Абдураҳим Қаҳҳоров. Акс аз бойгонӣ

Котибони Шурои амнияти ФР ва ҶТ вазъияти ОМ-ро муҳокима карданд

39
Дар рафти вохӯрӣ Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳҳоров масъалаҳои ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникии Русия ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев бо Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров вохӯрӣ анҷом дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии хадамоти Шӯрои амнияти Русия.

"Николай Патрушев ва Абдураҳим Қаҳҳоров зимни вохӯрӣ масъалаҳои вазъияти минтақавии Осиёи Марказӣ, таҳдидиҳо аз Афғонистон, масъалаҳои ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникии Русия ва Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд",-омадааст дар иттилоия.

Дар рафти мулоқот диққати махсус ба масъалаҳои иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамлаҳои мусаллаҳонаи созмонҳои террористии байналмиллалӣ дода шуд. Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи муҳоҷирати меҳнатӣ низ аз назари ҷонибҳо дур намонд.

Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе машварати коршиносони Шӯрои амнияти ду кишвар оиди масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Федератсия Русия, ВКД-и Русия, Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон, ВКД-и Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор гардид.

39
Барчаспҳо:
баррасии масоили амнияти минтақавӣ, вохӯрӣ, Шӯрои амният, Николай Патрушев, Абдураҳим Қаҳҳоров, Русия
Мавзуъ
Шӯрои амният бузургтарин ҳолатҳои коррупсиониро баррасӣ кард