Марҳилаи асосии тамриноти Ҷустуҷӯ-2016 дар Тоҷикистон оғоз гардид

Марҳилаи асосии “Ҷустуҷӯ-2016” дар 30 километрии Душанбе шурӯъ шуд

152
(Таҷдидшуда 10:45 21.04.2016)
Дар ин тамринот бештар аз 600 хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон, чор адад чархбол ва ҳавопаймои иктишофӣ иштирок хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Марҳилаи асосии тамринҳои муштараки кишварҳои узви СПАД таҳти унвони "Ҷустуҷӯ-2016" дар тамрингоҳи низомии  Лоҳур, 30 километраи пойтахти Тоҷикистон оғоз шуд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии ОҲМ ФР.

"Тибқи нақша гуруҳи террористоне, ки аз марз убур кардаанд, ба қатори мошинҳои кӯмакҳои башарӣ ҳамлавар мешаванд",- изҳор дошт афсари ин хадамот Николай Беркалов.

Барои рафъи ин ҳамла  қарор аст аз десантчиёне истифода шавад, ки аз чархбол ба замин мефароянд ва тирпарронӣ аз "Град" низ дар назар аст.

"Неруҳои муштарак муқовимат барои безараргардонии ин гуруҳ ва наҷоти корвони маводи кӯмакҳои башариро тамрин мекунанд",- қайд кард Беркалов.

Дар маҷмӯъ дар ин тамринот беш аз 600 хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон, чор адад чархбол ва ҳавопаймои ҷосусӣ, инчунин афсарону сарбозони иктишофгари ОҲМ иштирок хоҳанд кард.

Марҳилаи аввали ин тамринҳо рӯзи душанбеи 18 апрел оғоз шуда буданд ва қарор аст рӯзи ҷумъа ба анҷом расанд.

Дар ин тамринҳои муштарак воҳидҳои низомӣ ва кашфи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок доранд. Дар умум наздик ба 1,5 ҳазор сарбозон, ҳамчунин техникаи ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳову чархболҳо ба машқҳои таълимӣ-низомӣ сафарбар шудаанд.  

152
Барчаспҳо:
террористон, кашф, иктишофӣ, тамринот, барномаи "Ҷустуҷӯ-2016", пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон, ОҲМ, Николай Беркалов, Лоҳур, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҷустуҷӯи "террористон" дар наздикии Душанбе (5)
Мавзуъ
Чӣ тавр "Сани" дар Тоҷикистон "террористон"-ро нобуд месозад