Сабқати байналмиллалии Калидҳои осмонӣ дар доираи бозиҳои АРМИ-2016

Барномаи мусобиқоти АРМИ-ро дар соли 2017 “вазнинтар” мекунанд

24
(Таҷдидшуда 12:36 08.08.2016)
Ба гуфти сардори нерӯҳои ҳавоии Русия Виктор Бондарев озмуни “Калидҳои осмонӣ” барои омодагӣ ба амалиётҳои ҳарбӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ нақши назаррас доранд.

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Барномаи мусобиқаи "Калидҳои осмонӣ" дар соли 2017 мушкилтар карда мешаванд, изҳор дошт сардори нерӯҳои ҳавоии Русия Виктор Бондарев зимни сӯҳбат ба рӯзноманигорон.

Сабқати байналмиллалии "Калидҳои осмонӣ" барои бори аввал дар майдони "Ашулук"-и вилояти Астрахан аз 31 июл то 7 август дар доираи мусобиқаҳои "АРМИ-2016" баргузор гардид. Дар озмун ҳамагӣ шаш гурӯҳ иштирок карданд. Се гурӯҳ аз Русия ва як гурӯҳӣ аз Чин, Белорус ва Қазоқистон. Ҳамаи онҳо бо истифода аз техикаи истеҳсоли Русия рақобат намуданд.

"Барномаи озмун вазнинтар мешавад. Мо сабқати имсоларо таҳлил карда, дар бораи илова  кардани шартҳои озмун қарор мебарорем, то нишондодҳои гурӯҳҳоро ба хубӣ ҳисоб карда бароем",-гуфт Бондарев.

Дар рафти сабқати имсола ба қавли ӯ иштирокчиён омодагии хуб нишон доданд.

Ба гуфти сардори нерӯҳои ҳавоии Русия Виктор Бондарев озмуни "Калидҳои осмонӣ" барои омодагӣ ба амлиётҳои ҳарбӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ нақши назаррас доранд.

"Офарин ба тамошобинон, ки то майдони Ашулук омада расиданд. Майдон барои баргузории сабқатҳои мазкур хеле қулай аст. Ин майдон тамошобинони бештарро низ метавонад ғунҷонад",-қайд кард Бондарев.

24
Мавзуҳо:
Бозиҳои байналмиллалии АРМИ-2016 (7)