ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ду автомошина, ки дар дохилашон бомба доштанд рӯзи якшанбе дар маркази шаҳр таркиданд. Инфиҷори якум дар назди бинои маъмурӣ ба амал омада, таркиши дуюм дар назди истгоҳи автобус ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумот 20 нафар қурбон гардида, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Қисми зиёди аҳолии минтақаи ҷанубии шаҳр деҳаи Мутанна-пайрави шохаи шиъа мебошанд. Вақтҳои охир ин минтақа бехатар дониста мешуд.
Дар баробари ин оҷонсии Almada Press хабар медиҳад, ки нерӯҳои муҳофизи Ироқ тавонистанд, ноҳияи Ал-Баширро ки дар шимоли кишвар ҷойгир аст, аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" озод намоянд. Маҳз аз ҳамин минтақа ҷинояткорон ба дигар нуқтаҳои аҳолинишини атроф оташ мекушоданд.
Ҷангиёни ДИИШ моҳи марти соли равон аз ракетаи гази заҳролуддошта, чанд маротиба ба сӯи ноҳияи Киркуки шаҳри Таза оташ кушоданд. Бар асари ҳамлаи кимиёвӣ садҳо нафар маҷрӯҳ гардида, се кудаки дигар ҳалок шуданд.