Дар "Эделвейс" шаҳраки ҳарбӣ бунёд мекунанд

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкТамриноти низомӣ дар пойгоҳи Эделвайс. Акс аз бойгонӣ
Тамриноти низомӣ дар пойгоҳи Эделвайс. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тирамоҳи соли равон дар вилояти Исиқкул машқу тамриноти низомӣ баргузор мешавад. Ин омӯзиш дар доираи барномаҳои СҲШ бузургтарин дар минтақа маҳсуб меёбад.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дар Қирғизистон бо мақсади баргузории аввалин омӯзишҳои бузурги ҳарбӣ бо ибтикори Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таҳти шиори "Рисолати сулҳ-2016" шаҳраки низомӣ бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶҚ.

Омӯзишҳои ҳарбии "Рисолати сулҳ-2016" аз 5 то 12 сентябри ҳамин сол дар пойгоҳи тамринотии "Эделвейс" дар вилояти Исиқкули Қирғизистон доир мегарданд. Дар ҷараёни он низомиёни Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Чунин омӯзишҳо дар минтақаҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва Тоҷикистон гузаронида шуданд. Дар Қирғизистон чунин намуди омӯзишҳои бузург дар доираи барномаи СҲШ барои бори аввал гузаронида мешавад.

Сергей Лебедев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони СПАД, СҲШ ва ИДМ терроризм ва муҳоҷиратро баррасӣ карданд

Айни замон дар минтақаи "ҷангӣ" сохтмони иншоотҳои ҳарбӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмиллалӣ босуръат идома дорад, иттилоъ медиҳад Ситоди генералӣ.

Моҳи июн дар Қирғизистон  музокироти сеюм —даври ниҳоии музокироти кормандони низомии кишварҳои аъзои СҲШ оид ба ташкили омӯзишҳои ҳарбӣ баргузор мегардад. Дар ҷаласаи  дуюм, ки  дар Қирғизистон доир шуд, намояндагони кишварҳои СҲШ макони баргузории омӯзиш, тарзи амалиётҳо ва шумораи ҳарбиёни ҳар як давлатро баррасӣ намуданд.

Омӯзиши зиддитеррористии "Рисолати сулҳ" дар ҳудуди кишварҳои аъзои СҲШ дар ду сол як маротиба гузаронида мешаванд. Созишнома дар бораи гузаронидани тамриноти таълимии ҳарбӣ "Рисолати сулҳ" аз ҷониби мақомотҳои низомии ҷумҳуриҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай 27 июни соли 2007 ба имзо расид. Қаблан омӯзишҳо соли 2007дар Русия, соли 2010 дар Қазоқистон, соли 2012 дар Тоҷикистон ва соли 2014 дар Чин баргузор гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ мебошанд. Сохтори минтақавии зиддитеррористии ин созмон, ки соли 2004 ташкил шуда буд, дар Тошканд қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0