Танкчиёни тоҷик дар АрМИ-2016: дастаи Русияро ҳаводорӣ мекунем

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкТанкчийни тоҷик дар мусобиқаи АРМИ-2016, Дар пойгоҳи Алабино. Акс аз бойгонӣ
Танкчийни тоҷик дар мусобиқаи АРМИ-2016, Дар пойгоҳи Алабино. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вилояти назди Маскав дуюмин Бозиҳои АРМИ баргузор гардид, ки дар он дастаи Тоҷикистон низ ширкат варзид. Хабарнигори Sputnik Лев Рижков ба Алабино рафта, мусобиқаи низомиро тамошо кард ва бо танкичиёни тоҷик сӯҳбат намуд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Дар машқгоҳи танкӣ дар вилояти назди Маскав-Алабино бозиҳои байналмиллалии низомӣ ба охир мерасанд. Дар мусобиқа 19 кишвари ҷаҳон  иштирок менамояд, ки дар мобайни  онҳо Юнон —давлати аъзои паймонаи НАТО низ ҳаст. Бозиҳо аз рӯи  20 намуди сабқат баргузор шуданд. Ин иштироки аввалин Тоҷикистон дар бозиҳои низомии АРМИ нест.

Хабарнигори Sputnik Лев Рижков ба Алабино рафта, ҷашнвораи низомиро тамошо намуд ва бо танкчиёни тоҷик сӯҳбат кард.

Бо шамолак

Ба муаллифи ин сатрҳо имконият дод, ки ҳам дар чорабиниҳои оммавӣ ширкат варзад ва ҳам ба  майдони низомӣ равад. Бояд гуфт, фасли тобистон Алабиноро на чун пойгаҳи низомӣ нишон медиҳад.

Дар хиёбонҳои бо рамзҳои ҷашнвора орододашуда, ҷуфти оиладорон бо фарзандонашон бовиқорона роҳ мегаштанд. Дар ким куҷое гурӯҳе аз кӯдакони аз волидонашон ҷудомонда фарёд мекарданд, ки лаҳзае аз волидайни худ дур монда буданд. Аммо онҳо таҳти назорати ҳушёронаи ризокорон буданд.

Зимнан, маълум аст, ки ба минтақаи низомӣ ба осонӣ рафтан ғайри имкон аст. Ҳамаи роҳҳо ба он ҷо маҳкам карда шудаанд ва ҳаракат танҳо ба нақлиёти Вазорати мудофиа кушода аст. Ин тавр бошад, ба он ҷо одамони оддӣ чӣ гуна роҳ ёфтаанд?

Ана ин хел: масалан журналистонро ҳар пагоҳ аз назди бинои Вазорати мудофиа дар маркази Маскав бо автобуси махсус мебаранд.Шаҳрвандони оддӣ бошанд ба он ҷо бо дигари роҳ меоянд. Дар роҳҳои оҳани Голитсино ва Селятино автобусҳои махсуси ройгон хизмат мерасонанд. Меҳмонони ҷашнвораро ба масофаи 6 ё 7 км то вурудгоҳи асосии қисми ҳарбӣ мебаранд. Пас аз он лаҳзаҳои ҷолибтар сар мешавад. Пешдарои бо пикапаҳо(автомобили сабукрви боркашони кушода) оғоз мегардад. Вақте ки ба даромадгоҳ расидед, шуморо дар он ҷо пикапи яраққоси сабз интизор аст. "Савор шавед!"- мегӯяд ронанда.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои байналмиллалии АРМИ-2016 - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ” иштирок мекунад

Ана ҳамин, хонандагони гиромӣ, дар ҳақиқат эҳсоси эстримӣ дорад. Хубиаш ин ки роҳ бидуни чуқурӣ буд. Пикап мулоим мерафт. Ана ҳаминаш камтар ташвишовар буд. Гӯё, ки дар Русия неву дар дигар ҷо бошӣ, ки ягон чуқурӣ надорад. Мо ҳаракати хешро тезтар намудем. Эҳ, вақте ки аз зери поямон чуқуриҳо бароянд, чӣ гуна меҷаҳида бошем?! Ронанда худро тамоман ором нигоҳ медошт. Мо фаҳмидем, ки расидем. Дар ҳақиқат бе ягон ҷуқурӣ ба манзил расидем. Дар умум, ин сафари мо аз "горкаи амрикоӣ" кам набуд. Фақат ки ройгон. Дар охири роҳ, ронанда ҳам бо табассум гуфт- "Сайр, ба шумо маъқул шуд?".

Сулҳ дар тамоми ҷаҳон

Дар машқгоҳ бошад, чи хеле ки пештар гуфта будам, фазои ҷашни кӯдакона ҳукмфармо буд. Албатта, Диснейленд неву ҷое, ки сайргоҳи оммавии тобистона бошад, масалан ба боғи Каломенск- хело монанд аст. Хаймаҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ оро дода шудаанд, яхмос, кулчақанд ва дигар шириниҳо, мефурӯшанд, ки кӯдакон харидани онро бисёр хоҳиш мекунанд. Аммо на ҳар як волидайн тайёр аст, ки 700 рублро сарф кунад.

Пас аз даври аввали "Биатлони танкӣ" бошад, дар яке аз хиёбони Алабино мусобиқаи "ошхонаи машқгоҳ" оғоз шуд. Дар шароити пойгоҳ ошхонаи русӣ, қазоқӣ, муғулӣ, чинӣ, ҳатто анголӣ ҳам пешниҳод шуда буданд. Аз ҳама машҳураш, ба фикри ман, ошхонаи чинӣ буд.

Худи муаллифи ин сатрҳо бошад, аз хӯроки анголӣ ошомид. Дар табақи пластикӣ ба ман чизеро, ки рангаш сурхи баланд буд, кашида доданд, ки ба он нахҳои чизеро бо ранги сабз илова карда буданд, фикр мекунам, ки чизе аз обгиёҳҳо буданд.
Чӣ ном доштани хӯрокро ман нафаҳмидам, маззааш бошад махсус тез будааст. Мувофиқи фоли қадима, ҳангоми барои бори аввал чашидани хӯрок бояд хоҳиши дилатро гӯӣ. Хулоса, ҳамаи инро хӯрдан барои "Сулҳ дар тамоми ҷаҳон " камтар мушкилӣ мекард, аммо тавонистам. Дар куҷо ҳам мешуд, ик барои сулҳ орзу кунӣ, чун на дар пойгоҳи низомӣ?

Дар як вақт тамоми тамошобинон- ҳам кӯдакон, волидон, ҷуфтҳои ҷавон ва низомиёни хориҷӣ ҳама бо як тамоюли аҷиб ба саҳна наздик шуданд. Баъд аз ин гӯё, ки дар рок-консерт бошӣ, садои баланд баромад. Яке аз танкҳо шилиққос баровард. Аммо бояд гӯям, ки дар рок консертҳо садо баландтар мебарояд.

Дастаи Русияро ҳаводорӣ мекунем

Якҷоя бо ҳамкори хадамоти матбуотии Вазорати мудофиа мо пайи ҷустуҷӯи дастаи Тоҷикистон гардидем. Агар росташро гӯям, хело дер ҷустуҷӯ кардем. Кристина- номаш чунин буд, ки маро ба назди танкчиёни ба мо лозим мебурд. Роҳ наздик ҳам набуд, Кристина бошад бо пойафзоли баланд роҳ мегашт. Аммо ӯ фидокорона ва бе ягон шикоят роҳ мегашт. Дараҷаи ҳаво +36.

"Биёед, ман онҳоро худам меёбам", — таклиф намудам ман. "Не, не, монед, кори ман ҳамин. Ба Шумо кӯмак расондан!- ҷавоб дод, Кристина.

“АРМИ-2015”: танкчиёни тоҷик дар биатлон дар мақоми севвум ҳастанд

Мо як минбарро тай намудем. Танкчиёни тоҷикистониро дарёфт накардем, ба тарафи дигар рафтем, масофаи байнашон қариб як километр буд. Дар он ҷо ҳам дарёфт накардем. "Пас, онҳо дар якум минбаранд!"- ба хулоса омад, Кристина ва ба ақиб гашт- дар сароби ҷӯшони тобистона, ки аз он ҷо мо худи ҳозир омадем, мо ҳарросзанон ба минбари салқин ворид шудем.

Кам ё беш, аммо кофтукови мо бо муваффақият анҷом ёфт. Танкчиёни тоҷик дарминбари аввал ёфт шуданд. "Шуморо, рӯзона бо алов ёфта намешавад"- гуфтам, ман. "Мо ҳунари пинҳон шудан дорем"- табассум кард, ронанда Фарход Ҷалолов.

Бачаҳое, ки ман бо онҳо муошират намудам- экипажи дуввум буданд, ки ду рӯз пеш дар мусобиқа танкронӣ карданд. Умуман, хуб бозӣ карданд, дар қатори шаш даста, ҷойи чорумро гирифтанд.

Аз вохӯрии қаблӣ, дар маркази матбуотӣ ба ман гуфта буданд, ки дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби умумӣ (ҳамон вақт) аз байни нуздаҳ даста дар ҷои шонздаҳум қарор доштанд. дувоздаҳумро мегирад. Аммо ғамгин шудан лозим нест. Зеро, кишварҳои Зимбабве ва Юнон, ки аъзои паймонаи НАТО мебошанд дар ақиб монданд. Ин метавонад хурсанд кунад. Дар баробари ин натиҷаи ҳисоби умумӣ аз ҳамаи мусобиқаҳои шудагузашта гирифта мешавад, ки дар он даста иштирок карда бошад. Барои ҳамин агар Русия дар 23 мусобиқа иштирок карда бошад, Қазоқистон дар 21, аз ин мебарояд, ки ҳисоби онҳо болотар мешавад.

"Мо дар Тоҷикистони танкҳои худамонро тезтар меронем, натиҷаҳои беҳтаринро нишон медиҳем",- мегӯяд нишонгир Насриддин Мирзоев. "Барои чӣ ин хел?" "Мо дар Т-72 савор мешавем, ки пешина аст. Ин ҷо бошад- мошинҳо нав ва замонавианд.

Мо баъзеи қисмҳои онро ҳоло намефаҳмем, электроникаи зиёд дорад. Ба мо мефаҳмонанд, албатта. Мо ба хотир мегирем. Ин муҳим аст.

"Ҷавонон аввалин маротиба ба Маскав омадаанд, аллакай аз боғи ВДНХ дидан намуданд, хело мутаассир гаштанд. "Воробьёвые горы" низ ба онҳо писанд омадааст. Мегӯянд: "Бо хушнудӣ бори дигар ба ин ҷо меоем!"
"Ҳавои Маскавро чӣ гуна дарёфтед?"- пурсидам, арақҳои ҷабинамро поккунон. "Салқинак", табассум мекард фармондеҳи танк Сироҷиддин Ҷумаев. — Аммо, вақти ба танк савор шудан, ба гармӣ дучор мешавӣ.

Дар охири сӯҳбат пурсон шудам: "Ғайр аз худиҳо, киро ҳаводорӣ мекунед?" Танкчиён табассумкунон ҷавоб доданд: "Барои Русия, албатта! Русия- дӯсти мо ва мамлакати бузург аст!"

Танчиёни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баромади худро дар "Биатлони танкии 2016" ба даври ниҳоӣ расида натавониста, ба хотима расониданд.

Меҳмонон ва танкчиён
Ҷойи таассуф аст, ки дастаи Тоҷикистон дар биатлони танкӣ натиҷаҳои хуб нишон надод. Аммо дастаи Ҳиндустон, ки бори аввал дар мусобиқаи АРМИ-ширкат мекунад, тавонист натиҷаҳои хуб ба даст орад.

Дастаи Белорус ба Бозиҳои низомӣ навгонии худ, Т-72-ро овард, ки ба таври махсус омода шуда буд. Чиниҳо низ бо танки худ баромад намуданд. Ба гуфте, низомиёни чинӣ ду баробар аз гуфтаашон зиёд омаданд. Шояд нишони рағбати зиёд доштан ба ҳамкории низомӣ бо ҳамсоякишварҳо бошад.

Лентаи хабарҳо
0