Қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон ҳангоми наздикшавӣ ба  шаҳри Қундуз. 1 октябри соли 2015

ВМ Афғонистон: истифодаи “Толибон” алайҳи ДИИШ бефоида аст

34
(Таҷдидшуда 13:23 28.04.2016)
Агар ба ҳаракати экстремистии “Толибон” кӯмак шавад, боз ях хатари бузург ба вуҷуд меояд, изҳор дошт вазири мудофиаи Афғонистон Муҳаммад Масум Станекзай.

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Истифодаи ҳаракати "Толибон" ҳамчун тарафи дигар алайҳи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бефоида аст, изҳор дошт рӯзи чоршанбе вазири мудофиаи Афғонистон Муҳаммад Масум Станекзай дар конфронси байналмилалӣ оид ба амният дар Маскав.

Игор Лякин-Фролов сафири ФР дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Предоставлено пресс-атташе посольства РФ в РТ Алексеем Рыковым

"Баъзе созмонҳо интизори истифодаи "Толибон" бар зидди ДИИШ ҳастанд, аммо ин рух нахоҳад дод. Агар мо ҳаракати "Толибонр"-ро дастгирӣ намоем боз як "дев"-и дигарро дар Афғонистон месозем",- гуфт Станекзай.

Масъалаи вазъи амният дар Осиёи Марказӣ ҳамчунин аз ҷониби муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон полковник Абдулҳошим Ғуломзода ва роҳбари Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон полковник Жанибек Капаров муҳокима гардид.

Авзоъи Афғонистон тайи моҳҳои охир ба таври куллӣ ноором шудаст. Ҳаракати радикалии "Толибон", ки қаблан қисми зиёди минтақаҳои аҳолинишинро ғасб карда буд, акнун ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум мекунанд. Инчунин, дар ҳудуди ин кишвар таъсири гурӯҳи ҷиноии "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) зиёд шудааст.

 

34
Барчаспҳо:
мубориза алайҳи терроризм, конфронс, муҳокима, Давлати Исломӣ, Вазорати мудофиаи Афғонистон, Толибон, Муҳаммад Масум Станекзай, Афғонистон, Русия
Мавзуъ
Вакил: Афғонистон барои мубориза алайҳи терроризм аслиҳа надорад
СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст

Ҳамлаи ҳавоии ИМА ба Сурия бо фармони Байден: талафот ҳаст

373
(Таҷдидшуда 12:46 26.02.2021)
Президенти ИМА, Ҷо Байден дар посух ба се ҳамлаи ҷангиён ба иншооти истифодашавандаи ИМА амр дод ба ҳадафҳои гурӯҳҳои тарафдори Эрон дар Сурия зарбаи мушакӣ занад

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Амрико ба Сурия ҳамлаи ҳавоӣ ба як бинои марбут ба низомиёни тарафдори эрониро, ки аз Димишқ пуштибонӣ мекунад, оғоз кард, навиштааст Politico бо такя ба сухангӯи Вазорати дифои ин кишвар.

Маълум шудааст, ки фармони партоби мушакро худи президент Ҷозеф Байден додааст.

Рӯзномаи Washington Post бо такя ба як манбааш дар маъмурияти Амрико хабар медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ чанд нафар кушта шуданд.

Вазири мудофиаи ИМА Ллойд Остин гуфт, ки низомиёни ИМА ба маълумоти иктишофии ҷониби Ироқ такя мекунанд ва ба дурустии зарба эътимод доранд.

Манбаъ қайд кард, ки ин зарба характери мудофиавӣ дошт ва посух ба се ҳамла ба артиши ИМА аз ҷониби ҷангиён дар моҳи феврали соли 2021 буд.

Гуфта мешавад, амалиёти низомӣ ба пешгирии ҳамлаҳои оянда ба пойгоҳи ИМА равона шуда, он бидуни ширкати шарикони Вашингтон дар эътилофи низомӣ гузашт.

"Мо онҳоро нодида гирифтем": Ғарб комёбии низомии Русияро дар Сурия эътироф кард

Дар навбати худ, сухангӯи Пентагон Ҷон Кирби гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи амрикоиҳо объектҳои гузаргоҳи марзӣ дар шарқи Сурия буд, ки онро гурӯҳҳои мусаллаҳ истифода кардаанд.

"Ҳамла паёми возеҳе медиҳад, ки президент Байден барои ҳимояи контингенти амрикоӣ ва шарикони эътилофи мо амал хоҳад кард",-гуфт Кирби.

Дар ҷараёни амалиёт ҷангҷӯёни амрикоӣ ба ҳафт ҳадаф бомбаи дақиқи 500-фунтӣ партофтаанд.

373
Барчаспҳо:
фармон, Ҷо Байден, ҳамла, ИМА, Сурия
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

“Соли тоҷикии СПАД”: 4 машқи муштарак, ҷаласаҳои низомиву сиёсӣ ва бозсозии марз

121
(Таҷдидшуда 12:34 26.02.2021)
Сардори Ситоди Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) гуфт, соли равон дар Тоҷикистон муҳимтарин чорабиниҳои ин созмон баргузор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, ки дар як видеоконфронс суҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли 2021 таваҷҷӯҳи вежае ба Тоҷикистон мешавад, зеро ин кишвар раёсати созмони СПАД-ро бар ӯҳда гирифтааст ва раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон аст.

“Эҳтимолан ин нукта низ аҳамияти қобили таваҷҷуҳ низ хоҳад дошт, ки чорабиниҳои аслии органҳои созмони мо дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад ва дар поёни сол ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар назар аст, ки дабирони Шӯрои амният, вазирони дифоъ, корҳои хориҷӣ ва сарони кишварҳои моро гирдиҳам меоварад ва натоиҷи солро ҷамъбандӣ карда, вазоифи марбут ба сол 2022-ро равшан мекунад”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Сардори Ситоди СПАД гуфт, бо дар назар гирифтани раёсати Тоҷикистон ва авлавиятҳое, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳама сарони кишварҳо ироа кард, як барномаи корӣ барои соли 2021 танзиму мушаххас шуда, ҳафтаи гузашта дабири кулли созмон Станислав Зас дар Душанбе ин тарҳро бо раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ тасвиб кард.

“Нуктаи дигар ин аст, ки кор идома дорад ва иқдомот барои иҷрои тарҳи тавсеа ва таҷдиди манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳоли анҷом аст, ки дар он каму беш мушорикати ҳама кишварҳои узви созмон барномарезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Сардори Ситоди СПАД афзуд, бар асоси тарҳи размоиши амалиётӣ - стратегии "Бародарии размӣ - 2021", як размоиши вежа бо неруҳои истихборотӣ - "Ҷустуҷӯ-2021" , тамринот бо неруҳои тадорукотӣ - "Эшелон-2021" ва тамрини неруҳои вокуниши сареъи ҷамъӣ - "Таомул -2021" – и СПАД дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳанд шуд.

“Инҳо се рӯйдоди аслиянд, ки дар хоки Тоҷикистон барномарезӣ шудааст. Ин як ҷузи комилан низомӣ аст. Мо нируҳои вежае дар созмони худ дорем. Ба мизони бештаре Котиботи созмони мо бо онҳо машғул аст, ки ҳамчунин тамриноти муштаракро бо мо ва ба таври мустақил анҷом медиҳад, аз ҷумла барномае низ дар қаламрави Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст”, - гуфт Анатолий Сидоров.

Қаблан дар ин видеоконфронс сардори Ситоди СПАД ин таваҷҷуҳи хоса ба Тоҷикистонро ба афзоиши хатари неруҳои созмонҳои террористии ҷамъшуда дар минтақаҳои марзӣ - Толибон ва ДОИШ (созмонҳои мануъ дар Тоҷикистону Русия) рабт дода буд.

"Дар тӯли тамрин, гурӯҳи неруҳои ҷамъӣ вазифаҳоеро барои ҷилавгирӣ аз талоши вуруди созмонҳои террористии байнулмилалӣ ба хоки кишварҳои узви СПАД анҷом хоҳанд дод. Теъдоди ҷангиёни Толибон дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ва Туркманистон ҳудуд 15 ҳазор нафар аст", – гуфт Анатолий Сидоров.

СААД ният дорад, ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшад

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 поягузорӣ шуда, соли 2002 созишномаи он ба имзо расид. Дар ҳоли ҳозир, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви ин созмон мебошанд.

Сербистону Афғонистон аз соли 2013 ба ин сӯ нозирони назди ассамблеяи парлумонии СПАД буда, то соли 1999 Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ узви созмон буданд.

121
Барчаспҳо:
машқҳои муштараки ҳарбӣ, СААД, Тоҷикистон
Доллары

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 339 доллар қарздор аст

0
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз се миллиард доллар боло рафта, феълан 43,8 дар сади ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар натиҷаи соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷаро афзоиш дод.

Чунончи,  авалҳои соли 2021 ин нишондод 3,2 миллиард долларро ташкил медод.

Мавриди қайд аст, ки ин 43,8 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, ин қарз ба сари ҳар як сокини кишвар 339-долларӣ рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, барои рӯйпуш кардани қарзи хориҷӣ Тоҷикистон дар соли гузашта 190,2 миллион доллар ҷудо карда буд, ки аз он 124 миллионаш ба қарз ва 66,2 миллионаш фисади он равона карда шуда буд.

Пештар маълумоте пайдо гардид, ки Тоҷикистон дар баргардонидани қарзҳои хориҷӣ ба дефолт рӯ ба рӯ шудаастр. Аммо мақомот ин маълумотро такзиб карданд. 

Бино бар гуфтаи коршиноси рус Олег Багданов, Тоҷикистон метавонист барои кӯмак ба Русия муроҷиат кунад.

 

Ба гуфтаи вай, кишварҳои бузурги шарикон дар қазияи афтидани яке аз иштирокдорони Иттиҳоде ба вазъи мушкил ҳавасманд нестанд, махсус дар вазъи дефолт, ин ба дигар иштирокдорони иттиҳод, масъалан Иттиҳоди гумрукиро заиф мекунад.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон бештар аз ду баробар аст маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшуда дар соли 2020 аст.

Бино бар иттилои Вазорати молия, соли гузашта барои дастгирии буҷаи давлатӣ аз маъхазҳои молии байналмилалӣ 384,3 миллион доллар ҷалб шуда буд. 

 

Дар соли 2020 ба Тоҷикистон Бунёди байналмилалии асъор - 189,5 миллион доллар ва Бунёди рушд ва муътадилсозии Авруосиё 50 миллион доллар қарзи бефоиз доданд.

Маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд низ ҷалб карда шуданд.

Гузашти Чину гуфтушунид бо дигарон: муҳлати бештари Тоҷикистон барои баргардондани қарз

Тавре ки қаблан қайд карда шуд, Тоҷикистон дар назди "Эксимбонк" -и Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Исломии Рушд қарзҳои калон дорад.

0
Барчаспҳо:
доллар, шаҳрванд, қарз, Тоҷикистон