Сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Марзбонони тоҷик қочоқчиёни афғонро аз убури ғайриқонунии сарҳад боздоштанд

23
Гурӯҳи мусаллаҳ иборат аз 4-5 нафар ба сӯи сарҳадбонони тоҷик оташ кушода дар тарафи муқобил паноҳ бурданд. Дар ҷои ҳодиса 5 кило ҳероин ва як адад автомат бо тир ёфт шуд.

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бархӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи хадамоти матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев.

"Шаби рӯзи душанбе гурӯҳи мусаллаҳ иборат аз 4-5 нафар дар нуқтаи сарҳадии ноҳияи Шӯробод кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистонро карданд",-гуфт Улуғхоҷаев.

Ба гуфти ӯ қочоқчиён ба марзбонони тоҷик муқобилият нишон дода аз силоҳи оташфишон тир холӣ кардаанд. Байни марзбонон ва қочоқбарон бархӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Гурӯҳи мусаллаҳ аз торикии шаб истифода бурда дар тарафи муқобил паноҳ бурданд, иттилоъ дод Улуғхоҷаев.

"Дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷои ҳодиса 5 кило ҳероин дарёфт ва мусодира гардида, як автомати дигар бо тирҳояш ёфт шуд",-илова кард сухангӯи мақомот.

Айни ҳол дар ҷои ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ба қавли Улуғхоҷаев ин 17-умин ҳодисаи бархӯрди мусаллаҳона мебошад. Аз аввали сол то ҳоли ҳозир 8 мусаллаҳи ғайриқонунӣ нобуд карда шуданд.

Рӯзи қаблӣ низ гурӯҳи мусаллаҳ кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Тоҷикистонро кард. Қочоқчиён ба сӯи сарҳадбонони тоҷик оташ кушоданд, вале марзбонони тоҷик ба сӯяшон тирҳои ҷавобӣ холӣ карданд.  Аз қочоқбарон 22 кило нашъа дарёфт ва мусодира гардид. Аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳ аз торикии шаб истифода карда дар он сӯи дарё паноҳ бурданд.

23
Барчаспҳо:
як автомат, мусодираи 2 кмло нашъа, задухӯрд бо қочоқчиёни афғон, Сарраёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ, Муҳаммад Улуғхоҷаев, Тоҷикистон
Мавзуъ
Муқовимати қочоқчиёни Афғонистон бо марзбонони тоҷик
Ба марзбонони Тоҷикистон мошинҳои амрикоӣ тӯҳфа карданд
Сафаров: Тоҷикистон ба марзбонони рус ниёз надорад