Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Даъвати баҳории наваскарон дар ҶТ 80 дарсад иҷро гардидааст

34
Дар Тоҷикистон даъват ба хизмати ҳатмии низомӣ дар ду давра, тирамоҳ ва баҳор сурат гирифта, наваскарон ба ҷои сарбозони муҳлати хизмати ҳарбиро адокарда ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб мешаванд.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. То аввали моҳи равон ҳудуди 20 шаҳру навоҳии кишвар даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карда, бархеи дигар дар садади иҷро қарор доранд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Вазорати дифоъ.

"Айни замон иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ — 87%, вилояти Хатлон — 94%, вилояти Суғд — 75%, ноҳияҳои тобеи марказ — 73% ва шаҳри Душанбе — 54%-ро ташкил дода, дар саросари ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба 80% расидааст",- қайд кард сухангӯи ВМ ҶТ Фаридун Маҳмадалиев.

Мавсими даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд.

"Ҳамзамон беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд",- меафзояд манбаъ.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том — Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

34
Барчаспҳо:
хизмати ҳарбӣ, артиши миллӣ, даъвати баҳорӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, вазорати мудофиа, Фаридун Маҳмадалиев, Тоҷикистон

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

262
(Таҷдидшуда 21:00 29.09.2020)
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян телефонӣ суҳбат карданд, хабар медиҳад, хадамоти Шӯрои амнияти кишвар.

Ҳамин тавр, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Маҳмудзода ҳалли мусолиматомези вазъи Қарабоғро таъкид кард.

Дар навбати худ, Григорян таъсири манфии Туркияро ба амнияти минтақавӣ қайд кард.

Вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ

Аз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар аввали даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи душанбе дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Даргириҳо дар ин манотиқ рӯзи 27 сентябр оғоз шуд.

262
Барчаспҳо:
баррасӣ, даргирӣ, вазъият, Қарабоғи Кӯҳӣ

Миёнаравии Русия барои қатъи мухолифати мусаллаҳонаи Арманистону Озорбойҷон

327
Вазорати умури хориҷии Русия тамоми талошашро равона мекунад, то мухолифати мусаллаҳона миёни Озарбойҷону Арманистон бартараф карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфтушунидҳо дорад, то Арманистону Озарбойҷон сари мизи музокирот нишинанд, хабар дод намояндаи расмии ВУХ Русия, Мария Захарова.

Лавров аллакай бо ҳамтоёнаш аз Арманистону Туркия гуфтушунид карда, дар назар аст, чунин як суҳбат бо ҷониби Озорбойҷон низ анҷом дода шаавад. Манбаъ афзуд, Русия миёнаравияшро барои ба эътидол овардани вазъ миёни Озорбойҷону Арманистонро идома медиҳад.

То ҳол ҷонибҳоро борҳо ба қатъи даргириҳои мусаллаҳона даъват карда буданд. Аз ҷумла бо чунин даъватҳо ба ҷониби Арманистону Озорбойҷон намояндагони Австрия, Фаронса, Олмон, Гурҷистон ва инчунин намояндаҳои Шӯрои Аврупо, СААД ва САҲА муроҷиат карда буданд.

Ба ҷонибҳои даргир инчунин Попи Рум зимни мавъизаи анъанавияш муроҷиат намуда, даъват кард, ки қадамҳои мушаххас сӯи бародарӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда бидуни истифода нерӯ, гузошта шавад.

Шаби гузашта мухолифати мусаллаҳона миёни Арманистону Озорбойҷон рух дод. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд.Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

Роҳбари ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ ҳолати низомӣ эълон кардааст. Ҳукумати Арманистон низ дар кишвар ҳолати низомӣ эълон намудааст.  

327
Барчаспҳо:
Озарбойҷон, Арманистон, Русия
День 1 октября

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 16:55 30.09.2020)
Рӯзи 1 октябр Рӯзи ҷаҳонии солмандон, Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ ва Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон ва дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура аст

Рӯзи 1 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

День 30 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

Соли 1891 дар Фаронса клуби футболи "Бордо" ташкил ёфт.

Соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Соли 2009 дар шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» — ро расман ифтитоҳ намуд.

Соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро  тасдиқ намуд.

Военные 201-й РВБ, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Военные 201-й РВБ, архивное фото

Соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
© Sputnik / Амир Исаев
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии солмандон.
  • Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
  • Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

Рӯзи ҷаҳонии солмандон

Рӯзи ҷаҳонии солмандон бо ташаббуси СММ аз соли 1991 таҷлил мешавад.

Маҷмааи умимии СММ аз ҳамаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост кардааст ба Бунёди марбут ба масъалаи "пиршавӣ" кумак намоянд.

1 октябрро дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнвораҳо, ки аз сӯйи анҷуману кунгураҳои дифоъ аз ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад, ҷашн мегиранд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии солмандон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана надаромадааст.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон.

Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951).

Озод Аминзода (1933-2009) – шоира, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих.

Низомиддин Валиев (1949) – меъмор.

Николай Детсик (1922) – коргардони театр.

Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор.

Дилмурод Каримов (1947) – меъмор.

Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор.

Маҷид Салим (1959) – нависанда.

Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор.

Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ.

Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим.

Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ.

Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир.

Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, *Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Мавзуна Чориева (1992) - варзишгари номовари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон.

Мавзуна Чориева

1 октябри соли 1992 Мавзуна Чориева, варзишгари номовари тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон аст.

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Мавзуна тайи 29 соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане дар кишвар аст, ки нишони олимпиро ба гардан овехт. Ба дунболи пирӯзии ӯ дар олимпиадаи Лондон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ӯро бо ордени "Шараф" сарфароз гардонд.

Мавзуна Чориева. Архивное фото
© AP / Ivan Sekretarev
Мавзуна Чориева. Архивное фото

 

Дар моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтаранд, ки Осия ном дорад.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон