Рашид Олимов котиби генералии СҲШ. Акс аз бойгонӣ

СҲШ барои беҳтар намудани авзоъи Афғонистон талош хоҳад кард

47
Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти дастгирии СММ барои ҳалли масъалаи Афғонистон ҳамагуна кӯшишро ба харҷ хоҳад дод, изҳор дошт котиби генералии СҲШ Рашид Олимов.

ДУШАНБЕ, 1 июн- Sputnik. Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) барои ором гардонидани вазъи кунунии Афғонистон таҳти дастгириии СММ корҳои зиёдеро анҷом хоҳад дод, менависад РИА Новости аз суханони котиби генералии созмон Рашид Олимов.

"Албатта мо натанҳо масъалаи Афғонистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳем кард, балки таҳти дастгири СММ кӯшиш мекунем, то масъалаи Афғонистон ҳалли пурраи худро ёбад",-гуфт ӯ зимни суханронӣ дар конфронси  "Русия в Чин: роҳ сӯи сифати нави ҳамкориҳои дуҷониба".

Ба қавли Алимов масъалаи оромгардонидани авзоъи Афғонистон барои кишварҳои аъзои СҲШ дар мадди аввал қарор дорад.

Ӯ ин мушкилотро барои тамоми кишварҳои аъзои СҲШ хеле муҳим ва ҳассос арзёбӣ кард.

Дар ҳоли ҳозир Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои комилҳуқуқи СҲШ буда, Белорус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон мақоми нозири созмонро дороанд. Дар аввоили моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз мегардад.

Макони ташкили нишасти сарони кишварҳои СҲШ аз шаҳри Уфаи Русия ба Узбакистон интиқол ёфт. Вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар Тошканд дар назар аст.

47
Барчаспҳо:
ором гардонидани вазъи Афғонистон, дастгирии Афғонистон, ҳамоиш, СҲШ, Рашид Олимов, Маскав
Мавзуҳо:
Шӯрои кории Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшад (13)
Мавзуъ
СҲШ: Афғонистон омили асосии таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ аст
Аслов ҷонибдори пайвастани Афғонистон ба СҲШ аст