Сарҳадчиён. Акс аз бойгонӣ

Сарҳади Тоҷикистону Афғонистон: зудухӯрди мусаллаҳона ва мусодираи ҳероин

48
(Таҷдидшуда 18:30 24.10.2016)
Дар натиҷаи задухӯрд, дар ҷойи ҳодиса 15 кг маводи мухаддири нашаровар мусодира гардид

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik.Сарҳадчиёни тоҷик кӯшиши навбати қочоқчиёни афғонро дар робита бо ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудани маводи мухаддир  пешгирӣ намуданд, хабар медиҳад котиби матбуоти идораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар.

Дар ҷои ҳодиса 15 кг маводи мухаддир мусодира гардид.

"Гурӯҳи номаълуми масаллаҳ  ҳангоми  дар ноҳияи Панҷ ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатӣ ба муқовимати шадиди сарҳадбонон дучор гардиданд, ки дар натиҷа оташфишонӣ ба амал омад. Ҷинояткорон  тавонистанд, ки дар ҳудуди ҳамшафат паноҳ баранд",- мегӯяд котиб.

Пештар хабар дода шуд, ки дар тайи 9 моҳ,  дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 22 ҳодисаи задухӯрди масуллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷа 12 ҷинояткор безарар гардонида шуда, 6 нафар ҷароҳат бардоштанд ва 15 нафар дастгир шуданд. Дар умум 803 кг маводи махуддир мусодира гардид, ки 16,8 килограми он маводи сахттаъсири ҳероин мебошад.

48
Барчаспҳо:
задухӯрди мусаллаҳона, мусодира, маводи мухаддир, Сарҳадчиён, Тоҷикистон