Кормандони пулиси Туркия дар фурӯдгоҳи Истамбул. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон даст доштани тоҷиконро ба таркишҳо таҳқиқ мекунад

23
(Таҷдидшуда 17:51 05.07.2016)
Дар фурӯдгоҳи Истамбул таркишҳои бузург ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он 40 нафар ҳалок гардид. Президенти Туркия Тайип Эрдуғон изҳор дошт,ки дар инфиҷорҳо шаҳрвандони Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон даст доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ин изҳороти президенро таҳқиқ мекунад.

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва Косулгарӣ дар Истамбул маълумот дар бораи даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таркишҳоро, ки дар фурӯдгоҳи Отатурки Истамбул ба вуқӯъ пайваст таҳқиқ мекунад, изҳор дошт ба РИА Новости намояндаи расмии ВКХ Тоҷикистон Вафо Ниятбеков.

Дар Истамбули Туркия шоми рӯзи сешанбе дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Отатурк се таркиш ба амал омад. Се террористи худкуш аввал бо силоҳи оташфишон ба сӯи мусофирон оташ кушода баъди чанде худро тарконданд. Тибқи маълумот бар асари инфиҷор 42 нафар (13 шаҳрванди хориҷӣ) ба ҳалокат расида, 239 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Нахуствазири Туркия Бинали Йилдирим изҳор дошт, ки нишонаҳои таркиш ба корҳои террористии Давлати Исломӣ шабоҳат дорад.

"Айни ҳол сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва консулгарӣ дар Истамбул изҳороти президенти Туркияро оиди даст доштани шаҳрвандони кишвар ба инфоҷрҳо таҳқиқ  мекунад",-гуфт Ниятбеков.

Бино ба иттилои Ниятбеков дар ВУХ Тоҷикистон изҳороти Эрдуғонро тамошо кардаанд  "ва ӯ дар бораи дастгир шудани гумонбаршудагон сухан меронад на дар бораи даст доштан ба таркишҳо".

23
Барчаспҳо:
таркиш, Вафо Ниятбеков, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Туркия, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Ҳукумати Тоҷикистон даст доштани тоҷиконро ба таркишҳо таҳқиқ мекунад (6)
Военные учения России и Таджикистана, архивное фото

Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ: Ӯзбекистон қавитар аз ҳама дар ОМ

619
(Таҷдидшуда 20:33 16.01.2021)
Тоҷикистон дар радабандии байналмилалии қудрати низомӣ мавқеашро бетағйир гузоштааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 138 кишвари дунё бетағйир дар мақоми 99-ум гузоштааст.

Соли гузашта низ Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ин мақом менишаст ва давоми як сол тағйироте ба вуҷуд наовардааст.

Гузоришгарон  ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд,  маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 79 миллион долларо ташкил медиҳад.

Қайд карда мешавад, ки Тоҷикистон бо 20 чархбол, 253 тонк, 400 техникаи зиреҳпӯш, 80 тӯбхона ва 125 проекторҳои мушакӣ мусаллаҳ аст. Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.

Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 51 нишаста, ҳайати низомии он 50 ҳазор ва харҷи солонааш 15 миллиард гуфта мешавад.

Қазоқистон бошад бо 125 ҳазор низомию 4 миллиард доллар хароҷоти солона ба ин соҳа дар ҷойи 62, Туркманистон  дар зинаи 86 ва Қирғизистон дар ҷойи 93 нишастаанд.

Гуфта мешавад, ҳайати шахсии Туркманистон 22 ҳазор буда, солона ба ин соҳа 800 миллион сарф мекунад ва Қирғизистон бошад 11 ҳазор низомӣ дошта харҷи солонааш 20 миллион доллар гуфта мешавад.

Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.

Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониёи Кабир, Туркия, Олмон, дохил шуданд. Дар радабандӣ 137 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.

Баъди артиш дохилшавӣ ба донишгоҳ осонтар мешавад: имтиёзи ММТ ба хизматкардаҳо

Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб  шудаанд.

Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.

Қавию дурпарвоз: силоҳи нави ҳавоии Русия чӣ гуна хоҳад буд

Артиши  Тоҷикистон дар радабандӣ соли 2019 ҷойи 94 ва қабл аз он зинаи 96-умро соҳиб шуда буд.

619
Разбитые армянские гаубицы у дороги в Физули

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

596
(Таҷдидшуда 20:46 14.01.2021)
Сабабҳои асосии шикасти Арманистон дар ҷанг бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ эълон шуданд

Номзади мухолифин ба мансаби сарвазирии Арманистон, Вазген Манукян гуфт, ки чаро ин кишвар дар муноқишаи мусаллаҳона бо Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ пирӯз нашуд.

Яке аз хатогиҳои калидӣ, ба гуфтаи Манукян, амали нодурусти сарвазири кунунии Арманистон Никол Пашинян буд.

Ӯ қайд кард, ки сарвазир дар бораи вазъияти фронт тасаввуроти зиёде надошт. Вай имкон дошт, ки на танҳо муноқишаро пешгирӣ кунад, балки мавқеи асосии худро нигоҳ дорад, гуфт Манукян дар сӯҳбат бо РБК.

Вай натиҷаи муноқишаи солҳои 1992-1994 дар Қарабоғи Кӯҳиро ёдовар шуд.

"Дар солҳои ҷанги якуми Қарабоғ, солҳои 1992-1994, вақте ки мо Озарбойҷонро шикаст додем, ин ба мо кӯмак кард, ки Абулфаз Элчибей сарварӣ кунад. Он гоҳ истилоҳи "инқилоби ранга" вуҷуд надошт, аммо ӯ шахсе буд, ки маҳз ба чунин ақидаҳо пойбанд буд", - гуфт мухолиф.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло "Озарбойҷон аз он истифода кард, ки мо Элчибейи худро дорем".

Манукян аз номувофиқии мансаб ба сарвазири кунунии Арманистон гуфт.

Алиев гуфт, ки кӯшиши вайрон кардани созишномаи Қарабоғ вуҷуд дорад

"Дар пайи "инқилобҳои ранга" асосан одамони қобилиятнок ба қудрат меоянд, ки барои сарварии ҳукумат омода нестанд",- гуфт ӯ ва илова кард, ки Пашинян ҷомеаро ба "гузашта ва ҳозира" тақсим кард.

Амалиёти мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1987 инҷониб авҷ гирифтааст.

Ахиран он 27 сентябри 2020 дубора миёни Арманистону Озарбойҷон сар зад. Маълум нест, ки кадом кишвар аввалин шуда ҷангро оғоз кардааст, аммо давлатҳо бо иттиҳоми тирпарронӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.

Муноқишаи ахир беш аз як моҳ давом кард ва бо дахолати президенти Русия Владимир Путин боздошта шуд.

Тадбири асосии оташбас имзои созишномае буд, ки баргардонидани қаламравҳои ишғолкардаи Арманистон ба Озарбойҷонро пешбинӣ мекунад.

Ин санад шаби 9 ба 10 ноябр имзо шуд ва аз ҳамон лаҳза амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд.

Шартҳои риояи созишномаҳоро посдорони сулҳи Русия назорат мекунанд.

Метр ба метр: чӣ гуна посдорони сулҳи Русия Степанакертро бехатар мекунанд - видео

Онҳо инчунин ба гурезагон кӯмак мерасонанд, корҳои безараргардонии минаро анҷом медиҳанд ва инфрасохтори шаҳрҳои маҳаллиро барқарор мекунанд.

596

Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021

0
Хароҷоти умумии буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 аз 27,6 миллиард сомонӣ зиёд хоҳад шуд. Маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд: аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед
Хароҷоти буҷаи Тоҷикистон дар соли 2021
© Sputnik

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, дар соли 2021 қисми хароҷоти буҷаи давлатӣ нисбат ба соли 2020 6,1% зиёдтар аст.

Манбаъҳои ташаккули буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 андозҳо (18,8 миллиард сомонӣ), даромадҳои ғайриандозӣ (1,39 миллиард сомонӣ), грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ (0,3 миллиард сомонӣ), қарзҳо ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (4,87 миллиард сомонӣ), маблағҳои махсуси муассисаҳои буҷетӣ (2,26 млрд. сомонӣ) ташкил медиҳанд.

Дар соли 2021 ба бахши иҷтимоии иқтисод 13,16 миллиард сомонӣ ва ба бахши воқеии иқтисод 8,38 миллиард сомонӣ равона мешавад.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд

Аз буҷаи давлат барои бахши қудрат ва идоракунии давлатӣ 1,43 миллиард ва барои мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ 2 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, 2 миллиард сомонӣ барои пӯшонидани ӯҳдадориҳои қарзӣ равона хоҳад шуд.

Тибқи гузориши пешниҳодшуда, имсол ба нақша гирифта шудааст, ки қисми зиёди маблағҳо ба соҳаи маориф - 5,59 миллиард сомонӣ равона карда шаванд.

Аз даромад то каср: буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020

Барои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи аҳолӣ 4,1 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад. Қариб ҳамин миқдор маблағ дар Тоҷикистон барои рушди комплекси энергетикӣ ва сӯзишворӣ равона мегардад. Ҳамзамон, касри буҷа 0,5% ё 463 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

0
Барчаспҳо:
буҷа, Тоҷикистон