Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа

Бордюжа ба Тоҷикистон омад. Барои ширкат дар “Ҷустуҷӯ-2016”

57
Ин тамрин дар ду давра, аз 18 то 22 апрел дар маркази омӯзишии "Мағоб"-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар тамрингоҳи "Лоҳур"-и пойгоҳи низомии 201-уми Русия идома мекунанд.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа вориди Душанбе гардида, дар оғози тамринҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ин созмон дар Тоҷикистон иштирок кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Ин тамринҳо бо номи "Ҷустуҷӯ 2016" аз 18 то 22 апрел дар маркази омӯзишии "Мағоб"-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар тамрингоҳи "Лоҳур"-и пойгоҳи низомии 201-уми Русия идома мекунанд. ​Оқои Бордюжа тамринҳоро дар шароити тағйирпазири ҷаҳон муҳим донист.

Дар ин тамринҳо ҳудуди 1500 афсару сарбози ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузъу томҳои иктишофии артишӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат мекунанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1999 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус ба ин ташкилот шомиланд. Ҷумҳурии Ӯзбакистон соли 1999 аъзогиашро дар созмон ба таври якҷониба қатъ кард.  

57
Барчаспҳо:
амалиёти таълимӣ, марказ, машқ, ҷузву томҳо, тамринот, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, СПАД, Николай Бордюжа, Ромит, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҷустуҷӯи "террористон" дар наздикии Душанбе (5)
Мавзуъ
Раҳмон ва Бордюжа дар Душанбе амнияти марзҳоро баррасӣ карданд