Аъзои гурӯҳи экстремистӣ дар Тоҷикистон 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

© Flickr \ David FulmerПанҷараи зиндон. Акс аз бойгонӣ
Панҷараи зиндон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳасанов, моҳи январи соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид. Адои ҷазо дар зиндони низомаш махсусан вазнин сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сокини ҷануби кишварро бо иттиҳоми робита доштан бо созмони эстремистии "Гурӯҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст ба 5 соли зиндони низомаш вазнин маҳкум гардид.

"Сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Сафарали Ҳасанов мутобиқи моддаи 307 дараҷаи 1, қисми 2-и КҶ Тоҷикистон-ташкили иттиҳоди ифротгаро, гунаҳкор донист шуд", иттилоъ дод ба  РИА Новости намояндаи додгоҳи Олӣ.

Мусалсалсал (автомат)-и Калашников. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Генерал Назаров: муҳоҷират сабаби ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик аст

Мувофиқи тафтишот дастгиршуда, моҳи октябри соли 2014 дар Русия дар ҷаласаи созмони ифротгаро иштирок кардааст. "Намояндагони ин гурӯҳ муҳоҷирони тоҷикро ба гирдиҳамоӣ даъват намуда, мехостанд талаби истеъфои роҳбари давлатро кунанд. Ҳамчунин нақша доштанд, ки чунин гирдиҳамоӣ дар пойтахти кишвар низ анҷом диҳанд",-меафзояд манбаъ.

Сафаралӣ Ҳасанов, моҳи январи соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид. Адои ҷазояш дар маҳбаси низомаш вазнин сурат мегирад.

"Гурӯҳи 24" соли 2012 аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ташкил гардида, баъдтар соҳибкори дигари тоҷик Шарофиддин Гадоев низ худро аъзои ин гурӯҳ эълон кард. Ҳардуяшон ҳам домоди президент- Шамсулло Соҳибовро дар аз худ кардани ширкатҳояшон айбдор карданд.

Тирамоҳи соли 2014 фаъолони ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Русия, ки қисми зиёди тоҷикон он ҷо ба сар мебаранд, бо мақсади сарнагун намудани ҳукумати кишвар гирдиҳамоиҳо доир намуданд. Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ чунин даъватҳо барои иштиррок дар гирдиҳамоӣ дар Душанбе зиёд шуда буданд.

"Гурӯҳи 24" моҳи октябри соли 2014 гурӯҳи экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ бо қарори Додгоҳи Олӣ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ гардид. 5 марти соли гузашта роҳбари ин гурӯҳ-Умаралӣ Қувватов дар шаҳри Истамбул ба ҳалокат расонида шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0