Танки советӣ ҳамчун ёдгорӣ аз ҷанги соли 1979-1989 дар Афғонистон.Акс аз бойгонӣ

Русия ва Афғонистон бар зидди терроризм якҷоя мубориза хоҳанд бурд

34
(Таҷдидшуда 13:03 10.05.2016)
Коршиносон мӯътақиданд, ки ҳамкории ду кишвар барои аз байн бурдани эктстремизм ва қочоқчиён мавқеи Кремлро дар Осиёи Марказӣ пурзӯр мегардонад. Вазири ВУХ-и Русия низ дар бораи омодагӣ ба муборизаи муштарак изҳор дошт.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Маскав ва Кобул дар ояндаи наздик нақша доранд, созишномаи дуҷониба оиди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро ба имзо расонанд, изҳор дошт сухангӯи президенти Афғонистон Дава Хон Минапал.

"Ҳукумати Афғонистон лоиҳаи созишномае, ки асосан ба ҳамкории ду кишвар дар мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона мешавад, баррасӣ мекунанд",-қайд кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Ловров изҳор дошт, ки Русия барои ҳамкорӣ бо Афғонистон дар соҳаи амният омода аст.

Якқатор коршиносон бо такя  ба таҷрибаи пештараи ҳамкории байни ду кишвар дар чунин назаранд, ки созишнома мавқеи Русияро дар Осиёи Марказӣ пурзӯр намуда ҳамчунин кӯмаки Русияро ба Афғонистон дар соҳаҳои иқтисодию сиёсӣ тақвият хоҳад бахшид.

34
Барчаспҳо:
гардиши ғайриқонунӣ, мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, ҳамкорӣ, Дава Хон Минапал, Сергей Лавров, Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Русия
Мавзуъ
Лякин- Фролов: авзоъи Афғонистон бадтар шуда истодааст
Вакил: Афғонистон барои мубориза алайҳи терроризм аслиҳа надорад
СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст
ВКХ Русия: гуруҳи "ДИ" дар Афғонистон қувва ҷамъ мекунад
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1222
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1222
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон
Генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, сардори РВКД дар ВМКБ

Баррасии гирдиҳамоиҳо дар ҷаласаи оперативии Ситоди таъмини амният дар ВМКБ-видео

5553
(Таҷдидшуда 17:16 19.06.2020)
Гирдиҳамоиҳо, ки чанд рӯзи қабл дар ноҳияи Рӯшон сурат гирифтанд, яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи оперативии Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ таҳти раёсати генерал Абдураҳмон Аламшозода буданд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Генерал Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар ВМКБ, зимни ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ таъкид кардааст, ки маъмурин бо мардум хушмуомила бошанд.

Тибқи гузориши телевизиони “Бадахшон”, Ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот минбаъд низ фаъолияташро дар вилоят идома хоҳад дод.

Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласаи оперативӣ масъалаи гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, тартибот дар роҳҳо, пешгирии фурӯши нӯшокиҳои ғайристандартӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Бар асоси гузориши ТВ Бадахшон, Ситоди байниидоравии таъмини тарбтибот, аз фаъолону зиёиён даъват кардааст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд, аз таъсири гуруҳҳои манфиатҷуӯй, иштирок дар гирдиҳамоӣ ва даст задан ба бетартибиҳо пешгирӣ намоянд.

Анҷоми ҳамоишҳо дар Рӯшон

Баррасии ин масоил аз ҷониби Ситод дар ҳолест, ки ҳамоиши ахир дар пайи боздошти Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ҳамроҳаш дар Рӯшон сурат гирифт, ки ба иддаои гуруҳи сокинони Рӯшон, рабте ба қазияи қочоқи маводи мухаддир надоранду тайи чанд соати боздошт латукӯб шудаанд.  Гуруҳи эътирозгарон боздоштшудаҳоро озод карда, тайи чанд рӯз даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада буданд.

Феълан сокинон мегӯянд, ин қазия бо он, ки гуруҳи наздик ба 10-нафарӣ барои нақзи тартибот ҷаримабандӣ мешаванд, анҷом ёфт. Дар мавриди муҷозоти маъмурине, ки ба иддаои бархе сокинон даст ба латукӯб задаанд, феълан иттилое ироа нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ надоданд, танҳо котиботи ҳукумати ВМКБ қаблан эътироз дар Хоруғ дар ҳамраъйӣ бо сокинони Рӯшонро рад карда, наворе нашр намуда буд.

5553
Барчаспҳо:
Рӯшон, Тоҷикистон, ҳамоиш, ВМКБ, телевизион, гузориш
Инструменты ювелира

Мақомоти Тоҷикистон гуфт, корхонаи “Тоҷик кристалл” чӣ қадар маҳсулот истеҳсол кард

0
(Таҷдидшуда 02:41 08.07.2020)
Ҳиркати “Тоҷик кристалл” яке аз аввалин корхонаҳои заргарии Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз ба даст овардани истиқлол ташкил шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Корхонаи “Тоҷик кристалл”  аз оғози фаъолият вобаста ба талаботи бозори дохила ва бо фармоишҳои мизоҷон истеҳсоли маснуоти заргариро вусъат дода то имрӯз зиёда аз 105,00 кг маснуоти заргарӣ аз металлҳои тилло ва нуқра истеҳсол намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати саноати кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи мазкур аз соли 2002 то имрӯз ба истеҳсоли маснуоти заргарии миллӣ аз металлҳои тилло ва нуқра машғул буда, ҳамзамон ба фуруши асбобҳои заргарӣ ва сангҳои ороишӣ машғул шудааст.

Ин корхона аз моҳи январ то апрели соли равон ба маблағи 350 ҳазору 662 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45044 сомонӣ зиёд мебошад.

Қайд карда шудааст, ки маснуоти заргарии истеҳсолкардаи ин корхона дар чандин намоишгоҳҳои дохили ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта сазовори мукофотҳо ва эътирофи тамошобинон ва мизоҷон гардидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки корхонаи “Тоҷик кристалл”  бо дигар соҳибкорон ва корхонаҳои заргарӣ робитаҳои ҳамкорӣ дошта, аксарияти онҳоро бо асбобу лавозимотҳои  зарурӣ таъмин менамояд.

0
Барчаспҳо:
заргарӣ, истеҳсол, маҳсулот, корхона, Тоҷикистон