Пулиси Туркия. Акс аз бойгонӣ

ВАО: даҳ нафар ҷангиёни ДИИШ дар Истамбул дастгир шуданд

18
(Таҷдидшуда 16:21 18.05.2016)
Даҳ нафар, ки ба ҳамроҳ будан бо гурӯҳи муташакилонаи ҷиноятпешаи “Давлати исломӣ” гумонбар мешаванд, рӯзи чоршанбе зимни гузаронидани амалиёти вижа, ки дар якқатор ноҳияҳои Истамбул гузаронида шуд, дастгир гардиданд.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Даҳ нафар, ки ба ҳамроҳ будан бо гурӯҳи муташакмлонаи ҷиноятпешаи "Давлати исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар мешаванд, рӯзи чоршанбе зимни гузаронидани амалиёти вижа, ки дар якқатор ноҳияҳои Истамбул гузаронида шуд, дастгир гардиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба рӯзномаи Hurriyet.

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пулиси Истамбул якбора дар 10 суроғаи ноҳияҳои ин шаҳр: Султонғосӣ, Эсенюрт, Эсенлер ва Султонбейли амалиёти ҷустуҷӯӣ анҷом доданд. Иттилоъ дода мешавад, ки дар амалиёт чархболи пулис низ ба кор бурда шуд. Панҷ нафар аз дастгиршудагон шаҳрвандони Сурия буда, мувофиқи гуфтаи ҳукумат онҳо ба амалҳои таркиш омодагӣ медиданд.

Қаблан Кумитаи тафтишотии миллии Туркия аз эҳтимоли рух додани инфиҷор дар Анқара рӯзи 19 май, ҳангоме, ки дар Туркия-Рӯзи ҷавонон ва варзиш қайд мегардад, огоҳ карда буд.

18
Барчаспҳо:
ҷангиён, амалиёти вижаи мақомот, дастгир, инфиҷор, Давлати Исломӣ, Истамбул, Туркия
Мавзуъ
Панҷ нафар бар асари инфиҷор дар Истамбул захмӣ шуданд
Ҷангиёни ДИИШ ҷавобгарии ду инфиҷор дар Ироқро бар дӯш гирифтанд