Сайругашти сайёҳон дар Майдони Сурхи Маскав. Акс аз бойгонӣ

Коршиносон: Русия мақоми давлати абарқудратро ба худ баргардонд

47
Амалиёт дар Сурия боиси муваффақияти Кремл шуд. Дар баробари ба анҷом расонидани ин амалиёт Русия худро бозингари асосӣ дар арсаи ҷаҳонӣ нишон дод, менависад нашрияи фаронсавӣ Le Monde.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Русия куллияи ҷаҳонро маҷбур сохт, то амалиётҳои гузаронидаашро мушоҳида карда, ба нуқтаи назари ӯ гӯш диҳанд, иттилоъ медиҳад Le Monde.

Чанде пеш Русия ду маъракаи вижаро пушти сар кард- хурӯҷи  нерӯҳои низомӣ аз Сурия баъди бо муваффақият ба анҷом расонидани  амалиётҳо ва солгарди баргардонидани Қрим, менависадмуаллифи мақола.

"Ҳодисаи якум триумфалӣ, дуюм- камтар. Дар умум бошад, ин ҳодисаҳо барои ҷомеаъи Русия гардиши сеюм- барқароркунии иқтидори кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Ин ҳақиқати нав аст ва Аврупоро мебояд инро қабул намояд",- менависад нашрия.

Амалиёт дар Сурия муваффақияти бузурги Кремл ва таблиғи хеле хуб барои саноати мудофиаи ин кишвар гардид. Ғайр аз ин Русия имкон пайдо намуд, то дар баробари неруҳои миллии он кишвар амал намояд ва дар Ховари Миёна мақоми худро нишон диҳад. Ва  замоне, ки дар Сурия ба созиш расиданд, фаъолият метавонад анҷом ёбад, қайд мекунад Le Monde.

Президенти Русия Владимир Путин иштибоҳҳои ИМА-ро дар Ироқ такрор накард ва аз изҳороти худнишондиҳанда дар намуди  ҳолливудӣ худдорӣ намуда, танҳо қайд кард, ки вазифаи дар пеши Русия истода иҷро гардид, мегӯяд муаллифи мақола.

Дар баробари ин бозгашти қувваҳои низомӣ маънои ақибнишиниро надорад,- Русия пойгоҳи баҳрии худро дар Тартус ва авиабазаи навро дар Хмеймим нигоҳ медорад.  

47
Барчаспҳо:
абарқудрат, бозгашт, ҷанг дар Сурия, хурӯҷ, маҷаллаи Le Monde, президенти Русия, Владимир Путин, Хмеймим, Тартус, Қрим, Сурия, ИМА, Русия, Маскав
Мавзуъ
Ҳудуди 43%-и сокинони ФР ҷанги Сурияро ҳодисаи муҳими сол медонанд
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

1738
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

1738
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

649
(Таҷдидшуда 20:33 16.01.2021)
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ мавқеашро бетағйир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.

Гузоришгарон  ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд,  маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.

Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон бо 20 чархбол, 253 тонк, 400 техникаи зиреҳпӯш, 80 тӯбхона ва 125 проекторҳои мушакӣ мусаллаҳ аст. Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.

Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.

Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон  дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.

Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.

Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд

Артиши  Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.

649
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера

Ваъдаи пирӯзӣ дар ҳар бозӣ: тими "Хуҷанд" сармураббии навашро эълон кард:

0
(Таҷдидшуда 10:25 19.01.2021)
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.

Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра ба даст овард.

Дар мавсими 2020, Хоҷаева ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.

"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.

0
Барчаспҳо:
интихоби сармураббӣ, тими футболи "Хуҷанд", Тоҷикистон