Марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Гуфтушуниди мақомоти Тоҷикистону Афғонистон барои раҳоии ду сокини ҶТ

37
(Таҷдидшуда 13:37 28.03.2016)
Масъулини баландпояи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои раҳоии ду сокини кишвар, ки рӯзи 25 март аз сӯи гурӯҳи ҷиноии Афғонистон, дар яке аз қитъаҳои сохтмони роҳи Шӯрообод-Шоҳон гаравгон гирифта шуданд, бо намояндагони он сӯи Ому ба музокирот пардохтанд.

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Гуфтушунидҳо ҳам бо намояндагони мақомоти расмӣ ва ҳам бо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки дар назди марзи муштарак амалиёт гузаронидаанд, ҷараён доранд, иттилоъ медиҳад бахши робита бо ҷомеъаи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон.

"Бовар дорем гаравгонон дар фурсати наздиктарин бидуни пешниҳоди ҳар гуна шартҳову истифода аз нерӯ озод карда мешаванд", — қайд мешавад дар хабари манбаъ.

Сарчашмаи хабар мегӯяд, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ шоми ҳамон рӯз (25 март) ба макони ҳодиса, ҷое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба гаравгон гирифтанд (дар қитъаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Шоҳон-шарҳи идора) рафтааст. Ӯ бо фармони раисҷумҳур роҳбарии як комиссияи вижаи ҳукуматиро оид ба тафтиши муноқишаи мусаллаҳона дар марз ба зимма дорад.

Тибқи иттилои ВАО, баъд аз зӯҳри 25 март гурӯҳи қочоқбарони афғон ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон ва бо худ ба қаламрави Афғонистон бурданд.

Дар мавриди маҷруҳону ҳалокшудаҳо расонаҳои Тоҷикистон бо истинод ба манобеъи мухталиф иттилоъ дода буданд, ки дар пайи ин ҳамлаи мусаллаҳона касе кушта нашуда, як кас ҷароҳат бардоштааст ва ду нафари дигар гаравгон гирифта шудаанд.

 

37
Барчаспҳо:
гуфтушунид, ду нафар, гаравгон, боздошт, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, КДАМ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Хоҳон, Бадахшони Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раҳмон: ҳифзи сарҳад беш аз ҳарвақта ҳушёриро талаб мекунад