Омӯзиши СПАД Ҷустуҷӯъ-2016

ФР бояд дар мубориза алайҳи террористон ба Тоҷикистон кӯмак расонад

27
(Таҷдидшуда 19:01 25.04.2016)
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамринҳои омӯзишии СПАД “Ҷустуҷӯъ-2016” анҷом ёфт. Раиси маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав Хуршеда Ҳамроқулова дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт, ки чунин омӯзишҳо бояд зиёдтар шаванд, то террористон ҳатто дар бораи ҳамла ба ягон кишвари эътилоф фикр ҳам накунанд.

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон тамринҳои омӯзишии СПАД "Ҷустуҷӯ-2016" анҷом пазируфтанд. Чунин навъи тамринҳои бузург тайи 30-40 соли охир гузаронида нашуда буданд.

Дар бораи он ки чӣ гуна бояд бо террористон мубориза бурд, дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон Хуршеда Ҳамроқулова ибрози назар кард.

Коршинос изҳор дошт, ки бо созмонҳои террористӣ бояд якҷоя мубориза бурд.

"Агар мо қувваи худро ҷамъ намоем (кишварҳои аъзои СПАД-шарҳ аз идора), метавонем бисёр корҳоро анҷом диҳем",-қайд кард ӯ.

Дар рафти омӯзиш низомиёни кишварҳои СПАД  амалиёти муштарак оид ба иҷрои вазоифи махсусро анҷом доданд. Харитаи минтақаҳои лозима маълум карда шуда, барномаи машқҳо барои солҳои оянда сохта шуданд.

Ҳамроқулова изҳор дошт, ки чунин омӯзишҳо бояд ҳар чӣ бештар гузаронида шаванд, то террористон ҳатто дар бораи ҳамла ба кишварҳои СПАД фикре ҳам надошта бошанд.

Коршинос ҳамчунин қайд намуд, ки дар паи зиёд шудани хавфи террористон ва бештар гардидани таъсири гурӯҳи ҷиноятпешаи "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ва "Толибон" Русия солҳои зиёд сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро зери назорат гирифтааст.

Ӯ ёдовар шуд, ки чанде қабл дар Тоҷикистон омӯзиши муштаракаи қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистону Русия баргузор гардиданд. Бори аввал дар таърих дар баробари сарбозони пойгоҳи 201-ум дар омӯзишҳо қувваҳои иловагӣ ва техникаи ҳарбии Округи Ҳарбии Марказӣ (ОҲМ) низ ширкат доштанд.

Каме ногаҳонист, ки  бо дарназардошти хатари бузурги террористӣ қарор дар бораи кам кардани шумораи намояндагони пойгоҳи 201 қабул гардид, гуфт Ҳамроқулова.

Вале дар баробари ин қаблан сафири ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қайд намуд, ки кам намудани шумораи намяндагони пойгоҳи 201-ум ба тавоноӣ ва қувваи онҳо дар мубориза бар зидди террористон бетаъсир хоҳад монд. Ба қавли сафир пойгоҳи 201-ум "ҳамаи вазифаҳои вобаста ба ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар ва таъмини вазъи ҳарбӣ- сиёсиро ба хубӣ иҷро хоҳад намуд".

Ҳамроқулова ҳамчунин иброз дошт, ки Русия бояд ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм кӯмак расонад: бо маблағ ва аслиҳа.

"Ин барои ҳифзи худи онҳо низ зарур аст",-хулоса кард масъули маркази фарҳангӣ Хуршеда Ҳамроқулова.

 

 

27
Барчаспҳо:
зидди террористон, анҷоми омӯзиш, хавф, тамрини ҳарбӣ, тамрин, Давлати Исломӣ, ОҲМ, СПАД, Толибон, Хуршеда Ҳамроқулова, Игор Лякин-Фролов, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Кишварҳои СПАД низоми дифоъи ҳарими ҳавоиро нав мекунанд

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

262
(Таҷдидшуда 21:00 29.09.2020)
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян телефонӣ суҳбат карданд, хабар медиҳад, хадамоти Шӯрои амнияти кишвар.

Ҳамин тавр, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Маҳмудзода ҳалли мусолиматомези вазъи Қарабоғро таъкид кард.

Дар навбати худ, Григорян таъсири манфии Туркияро ба амнияти минтақавӣ қайд кард.

Вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ

Аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар аввали даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи душанбе дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Даргириҳо дар ин манотиқ рӯзи 27 сентябр оғоз шуд.

262
Барчаспҳо:
баррасӣ, даргирӣ, вазъият, Қарабоғи Кӯҳӣ

Миёнаравии Русия барои қатъи мухолифати мусаллаҳонаи Арманистону Озорбойҷон

327
Вазорати умури хориҷии Русия тамоми талошашро равона мекунад, то мухолифати мусаллаҳона миёни Озарбойҷону Арманистон бартараф карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтушунидҳо дорад, то Арманистону Озарбойҷон сари мизи музокирот нишинанд, хабар дод намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова.

Лавров аллакай бо ҳамтоёнаш аз Арманистону Туркия гуфтушунид карда, дар назар аст, чунин як суҳбат бо ҷониби Озорбойҷон низ анҷом дода шаавад. Манбаъ афзуд, Русия миёнаравияшро барои ба эътидол овардани вазъ миёни Озорбойҷону Арманистонро идома медиҳад.

То ҳол ҷонибҳоро борҳо ба қатъи даргириҳои мусаллаҳона даъват карда буданд. Аз ҷумла бо чунин даъватҳо ба ҷониби Арманистону Озорбойҷон намояндагони Австрия, Фаронса, Олмон, Гурҷистон ва инчунин намояндаҳои Шӯрои Аврупо, СААД ва САҲА муроҷиат карда буданд.

Ба ҷонибҳои даргир инчунин Попи Рум зимни мавъизаи анъанавияш муроҷиат намуда, даъват кард, ки қадамҳои мушаххас сӯи бародарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бидуни истифода нерӯ, гузошта шавад.

Шаби гузашта мухолифати мусаллаҳона миёни Арманистону Озорбойҷон рух дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд.Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Роҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ҳолати низомӣ эълон кардааст. Ҳукумати Арманистон низ дар кишвар ҳолати низомӣ эълон намудааст.  

327
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, Русия
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон