон рух додааст

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷангиёни гуруҳи мамнӯи Толибон шаби гузашта дар ноҳияи Хоҷаи Ғори вилояти Тахор, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, низомиёнро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Афғонистон, нерӯҳои давлатӣ тавонистанд, ҳамлаи Толибонро* пас гардонанд. Манбаъ афзуд, зимни даргирӣ ҳашт нафар толиб кушта шуда, ҳафт нафари дигар маҷруҳ гардидаанд.

Таъкид шудааст, ки аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ танҳо як нафар маҷруҳ шудааст.

Ба иттилои Вазорат, ҷангиёни толиб ҷасади ҳамроҳонашонро гирифта ба волусволии Дашти Арчӣ ақибнишинӣ кардаанд.

Дар баробари ин Вазорати мудофиаи Русия аз 5 ҳамлаи дигари Толибон хабар додааст, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ пас гардонда шудааст. Дар маҷмуъ таъкид шудааст, ки тайи як шабонарӯз ҳудуди 60 толиб кушта шуда, 42 нафари дигар маҷруҳ гардиданд.

*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия

817
Барчаспҳо:
Толибон, ҳамла, Афғонистон, Тоҷикистон
Хобгоҳи сарбозон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

2412
(Таҷдидшуда 12:26 19.01.2021)
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

2412
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон
Тими наврасони Тоҷикистон (U-17)

Рақибони тими наврасони тоҷик дар "Ҷоми Иттиҳод" муайян шуданд

0
(Таҷдидшуда 20:41 20.01.2021)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рақибони дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ оид ба футбол – “U-17”-ро дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” номбар кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.

“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”,  - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.

0
Барчаспҳо:
Ҷом, Футбол, Тоҷикистон