Дональд Трамп. Акс аз бойгонӣ

Як миллион доллар: нархи ҳифзи Трамп ва оилааш дар як рӯз

165
(Таҷдидшуда 17:53 22.11.2016)
Зимни ба Кохи сафед кӯчидани Трамп хароҷот кам нахоҳад шуд. Зани ӯ Меланя ва писари 10-солааш Бэррон то охири соли хониш дар қасри Trump Tower зиндагӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Ҳукумати Ню-Йорк барои амнияти Трамп ва оилааш дар як рӯз зиёда аз 1 миллион доллари амрикоӣ ҷудо менамояд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи  CNN.

Чуноне шабакаи телевизионӣ қайд менамояд хароҷот то кӯчидани Трамп ва оилааш ба Қасри сафед кам нахоҳад шуд, чунки ҳамсари ӯ бо писари 10-солааш то охири соли хониш дар хонаи худ Trump Tower, ки дар ноҳияи Манхэттени Ню-Йорк ҷойгир шудааст, ба сар хоҳанд бурд. Доналд Трамп изҳор дошт, ки зуд зуд аз аҳволашон хабар мегирад.

Ба ин миқдор хароҷоти пулисҳо, ки фарзандони бузурги Трамп ва набераҳояшро,  муҳофизат мекунанд,  дохил мешавад, хабар дод намояндаи пулиси Ню-Йорк Ҷон Миллер ба шабакаи  WCBS.

Чуноне раиси шаҳри Ню-Йорк Билл Де Блазио изҳор дошт, барои нигоҳдории амнияти президент ба шаҳр маблағгузорӣ лозим аст. Ба қавли ӯ дар ояндаи наздик мақомоти шаҳрӣ ба ҳукумати федералӣ барои ҷуброни хароҷоти пулис муроҷиат мекунад.

Шабакаи телевизионии  CNN қайд менамояд, ки амнияти президенти навинтихобро  Хадамоти мафхӣ бар ӯҳда дорад. Ҳифзи президенти нав барои ҳукумати шаҳри Ню-Йорк вазнин аст, зеро ӯ дар маркази яке аз серодамтарин шаҳри дунё ба сар мебарад.

"Мо бо чунин вазъият, чун будубоши мунтазами президент дар Ню-Йорк қаблан рӯ ба рӯ нашуда будем",-гуфт раиси шаҳр. Ба гуфти ӯ мақомоти шаҳрдорӣ қаблан низ барои ҳифзи роҳбарони ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ҷуброн мегирифтанд. Ҳамин тавр санаи 30-юми июн мақомоти шаҳрдорӣ барои пӯшидани хароҷот  26 миллион доллар дар як сол гирифта буд, ки ба 500 ҳазор доллар дар як ҳафта рост меояд. Мири шаҳр қайд кард, ки аз ин ва баъд амниятро пурзӯр хоҳанд кард.

Дар ИМА санаи 8-уми ноябри соли равон интихоботи президентӣ гузаронида шуд. Ғолиби интихобот номзади ҳизби ҷумҳурихоҷон Доналд Трамп гардид.

165
Барчаспҳо:
1 миллион доллар, 1 рӯз, ҳифзи президент, амният, Доналд Трамп, Ню-Йорк, Амрико
Мавзуъ
Коршинос: Трамп дар бораи Тоҷикистон ва Узбакистон дониши "базавӣ" дорад
Поисковая экспедиция на месте где были бои во время Великой Отечественной войны 1941-45 годов, архивное фото

Ҷасади Раҷабов, куҳансарбози тоҷик, дар Калининград ёфт шуд: кӣ мешиносад?-видео

1121
(Таҷдидшуда 15:51 09.07.2020)
Ҷасади боз як сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Зеленоград пайдо карда шуд, ки ба гуфтаи ҷустуҷӯгарон аз Тоҷикистон мебошад

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Гуруҳҳои ҷустуҷӯии "Совест" дар минтақаҳое, ки ҳангоми амалиёти Пруссияи шарқӣ задухӯрдҳо сурат гирифтаанд, кор карда,  дар ноҳияи Зеленоград ҷасади боз як сарбози ҶБВ-ро пайдо намуданд, хабар дод шабакаи телевизионии  "Вести-Калининград".

Муайян шудааст, ки сарбози ҳалокгардида Каримҷон Раҷабов аз Тоҷикистон будааст.

Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?

“Раҷабов зодаи Тоҷикистон мебошад. Феълан ба макони таваллуд ва даъваташ дархостҳо равон карда шудаанд. Умедворем, ки наздиконаш пайдо шаванду мо тавонем мукофоти ҷангияшро ба онҳо супорем. Шояд онҳо бихоҳанд, ки боқимондаҳо дар ватан ба хок супорида шаванд”, - изҳор дошт Руслан Хисамов, роҳбари гуруҳи ҷустуҷӯӣ дар гузориши телевизионӣ.

Қаблан дар ин минтақа ҷасади 7 сарбозеро пайдо карданд, ки аз пораҳои гулӯлаҳои  артиллерӣ ба ҳалокат расидаанд.

1121
Барчаспҳо:
сарбоз, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Тоҷикистон
Пистолет

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

1228
(Таҷдидшуда 21:30 19.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.

ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

1228
Барчаспҳо:
қочоқи нафт, силоҳ, Тоҷикистон

Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

0
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
  • Новая эстакада в Душанбе
Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид

Эстакада дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гардидааст

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт эстакадаи навро ифтитоҳ карданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад.

Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

Эстакадаи нав дар Душанбе ифтитоҳ ёфт: Раҳмон лентаашро бурид - аксҳо

Ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид.

0
  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи иншоот бо таъкид гуфт ин роҳҳо бояд солҳои дароз ба мардум хизмат расонанд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ муосиртарин техникаи соҳавӣ ҷалб гардида буд ва назорати сифати корҳои бунёдӣ аз ҷониби коршиносони байналмилаливу дохилӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ мегардид

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар доираи корҳои сохтмонӣ навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус амалӣ карда шудаанд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад.

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар доираи лоиҳа корҳои азнавсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа раисҷумҳур ва раиси шаҳри Душанбе иштирок доштанд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Қаблан низ қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи 82-юми пойтахт низ чунин як эстакада ифтитоҳ шуда буд

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев

    Сохтмони ин эстакада 22 июли соли 2016 оғоз гардида буд.

  • Новая эстакада в Душанбе
    © Sputnik / Амир Исаев


    Иншоот дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд дар рӯзҳои таҷлил аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ шуда буд.