ВКД: тӯҳфа ва маблағи пулӣ барои хабари фаврӣ

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкТелефони мобилӣ. Акс аз бойгонӣ
Телефони мобилӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи ирсолкунанда кафолат дода мешавад.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Хабарнигори фаврӣ" эълон кардааст.

Шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

"Хабарнигори фаврӣ" метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Viber,WhatsApp, IMO, Telegrams, WeChat бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj@mail.ru  истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд",-омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуоти ВКД ҶТ.

Смартфон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД ҶТ баъди 221-21-21 рақами нави тамосро ба роҳ монд: 19-19

Шаҳрвандон метавонанд маводҳои худро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. Махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи ирсолкунандаи хабар кафолат дода мешавад.

Беҳтарин навор ё хабари фаврӣ аз ҷониби комиссияи махсу бо маблағи пулӣ ва мукофот қадрдонӣ карда мешавад.

"Хабарнигори фаврӣ" ҳангоми пешниҳоди навори беҳтарин аз тарафи комиссияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳодиҳӣ шуда, бо тӯҳфаҳои қимматнок ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешавад. Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҷамъбасти семоҳа навори беҳтарин ирсол кардаанд, новобаста аз тӯҳфаи гирифтаашон дар озмунҳои пештара, аз нав қадрдонӣ карда мешаванд",-гуфта мешавад дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0